Дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон масдуд шуд

Ба гузориши Тоҷик Пресс, Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба ҷустуҷӯгари Гуглу Яндекс, шабакаҳои Фейсбук, Ютуб, Одноклассники ва Инстаграм дастнорас шудааст.

Сокинон мегӯянд, ин вазъият аз рӯзи 20-и май ба ин сӯ ҳукмфармост. Онҳо шикоят доранд, ки боз кардани сомонаҳо ба воситаи VPN ё филтршиканҳо низ ба осонӣ даст намедиҳад.

Слкинони Душунбе дар ин бора гуфтанд: “Суръати интернет дар ду рӯзи охир ба ҳадде суст шудааст, ки баъзе саҳифаҳоро ба сахтӣ мекушояд ё аслан боз намекунад. Одамро асабӣ мекунад”.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 21-и май бо такя ба ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистон навишт, “дастрасӣ ба сомонаҳо бо қарори мақомот” дар саросари кишвар масдуд шудааст.

Вале мақомот ҳамагуна сайтбандиро рад мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, сомонаҳои хабарии “Радои Озодӣ”, “Азия-Плюс” ва “Ахбор” чанд муддат боз дар Тоҷикистон дастнорасанд. Мақомот далели чунин иқдоми худро шарҳ надодаанд.

Дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баъди ошӯби шаби 19-и май дар зиндони шаҳри Ваҳдат сурат гирифт, ки дар ҷараёни он 29 маҳбус ва 3 маъмури зиндон кушта шуданд.

Дар охири моҳи апрели имсол низ шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, Твиттер, Ютуб, Вотсапп, Вайбер ва Телеграмм дар Тоҷикистон баста буд. Чанде аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки дастрасии сокинон ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро таъмин кунад.

Дар ҳамин ҳол муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев гуфт: “Шояд мушкили техникӣ аз берун аст”. Ҷавобе, ки бисёриҳо онро “хандаовар” номиданд ва дурустиашро зери суол бурданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад