Эълони замони оғози парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон

Ба нақл аз манобеи хабарӣ, Абдурризо Муҳаммадӣ, масъули намояндагии Сафорати Тоҷикистон дар Машҳад эълон намудааст, ки парвози Машҳад – Душанберо ширкати ҳавопаймоии эронии “Вореш” анҷом медиҳад. Қарор аст, парвозҳо 6 –уми июни соли равон оғоз гарданд.

Арзиши билети рафту баргашти парвози масири ҳавоии Машҳад-Душанбе ҳудуди 2500 сомонӣ (250$) ва масири яктарафа, ҳудудан 1700 сомонӣ ё 170$ долларро ташкил медиҳад.

Абдурризо Муҳаммадӣ таъйид кард, ки муҷаввизи парвози ҳавоӣ аз сӯи Эрон ва Тоҷикистон содир шудааст. Ҳамчунин ҷонибҳои Тоҷикистон ва Эрон иҷозаи фуруши билетро низ содир кардаанд. Дафтари фурӯши билетҳо дар Машҳад, воқеъ дар хиёбони Дастғайби 4 ва 6 аст. Дафтари фурӯши билетҳо дар Душанбе дар хиёбони Лоҳутӣ, воқеъ дар маркази тиҷории “Ашан” аст.

Қаблан ду ширкати эронӣ ва тоҷикистонӣ дар масирҳои Душанбе-Теҳрон ва баръакс ва Машҳад-Душанбе ва баръакс парвоз анҷом медоданд. Парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” беш аз панҷ моҳ аст, ки дар масири Душанбе – Теҳрон қатъ шудааст.

Қаблан ширкати эронии “Осмон Эйр” низ аз Машҳад ба Душанбе парвоз анҷом медод, ки аз ҳудуди 8 моҳи пеш ин парвозҳо қатъ шудаанд. Охирин парвози ширкати “Осмон Эйр” дар торихи 20 –уми сентябри соли 2018 анҷом шуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад