Ситоиши муфтии Русия аз талошҳои раҳбари ҶИЭ барои истиқрори адолату сулҳ

Раиси Идораи умури динии мусулмонони Русия гуфт, даъвати Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ба маънавияту арзишҳои ахлоқии ҷаҳонӣ, идомабахши суннатҳои мусулмонон дар ҷиҳати истиқрори адолату таҳкими сулҳ аст.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Идораи умури динии мусулмонони Русия, муфтӣ шайх Равил Ғайнуддин, раиси Идораи умури динии мусулмонони Русия гуфт, тамоми фаъолиятҳову талошҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон барои иттиҳоди уммати ҷаҳонӣ, маътуф ба таҳаққуқи фармонҳои холиқи мутаол аст.

Ғайнуддин аз ҷониби Шӯрои муфтиён, уммати 25 миллионнафарии Русия ва низ аз ҷониби Идораи динии мусулмонони Русия хитоб ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон афзуд: Шумо як шахсияти мусулмони мавриди эҳтирому саршинос ва раҳбари маънавии мардуми Эрон ҳастед. Мардуме ки вориси таърихе пурбору намояндаи бахши муҳиму таъсиргузоре дар ҷаҳони Ислом ҳастанд.

Раиси Идораи умури динии мусулмонони Русия ибрози умедворӣ кард, талошҳои шоиставу худописандонаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ростои дини мубораки Ислом ва манофеи мусулмонон заминасози сулҳи ҷаҳонӣ ва эҳқоқи ҳаққи ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла миллатҳои мусулмон шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад