1000 нафар аз як идораи муҳими Тоҷикистон ба далили кам будани музд аз кор рафтаанд

Ҳазор нафар аз кормандони яке идораҳои муҳими давлатии Тоҷикистон дар муддати камтар аз ним сол аз кор рафтаанд.

Ҳазор нафар аз кормандони яке идораҳои муҳими давлатии Тоҷикистон дар муддати камтар аз ним сол аз кор рафтаанд.

Ба ибораи дигар, рӯзона то 6 корманди ин идора ночор ва ё маҷбурӣ кори худро гузошта, барои кор ба ҷойи дигаре рафтаанд, ё аз пайи касби дигаре шудаанд.

“Садои мардум”, нашрияи расмии порлумони Тоҷикистон бо нашри гузорише дар бораи аҳволи кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон гуфтааст: “Тайи панҷ моҳи охир охир аз идораҳои беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд 1000 нафар аз кор рафтаанд, ки бештари онҳо ҷавонони соҳибмаълумот буданд.”

Сабаб ба навиштаи нашрия, кам будани музди кормандони ин идорае аст, ки сарнавишти миллионҳо нафару даҳҳо ҳазор гектар заминҳои кишту боғзорҳо дар дасти онҳост. Азбаски Тоҷикистон як кишвари умдатан кишоварзист, идораи обёрӣ ва беҳдошти замин яке аз идораҳои ҳаётӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад.

“Садои мардум” бо такя ба гуфтаҳои Абдуллоҷон Солиев, яке аз мутахассисони куҳансоли соҳа навиштааст, ки музди баъзе аз кормандон ҳамагӣ 500 ё 600 сомонӣ ё камтар аз 50 доллари амрикоист, ки дар зиндагӣ ба чизе намерасад.

Гузориши “Садои мардум” танҳо дар бораи аз кор рафтани мутахассисону кормандони идораи агентии обёрӣ ва беҳдошти замин дар вилояти Суғд аст, ки аз вилоятҳои пешрафтаву сарватмандтари кишвар ба ҳисоб меравад. Маълум нест, аҳвол дар идораҳои вилоятии дигар ба мисли Хатлон ва ё ноҳияҳои тобеи марказ чӣ гуна аст.

Дар Агентии обёрӣ ва беҳдошти замини Тоҷикистон мегӯянд, то рӯзи 1-уми апрели имсол теъдоди кормандони соҳа тақрибан 6 ҳазор нафар буд ва музди миёнаи кормандон 780 сомониро ташкил медиҳад.

Яке дигар аз сабабҳои тарки кор кардани мутахассисон, вазъи молии Агентии обёрӣ ва беҳдошти замин будааст, ки наметавонад, ҳаққи кори худро аз истифодабарандагони об бигирад. Қарзи мардум ва бахусус муассисаву ширкатҳои давлатӣ аз ин идора то 1-уми апрели имсол аз 185 миллион сомонӣ ҳам гузаштааст ва айни замон агентӣ аз ширкати “Барқи тоҷик” аз 95 миллион сомонӣ ҳам гузаштааст.

Агентии обёрӣ ва беҳдошти замин ду ҳафта пештар дар ҷаласаи семоҳаи хеш дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои кори худро баррасӣ кардааст ва дар он пешниҳод шудааст, ки барои беҳтар кардани вазъи молӣ ва иқтимоии соҳа тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Тарки ҷойи кор кардани мутахассисон аз идораҳои давлатии Тоҷикистон танҳо хоси, Агентии обёрӣ ва беҳдошти замин нест ва айни аҳвол дар идораҳои давлатии дигар дида мешавад.

Дар гузашта, идораҳои маориф ва тандурустӣ ҳам шикоят кардаанд, ба сабаби музди ночиз даста-даста аз муаллимону табибон ва ё парасторон корро тарк карда, ночор барои ба даст овардани музди беҳтар ба Русия мераванд, дар пешрафти он кишвар саҳм мегузоранд. Соли 2022 танҳо аз вилояти Хатлон беш аз ду ҳазор омӯзгор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад