Нотаи эътирозӣ ба сафири Русия оиди поймул шудани ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик

Дар нимаи аввали рӯзи 29 апрели соли 2024 ба сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ёддошт, ё нотаи эътирозии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “бо изҳори нигаронии ҷиддӣ вобаста ба муносибати дағалона нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ки ба таври оммавӣ, ки дар Федератсияи Русия сурат мегирад”, супорида шуд.

“ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.

Матни нотаи эътирозии вазорати хориҷа ба сафири Русияро бархе расонаҳои давлатӣ нашр карданд, вале то шоми 29 апрел матни он ҳанӯз дар сомонаи расмии худи вазорат ва ҳам дар сомонаи “Ховар”, хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон нашр нашуда буд.

Нотаи эътирозӣ баёнгари идомаи танишҳоест, ки инак, чанд рӯз боз дар равобити байни Душанбе ва Маскав шиддат гирифтаанд.

Самадӣ гуфт, “дар байни шаҳрвандони дармонда донишҷӯёни тоҷике ҳам ҳастанд, ки тибқи квотаҳои ҳукумати Русия дар қаламрави он кишвар таҳсил мекунанд”.

Ба ҳисоби вазорат, баъди интизориҳои чандинсоата аз миёни шаҳрвандони тоҷики дар Внуково дармонда ба 322 нафар иҷозати вуруд ба қаламрави Русия додаанд.

“Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомоти Русия қасд доранд, ки 306 нафарро ба “рӯйхатти ихроҷшавандагон” шомил кунанд. Шумори шаҳрвандони алакай ихроҷшуда ба 27 нафар расидааст. Чунин чораҳои маҳдудкунанда истисноан нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудаанд”, – таъкид шудааст дар посухи вазорат.

Шоҳин Самадӣ гуфтааст, ки вазъ дар фурудгоҳҳои дигари пойтахти Русия: Жуковский, Домодедово ва Шереметево низ мураккаб буда, даҳҳо шаҳрванди дар ин фурудгоҳҳо дармондаи Тоҷикистон низ дар шароити хеле номуносиб қарор доранд. – хабар додааст намояндаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шоми 27 апрели соли 2024 бо нашри як тавсияи таъҷилӣ аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ки муваққатан аз сафарҳои “бе зарурат”  ба Русия тавассути ҳама гуна воситаҳои нақлиёт худдорӣ кунанд.

«Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақаттан худдорӣ намоянд», – гуфта мешавад дар баёнияи кӯтоҳи идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар таърихи равобити дипломатии Тоҷикистону Русия ин бори аввал аст, ки Душанбе дар робита ба шароити шаҳрвандонаш нисбат ба Маскав чунин бархӯрди шадид нишон медиҳад.

Аз ин қабл, рӯзи 26 апрели соли 2024 сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карданд. Бино ба иттилои вазорат, дар суҳбат бо сафири Русия “мушкилиҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт” ва “ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуд”.

Ин тавсияи бесобиқа ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо дархости худдорӣ аз сафарҳои “безарурат”  ба Русия ва он ҳам “тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт”   дар пайи гузоришҳои расида дар бораи алакай чанд шабонарӯз боз дармондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон ва ҳамчунин дар дастикам фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав буд.  Шаҳрвандони тоҷик мегӯянд, танҳо тоҷикҳоро бидуни тафтиши мӯшикофона ба қаламрави Русия роҳ надода истодаанд. Ба гуфтаи онҳо, пеш аз убури марз аз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳатто телефонашро гирифта, дарунашро мекобанд, ки оё соҳибаш ба сомонаҳову каналҳои ифротӣ низ сар зада, барномаҳову мавъизаҳои гуруҳҳои ифротиро тамошо ё гӯш мекард ё не?

Вазорати корҳои хориҷии Русия шоми 27 апрели соли 2024 дар гузаргоҳҳои марзии Русия муддати тӯлонӣ маътал шудани шаҳрвандони хориҷиро бо “чораҳои пешгирӣ аз терроризм” алоқаманд кард. Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия гуфт: “Дар чорчӯби фаъол сохтани чораҳо ҷиҳати пешгирӣ аз терроризм мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия қатъиян дар чорчӯби қонунгузорӣ ба тафтиши мӯшикофонатари шаҳрвандони хориҷие, ки ба қаламрави кишвари мо медароянд, пардохтаанд. Ба ин сабаб дар гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла дар бархе фурудгоҳҳо, ҳангоми гузаштани тафтиши шиносномаҳо одамон маътал мешаванд.  Ҷониби Русия барои ҳарчӣ зудтар ҳал кардани ин вазъи пешомада чораҳои кофӣ андешида истодааст. Умедвори ҳусни тафоҳум дар ин масъала ҳастем”.

Захарова таъкид кард, ки “чунин иқдомот табиати муваққатӣ дошта, сарфи назар аз миллияти шахсоне, ки вориди кишвар мешаванд, сурат мегиранд”.

Ӯ афзуд, ки дар айни замон ягон тағйиру илова дар рӯйхатти сабабҳое, ки метавонанд боиси ба марзи Русия роҳ надодани шаҳрвандони хориҷӣ шаванд, изофа нашудааст ва хориҷиён дар сурати доштани ҳама ҳуҷҷатҳои лозим ба Русия роҳ дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, 22 марти соли 2024 чор нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, пойтахти Русия ҳамла карда, мардумро тирборон карданд. Дар натиҷаи тирборон ва сӯхтори баъдӣ 144 кас кушта шуд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла то имрӯз дастикам 18 нафар дастгир шудаанд, ки 16 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, мутаассифона, аз Тоҷикистонанд.

11 нафари онҳо (10 зодаи Тоҷикистон ва як зодаи Қирғизистон) билофосила як рӯз баъди ҳамла дар шаҳру вилояти Маскав ба даст афтода, се нафари дигар (як сокини Доғистон ва ду зодаи Тоҷикистон) дар поёни моҳи март дар Доғистон дастгир шуданд. Дар аввали моҳи апрел ФСБ хабар дод, ки дар шаҳрҳои Маскав, Екатеринбург ва Омск боз 3 зодаи Осиёи Марказиро, ки якеаш шаҳрвандии Русияро дорад, бо гумони кумак ва ҳамдастӣ дар ҳамлаи  Красногорск дастгир кардаанд. Бархе расонаҳои Русия хабар доданд, ки ин се нафар низ аз Тоҷикистонанд.

То имрӯз исми 13 нафар аз дастгиршудагон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” маълум шудааст:

Афроди муттаҳам ба анҷоми ҳамла:

  1. Фаридуни Шамсиддин, саркардаи эҳтимолии ҳамлагарон, зодаи деҳаи Лойоб дар канори шаҳри Ҳисор
  2. Саидакрами Раҷабализода, зодаи шаҳри Ваҳдат
  3. Далерҷон Мирзоев, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ
  4. Муҳаммадсобир Файзов, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ

Афроид муттаҳам ба кумак ба ҳамлагарон:

  1. Алишев Қосимов, зодаи шаҳри шаҳри Ӯши Қирғизистон, шаҳрванди Русия, Фаридуни Шамсиддин дар Красногорск хонаи ӯро иҷора гирифта буд.
  2. Исроил Исломов, падар
  3. Аминджон Исломв, писари калонӣ
  4. Диловар Исломов, писари хурдӣ. Соҳиби қаблии мошини рангаш сафеди тамғаи “Рено”, ки дар ҳамла истифода шуд. Исломовҳо худро бегуноҳ мешуморанд. Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфта буд, ки Исломовҳо ҳамлагаронро нафақат бо мошину манзил таъмин кардаанд, балки барои онҳо пул ҳам интиқол додаанд.
  5. Лутфуллои Назримад, зодаи шаҳри Душанбе. Дар як ҳостел дар назди истгоҳи метрои “Шёлковская” зиндагӣ мекард. Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар “Крокус” дар шоми ҳамла дастгир шуд. Мисли Юсуфзода, ӯро ҳам дар аввал барои саркашӣ аз иҷрои амри пулис 15 шабонарӯз ҳабс карда, баъдан ба зиддаш бо иттиҳоми терроризм парванда кушоданд.
  6. Яъқубҷони Давлатхони Юсуфзода, зодаи Ҳисор. Тафтишот бар ин аст, ки ӯ ғайриқонунӣ дар сохтмон кор мекард ва чанд рӯз қабл аз ҳамла аз корти бонкиаш ба яке аз ҳамлагарон барои пули иҷораи хонаашон пул гузаронда, баъди анҷоми ҳамла низ ба яке аз ҳамлагарон як миқдори дигар пул гузарондааст. Ӯро дар ҷараёни амалиёти “Нелегал” дастгир кардаанд.
  7. Шарифзода Муҳаммад Зоир. Дар бораи чӣ нақш доштани ӯ дар ҳамлаи “Крокус” ягон маълумот нашр нашудааст.
  8. Абувоҳид Файзуллоев
  9. Рустам Саидзода.

Ин 2 нафари охир рӯзи 31 март дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия дастгир шуданд. Онҳоро ба интиқоли пул ва силоҳ барои омилони ҳамлаи рӯзи 22 март дар “Крокус” ва ҳамчунин ба тайёрӣ барои анҷоми як ҳамлаи дигари террористӣ дар шаҳри Каспийски Доғистон айбдор мекунанд.

  1. Ашӯров, сокини Твер. Ба он айбдор мешавад, ки бародарон Исломовҳоро дар хонааш сабти ном кардааст.

То кунун исми 4 муттаҳами боқимонда, аз ҷумла як сокини Доғистон, ки рӯзи 30 март дар шаҳри Каспийск дастгир шуд, ва се нафари ахири дар Маскаву Екатеринбург ва Омск ба даст афтода нашр нашудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад