Поёни равобити тиҷории Туркия-Исроил/Эрдуғон дар ҷанги Ғазза ба дунболи чист?

Дар ҳоле, ки муноқишаи Ғазза оддисозии равобити Туркия-Исроилро мутаваққиф кардааст, нақшу нуфузи Туркияро дар сиёсати минтақавӣ афзоиш додааст ва бар аҳамияти он ба унвони як бозигари дипломатик дар Ховари Миёна афзудааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Эрдуғон тамоми равобити тиҷории Туркия бо Тел-Авивро дар эътироз ба ҷанги Ғазза, ба ҳолати таълиқ даровард.

Пас аз иддаои Тел-Авив дар бораи ин ки Анқара монеи дастрасии кишварҳои солис ба бандарҳои Туркия ҷиҳати тиҷорат бо Исроил шудааст, Туркия равобити тиҷории худ бо режими саҳюнистиро ба таври комил ба ҳолати таълиқ даровард ва мутааҳҳид шуд то замоне, ки давлати Исроил иҷозаи ирсоли кумакҳои башардӯстона ба минтақаро бидиҳад, ба ин иқдоми худ идома хоҳад дод.

Дар баёнияи Вазорати бозаргонии Туркия омадааст: “Муомилоти содироту воридот дар робита бо Исроил мутаваққиф шудааст ва тамомии маҳсулотро пӯшиш медиҳад.”

Ясроил Катз, вазири умури хориҷаи Исроил рӯзи панҷшанбе Туркияро муттаҳам кард, ки воридоту содироти Исроил аз бандарҳои Туркияро масдуд кардааст. Катз дар шабакаи иҷтимоии X навишт: “Як диктатор ингуна рафтор мекунад ва манофеи мардуму бозаргонони Туркия ва мувофиқати номаҳои тиҷории байналмилалиро нодида мегирад.” Вай идома дод: “Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бо масдуд кардани банодир барои воридоту содироти Исроил, тавофуқотро зери по мегузорад.” Катз бо муттаҳам кардани Анқара ба нақзи тавофуқоти тиҷорӣ бо Тел-Авив гуфт, ки ба “Вазорати хориҷаи Исроил дастур додааст то бо тамаркуз бар соири кишварҳо, ба дунболи ҷойгузин бошанд.”

Исроил-Туркия

Ҳамчунин Туркия дар моҳи апрел эълом кард, ки ин кишвар то замони эъломи оташбас дар Навори Ғазза, содироти тайфи густардае аз маҳсулоти худро ба Исроил маҳдуд хоҳад кард. Бар асоси эъломи Вазорати тиҷорати Туркия, ин маҳдудият 54 маҳсули мухталиф шомили оҳан, санги мармар, фулод, ва ҳамчунин сӯхти мушак ва ҳавопайморо шомил мешавад.

Таърихчаи равобити Исроил ва Туркия

Туркия аввалин кишваре бо аксарияти мусулмон буд, ки дар соли 1949 ҳокимияти Исроилро ба расмият шинохт. Анқара дар соли 1950 аввалин дафтари дипломотики худро дар Исроил ифтитоҳ кард. Дар тӯли ҷанги шаш рӯзаи 1967, Анқара ба дархостҳо барои хуруҷи Исроил аз сарзаминҳои ишғолии фаластинӣ-Каронаи Бохтарӣ, Байтулмуқаддаси Шарқӣ, Навори Ғазза ва Баландиҳои Ҷавлон- пайваст, аммо дар баробари дархостҳои кишварҳои арабӣ барои қатъи равобити дипломатик бо Тел-Авив муқовимат кард. Дар соли 1979, Ёсир Арафот барои ифтитоҳи дафтари Созмони озодибахши Фаластин ба Анқара сафар кард. Соли баъд, равобити Туркия бо Исроил дубора ба далели тасмими Исроил барои таъйини Байтулмуқаддас ба унвони пойтахташ тира шуд.

Дар даҳаи 1980 тиҷорату гардишгарӣ байн Туркия ва Исроил ру ба рушд буд. Хутути ҳавоии давлати Туркия дар соли 1986 парвозҳои мустақими худро ба Исроил оғоз кард. Дар соли 1993, вазири хориҷаи Туркия барои аввалин бор аз Исроил боздид кард. Аз авосити даҳаи 1990, ҳамкории наздике дар заминаҳои дифоӣ ва иттилоотӣ байни ду кишвар вуҷуд дошт, ки бар асоси он ду қарордоди дифоӣ дар соли 1996 ба имзо расид, ки роҳро барои як мушорикати низомии стротежик, ки шомили тақвияти ҳавопаймоҳои ҷети F-4 ва F-5, танкаҳову чархболҳои M-60 буд, ҳамвор кард. Туркия, Исроил ва Амрико то соли 2009 дар размоишҳои ҳавоӣ ва баҳрии муштарак дар шарқи медитарана ширкат карданд.

Туркия пас аз пирӯзии қотеи ҳизби Адолату тавсеаи Эрдуғон дар интихобот дар соли 2002 ба равобити худ бо Исроил идома дод. Эрдуғон се сол баъд ба унвони нахуствазир аз Тел-Авив боздид кард ва худро ба унвони миёнҷии эҳтимолӣ байни исроилиҳо ва фаластиниҳо муаррифӣ кард. Дар соли 2004, Эрдуғон террори Аҳмад Ёсин, раҳбари Ҳамос тавассути Исроилро маҳкум кард ва онро “терроризми давлатӣ” хонд, ки нишондиҳандаи ҳимояти густардатари Туркия аз фаластиниён ва ба вижа Ҳамос дар он замон буд.

Тайи сафарҳои сатҳи баланд дар солҳои 2006 ва 2007, Туркия барои ҳалли танишҳо байни Сурия ва Исроил талош кард.

Ҷанги се ҳафтаии Ғазза дар солҳои 2008 то 2009 танишҳо байни Туркия ва Исроилро тақвият кард. Дар соли 2010 ҳамла ба киштии кумакрасонии Туркия ба Ғазза тавассути камондуҳои исроилӣ боис шуд Анқара сафири Исроилро ихроҷ кунад.

Равобити расмӣ то соли 2016, ки ду кишвар бар сари як тавофуқи ғаромат ва роҳе барои оддисозии равобит ба тавофуқ расиданд, сард буд. Ду сол баъд, ду рӯйдод боиси таваққуфи талошҳои оддисозӣ шуд: Даҳҳо муътаризи фаластинӣ тавассути неруҳои амниятии Исроил дар ҳисори ҷудои атрофи Ғазза кушта шуданду Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифт сафорати худро аз Тел-Авив ба Ерусалим мунтақил кунад.

Дар тамоми ин солҳо бо вуҷуди ташдиди танишҳои дипломатик, тиҷорат байни Туркия ва Исроил равнақи зиёде дошт. Байни соли 2010 то соли 2021, ҳаҷми тиҷорати ин ду кишвар беш аз ду баробар шуд ва аз 3.4 миллиард доллар ба 8.4 миллиард доллар расид. Бар асоси муассисаи омори давлатии Туркия, содироти Туркия ба Исроил дар соли 2023 ба арзиши 5.4 миллиард доллар буд.

Соли гузашта, Исҳоқ Ҳерзог, раисҷумҳури Исроил аз Анқара боздид карду сафирон дар ҳар ду пойтахт мансуб шуданд. Эрдуғон барои аввалин бор дар моҳи сентябр бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дидор кард ва ҳар ду мутааҳҳид шуданд ҳамкории бештаре байни кишварҳои худ дошта бошанд. Аммо ин ҳосили сиёсӣ пас аз оғози ҷанги Ғазза дар 7 октябри соли гузашта ба поён расид.

Вокуниши Туркия ба ҷанги Ғазза

Эрдуғони пас аз ҳамлаи низомии Исроил ба Ғазза, интиқодоти худ аз Исроилро ташдиду Исроилро ба анҷоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва наслкушӣ муттаҳам кард, дар ҳоле, ки ҳачунон ба равобити сиёсӣ ва тиҷории худ бо Исроил идома медод.

Туркия имрӯз ба яке аз шадидтарин мунтақидони амалиёти низомии Исроил дар Ғазза табдил шуда аст ба наҳве, ки Эрдуғон Исроилро “давлати террористӣ” меномад. Дар моҳи январ, ӯ гуфт, ки ҳамлаи низомии Бенямин Нетаняҳу ба Ғазза “камтар аз ончи Ҳитлер анҷом дод” набуд. Ба ин тартиб ду кишвар суфарои худро фарохонданд. То ҳамин чанд рӯз қабл равобити тиҷории ин ду кишвар идома дошт, аммо давлати Эрдуғон, ки дар интихоботи маҳаллӣ дар моҳи март дучори шикастҳои бузурге шуд, дар дохил бо фишори шадидӣ барои таваққуфи равобити тиҷорӣ бо Исроил мувоҷеҳ шуд. Мунтақидон давлатро муттаҳам мекарданд, ки Эрдуғон бо вуҷуди иттиҳомоти шадид алайҳи Исроил, равобити тиҷории худро идома медиҳад, стандартҳои дугонаеро дунбол мекунад. Бар ҳамин асос равобити тиҷории ду кишвар натавонист тадовуми пайдо кунад ва билохира чанд рӯз қабл Туркия иддао кард, ки ба таври комил тиҷорати худ бо Исроилро мутаваққиф кардааст.

Далели дахолати Эрдуғон дар буҳрони Ғазза

Бар касе пӯшида нест, ки Эрдуғон муштоқи миёнҷигарӣ ва ҳамчунин бозсозии Ғазза пас аз ҷанг аст. Туркия даҳҳо сол таҷрибаи ҳифзи сулҳ дар Сумолӣ, Босния ва Афғонистон дошта аст ва зарфияти ифои нақш дар Ғаззаро дорад. Барои Эрдуғон, барафроштани парчамҳои Туркия дар Ғазза, анҷоми ниҳоии як маъмурияти таърихӣ аст.

Дар даврони Эрдуғон, рӯйкарди Туркия ба масаълаи Исроил ва Фаластин аз ду ҷиҳат бо давраи Камолистии пеш аз Эрдуғон мутафовит аст. Аввалин маврид, эътиқоди Эрдуғон ба машруъияти Ҳамос ба унвони як бозигари воқеии фаластинӣ аст, ки натиҷаи табиии вобастагии идеологии ӯ ба Ихвонулмуслимин аст. Эрдуғон муътақид аст, ки Ҳамос бояд бахше аз раванди сиёсӣ бошад. Ҳамос аз замони пирӯзӣ дар интихоботи Фаластин дар соли 2006 дар Туркия ҳузур дошта ва ҳайатҳоеро ба он ҷо фиристодааст.

Тафовути дигар аз даврони пеш аз Эрдуғон, нақши меҳварии масаълаи Фаластин дар орзӯҳои Эрдуғон барои раҳбарии минтақавӣ аст. Эрдуғон саъй дорад худро ба унвони раҳбари ҷаҳони Ислом муаррифӣ кунад ва умед дорад бо муаррифии худ ба унвони раҳбаре, ки ба муҳофизат аз мусулмонони маҳруми минтақа, аз ҷумла фаластиниҳо мепардозад барои худ ваҷҳи сиёсии касб кунад. Ӯ мехоҳад аз ӯ ба унвони раҳбаре, ки бар таваллуди дубораи императории Туркия назорат дошта ва фаластиниҳову Ерусалимро фаромӯш накардааст, ёд шавад.

Таъсии ҷанги Ғазза бар сиёсати хориҷии Туркия

Дар воқеъ, ҷанги Ғазза пайомадҳои муҳимме бар сиёсати хориҷии Туркия доштааст. Аввалан, раванди оддисозии равобит байни Туркия ва Исроилро мутаваққиф ё ба таъвиқ андохта ва онро ба сӯи ояндаи мубҳаме кашондааст. Ташдиди даргириҳо дар мавриди Ғазза равобит байни ду кишварро тира карда ва ҳаргуна талош барои оддисозиро мутаваққиф кардааст.

Дар муқобил, ҷанги Ғазза нуфузи Туркияро дар сиёсати минтақавӣ тақвият кардааст. Туркия бо иттихози мавзеи қавӣ ва мушорикати фаъолона дар талошҳои дипломатик барои расидагӣ ба буҳрон, тааҳҳуди худро ба суботи минтақавӣ ва алоқаи худ барои исботаш дар саҳнаи байналмилалӣ нишон додааст. Ин мушорикати физоянда, ҷойгоҳу вазни Туркияро дар умури минтақавӣ афзоиш дода ва муқеъияти онро ба унвони як бозигари калидӣ дар Ховари Миёна мустаҳкам кардааст. Ба таври хулоса, дар ҳоле, ки муноқишаи Ғазза оддисозии равобити Туркия-Исроилро айни замон мутаваққиф кардааст, мумкин аст, ки нақшу нуфузи Туркияро дар сиёсати минтақавӣ афзоиш диҳад ва бар аҳамияти он ба унвони як бозигари дипломатик дар Ховари Миёна биафзояд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад