Парлумони кишвар ба хариди ҳавопаймоҳои бесарнишини Туркия раъйи мусбат дод

Порлумони Тоҷикистон созишномаи низомӣ бо Туркия дар мавриди харидории таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва тамрини нерӯҳои низомии кишвар  аз ҷониби Туркияро тасвиб кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Маҷлиси олии кишвар созишномаи низомӣ миёни Тоҷикистон ва Туркияро дар бораи хариди таҷҳизоти низомӣ ба тасвиб расонд.

Бар асоси ин созишнома, маблағи 50 миллион лира аз Туркия ба Тоҷикистон қарзи хариди низомӣ маҳсуб мешавад, ки бар асоси он Тоҷикистон метавонад аз ширкатҳои туркӣ ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дигар таҷҳизоти муосири низомӣ харидорӣ кунад.

Вазорати дифои Тоҷикистон ин созишномаро барои мубориза бо таҳдидҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ муҳим арзёбӣ кардааст.

Ин қарз бояд дар давоми 5 сол истифода шавад ва агар таҷҳизоти харидашуда аз 50 миллион лира бештар бошад, ҳукумати Тоҷикистон бояд хароҷотро пардохт кунад.

2 миллион лираи ин маблағ барои омӯзиши нирӯҳои низомии Тоҷикистон дар мадориси низомии Туркия масраф мешавад. Коршиносони низомии Туркия хариди таҷҳизоти низомӣ ва арзиши ин қарзро назорат хоҳанд кард.

Ин созишнома соли гузашта миёни вазирони дифоъи ду кишвар имзо шуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад