Афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофирбарӣ дар кишварҳои узви ИИАО

Аз аввали соли равон афзоиши гардиши мусофирон дар саросари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ИИАО ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ дод КИАО.

Аз аввали соли равон афзоиши гардиши мусофирон дар саросари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ИИАО ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ дод КИАО.

Ба гузориши манбаъ:

Дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ҳамлу нақли бор ва мусофирон рӯ ба афзоиш аст.

Дар ин бора омори Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) бо нашри як иттилоия хабар додаст.

Дар моҳҳои январ-феврали соли 2024 ҳам гардиши умумии мусофирон дар саросари ИИАО 10% афзоиш ёфтааст, ки баландтарин нишондод ба Қирғизистону камтарин ба Қирғизистон рост меояд.

Аз ҷумла дар таносуби кишварҳо нишондиҳандаи рушд дар Қирғизистон – 11,2%, Русия – 10,6%, Белоруссия – 8,3% ва Қазоқистон – 7,6% шудаст.

Дар баробари ин дар давраи хисоботӣ муомилоти умумии бор дар иттиҳодия қариби 1% афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла афзоиш дар Қирғизистон (8,8%), Беларус (1,6%) ва Русия (1,3%) ба қайд гирифта шудааст.

Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ аз ҷумла дар Арманистон қариби 29%, Қирғизистон – 8%, Беларус ва Русия ҳудуди 7% ва Қазоқистон қариби 5% ба қайд гирифта шудааст .

Ба гузориши манбаъ:

Дар моҳҳои январ-феврали соли равон афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ҳаҷми афзоиш нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли гузашта 6,6%-ро ташкил дод.

Дар иттилоия омадааст:

“Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи кишварҳои узв: дар Арманистон – 28,9%, Қирғизистон – 7,8%, Беларус – 7,1%, Русия – 6,6% ва Қазоқистон – 4,6% ба қайд гирифта шудааст”.

Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми истеҳсолот дар саноати кӯҳӣ ва истихроҷи маъдан дар ИИАО ҳудуди 1,5%, саноати коркард беш аз 10%, таъминоти барқ, газ, буғ ва ҳавотозакунӣ – 5,7%, обтаъминкунӣ, канализатсия, назорати ҷамъоварӣ ва тақсимоти партовҳо – 4,6%-ро ташкил дод.

Маврид ба зикр аст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар даҳ соли охир афзоиш ёфта, соли гузашта ба $2,4 трлн баробар шуд.

Ба иттилои КИАО, табодули коло байни кишварҳои аъзо қариб ду баробар афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол савдои хориҷӣ 60% зиёд шудааст.

Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.

Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.

Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад