Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар кишварҳои ИИАО

Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ аз ҷумла дар Арманистон қариби 29%, Қирғизистон - 8%, Беларус ва Русия ҳудуди 7% ва Қазоқистон қариби 5% ба қайд гирифта шудааст .

Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ аз ҷумла дар Арманистон қариби 29%, Қирғизистон – 8%, Беларус ва Русия ҳудуди 7% ва Қазоқистон қариби 5% ба қайд гирифта шудааст .

Ба гузориши манбаъ:

Дар моҳҳои январ-феврали соли равон афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ҳаҷми афзоиш нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли гузашта 6,6%-ро ташкил дод.

Дар иттилоия омадааст:

“Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи кишварҳои узв: дар Арманистон – 28,9%, Қирғизистон – 7,8%, Беларус – 7,1%, Русия – 6,6% ва Қазоқистон – 4,6% ба қайд гирифта шудааст”.

Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми истеҳсолот дар саноати кӯҳӣ ва истихроҷи маъдан дар ИИАО ҳудуди 1,5%, саноати коркард беш аз 10%, таъминоти барқ, газ, буғ ва ҳавотозакунӣ – 5,7%, обтаъминкунӣ, канализатсия, назорати ҷамъоварӣ ва тақсимоти партовҳо – 4,6%-ро ташкил дод.

Маврид ба зикр аст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар даҳ соли охир афзоиш ёфта, соли гузашта ба $2,4 трлн баробар шуд.

Ба иттилои КИАО, табодули коло байни кишварҳои аъзо қариб ду баробар афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол савдои хориҷӣ 60% зиёд шудааст.

Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.

Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.

Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар саросари кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиши назарраси нархҳои истеҳсолкунандагон дар саноати маъдан ба мушоҳида мерасад.

Шохиси нархҳои истеҳсоли саноатӣ дар ИИАО 117,4 % ташкил дод. Дар ин бора Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар додааст.

Дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2022, афзоиши назарраси нархҳои истеҳсолкунандагон дар саросари иттиҳод дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ба қайд гирифта шудааст. Афзоиш 36,5 % ташкил дод.

Дар баробари ин, нархҳои истеҳсолкунанда дар саноати коркард 13,5% афзоиш ёфтанд, таъкид кардааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.

Дафтари матбуоти комиссия хабар медиҳад:  идомаи матлаб дар … 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад