Бозгашти беш аз 1.5 миллион муҳоҷир ба Афғонистон

Вазири умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон эълом кард, тайи соли гузашта беш аз 1.5 миллион муҳоҷир ба Афғонистон бозгаштаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, вазири умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон бо ишора ба иқдомоти ахири Покистон изҳор дошт беш аз 600 ҳазор паноҳҷӯ дар моҳҳои ахир ба Афғонистон ихроҷ шудаанд.

Вай афзуд аз Эрон ва бархе кишварҳо низ ҳазорон муҳоҷири афғон ба кишварашон бозгаштаанд.

Ҳаққонӣ гуфт, барои бозгашткунандагон ба кишвар, марокизи муваққат фароҳам шудааст то аз онҷо ба вилоятҳои мавриди назар интиқол ёбанд.

Ин дар ҳоле аст, ки шуморе аз паноҳҷуёни тоза бозгашта ба Афғонистон аз ҳукумати Толибон хостори кумаку сарпаноҳи доимӣ ва ҳамчунин фурсатҳои кор шудаанд.

Вазири умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон пеш аз ин дар дидор бо роҳбари бахши дастгирӣ ва амнияти Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳндагон чанде пеш гуфта буд, ки беш аз як миллион муҳоҷир ба Афғонистон бозгаштаанд.

Ин бозгаштҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки бар асоси омори СММ, беш аз 29 миллион афғон (бештар аз ниме аз ҷамъияти ин кишвар) ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад