Фармондиҳандаи ҷинояти Крокус кист?

Раисҷумҳури Русия гуфт: Давлати Амрико аз роҳҳои мухталиф саъй дорад ба ҳама фаҳмонад, ки зоҳиран Киев ҳеҷ нақше дар ҳамлаи террористии хунин дар Маскав надорад ва ин ҳамла тавассути гуруҳи ДИИШ анҷом шуда, вале Русия дар ҷустуҷӯи фармондиҳандаи ин ҷиноят аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Александр Бастркин, раиси Кумитаи таҳқиқоти Русия шаби гузашта, дар нишасте бо Владимири Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи иқдомоти анҷом шуда пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори шаҳри “Крокус”, гузориш дод, ки теъдоди кушта шудагон дар ин ҷиноят ба 139 нафар афзоиш ёфта ва аз маҷмӯи кушта шудагон 75 нафар шиносоӣ шудаанд.

Татяна Голикова, муовини нахуствазири Русия низ ёдовар шуд, ки беш аз 50 нафар аз маҷрӯҳони ин ҳамлаи террористӣ аз бемористон мурраххас шуда ва 93 нафар, аз ҷумла 5 кӯдак, ҳамчунон бистарӣ ва таҳти дармон ҳастанд.

Ба гуфта вай, вазъияти 9 нафар аз ҷумлаи як кӯдак вахим аст.

Владимир Путин низ дар ин нишаст, бо хонаводаҳову дӯстони кушта шудагони ҳамлаи террористии Крокус ибрози ҳамдардӣ ва барои маҷрӯҳон орзӯи шифои оҷил кард.

Путин: Мо дар ҷустуҷӯи сифоришдиҳанда ҳамлаи террористӣ дар Крокус ҳастем

Раисҷумҳури Русия дар нишасти худ бо мақомоти масъул гуфт: Иёлоти Муттаҳида аз тариқи каналҳои мухталиф талош мекунад ҳамаи ҷаҳонро мутақоид кунад, ки зоҳиран ҳеҷ иртиботе байни Киев ва ҳамлаи террористии хунин дар толори шаҳри Крокус вуҷуд надорад ва ин ҳамла тавассути гуруҳи ДИИШ анҷом шудааст. Бале, ин ҳамла тавассути исломгароёни тундрав анҷом шуд, вале Русия ба фармондиҳандаи ин ҷиноят алоқаманд аст.

Владимир Путин афзуд: “Мо медонем, ки ин ҷиноят ба дасти чи касоне алайҳи Русия ва мардуми он анҷом шуда, мо алоқамандем бидонем, ки сифоришдиҳандаи он кист.”

Ба гуфтаи вай, сервисҳои иттилоотии Русия ва созмонҳои муҷрии қонун бояд ба суолоти зиёде дар ин замина посух диҳанд, аз ҷумла ин ки чигуна исломгароёни тундраве, ки худро ба унвони мусулмонони муъмин ва муътақид ба Исломи ноб муаррифӣ мекунанд, дар моҳи мубораки Рамазон, ки барои ҳамаи мусулмонони ҷаҳон муқаддас аст, чунин иқдоми ваҳшатноку ҷиноёти ҷиддиро муртакиб шуданд?

Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҳамлаи террористӣ як амали иръобангез аст, бинобар ин ин суол матраҳ мешавад, ки чи касоне аз ин вазъият суд мебаранд.

Раисҷумҳури Русия гуфт: “Ин ҷиноят танҳо метавонад ҳалқае аз маҷмуае аз талошҳои касоне бошад, ки аз соли 2014 бо кишвари мо ба дасти режими неонозии Киев меҷанганд.”

Вай идома дод: Илова бар ин бояд ба ин суол посух дод, ки чаро террористҳо саъй карданд ба Украина гурехта ва дар онҷо махфӣ шаванд ва чи касоне дар онҷо мунтазири онҳо буданд.

Путин таъкид кард, ки таҳқиқот дар ин замина бояд комилан воқеъбинона, ҳирфаӣ ва дақиқ бошад.

Ба гуфтаи ӯ, созмондиҳандагони ин ҳамлаи террористӣ мехостанд ҳарос эҷод кунанд ва дар ҷомеаи Русия ихтилоф бавуҷуд оваранд, аммо бо иттиҳоди беназири мардуми Русия мувоҷеҳ шуданд.

Путин: Киев мехоҳад ба мардум нишон диҳад ҳама чиз аз байн нарафтааст

Раисҷумҳури Русия бо ишора ба ин ки “ҷавонони гитлерӣ”-и ҷадиде дар Украина шакл гирифтааст, таъкид кард, ки ҳадаф аз ин гӯна ҳамалоти террористӣ эҷоди тарсу ваҳшат дар ҷомеаи Русия ва дар айни ҳол нишон додан ба мардуми худ аст, ки ҳама чиз барои Киев аз байн нарафта ва ҳамчунон умеде вуҷуд дорад.

Владимир Путин гуфт: Барои ин манзур фақат лозим аст аз дастӯроти ҳомиёни ғарбии худ пайравӣ кард, то охирин фарди украинӣ ҷангид, аз фармони Вашингтон итоат кард, қонуни ҷадиде дар мавриди басиҷи бештари мардум тасвиб кард ва албатта чизе шабиҳ ба “ҷавонони гитлерӣ” дар нусхаву шакли ҷадиди он эҷод кард.

Ӯ ёдовар шуд, ки миллигароёни украинӣ дар даҳаи 20 қарни гузашта анҷумане ба номи “Иттиҳодияи ҷавонони миллигарои Украина” доштанд, ки баъдан бахше аз Созмони миллигароёни украинӣ шуд.

Раисҷумҳур афзуд, ки вазифаи аслии мақомоти Киев ба даст овардани кумакҳои молии бештар ва таслеҳоти ҷадид аз ғарб аст, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз онро метавон ба сирқат бурд ва монанди раванди маъмули имрӯз дар Украина дар ҷайби худашон қарор диҳанд.

Путин ҳамчунин таъкид кард, ки кумакҳои ҳамаҷонибаи мардум дар пас заминаи ҳамлаи террористӣ дар толори шаҳри Крокус нишондиҳандаи булуғи фикрии ҷомеаи Русия ва тамоюли ҳамаи ақшори мардум барои дифоъ аз манофеи кишвар аст ва ҳама ҳозиранд на танҳо барои худ ва азизонашон, балки сирфан барои афроде, ки ниёз ба кумак ва ҳимоят доранд, биҷанганд ва ин ба вижагии муҳими вазъияти кунунии ҷомеаи Русия табдил шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад