Оятуллоҳ Хоманаӣ: Режими саҳюнистӣ қодир ба шикасти неруҳои муқовимат нест

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон дар дидор бо дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҳайати ҳамроҳ таъкид кард: Режими саҳюнистӣ қодир ба шикасти неруҳои муқовимат нест.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломии Эрон асри панҷшанбе дар дидор бо Зииёд Аннахола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҳайати ҳамроҳ, неруҳои муқовимат ва мардуми Ғаззаро то ин лаҳза пирӯзи майдон хондау таъкид кард: Авҷи иззату истодагии мардуми Ғазза ва Фаластин ва нокомиҳои режими саҳюнистӣ дар ин ҷанги шашмоҳа, як ҳодиса ва падидаи илоҳӣ аст.

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар куштори мардум Ғазза гуфт: Ин ки режими саҳюнистӣ бо он ҳама созу барги низомӣ ва пуштибониҳои қудратҳои золими дунё, иқдом ба куштори занону кӯдакон мекунад, нишон медиҳад ин режими қодир ба муқобила бо неруҳои муқовимат ва шикасти онҳо нест.

Оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин хотирнишон кард: Ба фазли илоҳӣ шумо пирӯзии ниҳоии мардуми Ғаззаро хоҳед дид.

Дар ин дидор Зиёд Аннахола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон аз мавзӯи Фаластин, ёду хотираи генерал Сулаймониро гиромӣ дошту гуфт: Ончи ки имрӯз дар Ғазза дар ҷараён аст, дар воқеъ такрори ҳодисаи Карбало аст ва бар хилофи ҳамаи сахтиҳову туавтиаҳо, мардуми Ғазза дар канори неруҳои муқовимат тавонистаанд бо истодагии камназири худ, тарроҳии Амрико ва режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни онҳоро барои нобудии муқовимат бо шикаст рӯбарӯ созанд.

Вай бо таъкид бар ҳамоҳангии комил миёни неруҳои муқовимат ба вижа Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ, хотирнишон кард: Мардуми Ғазза ва неруҳои муқовимат бар давоми истодагӣ то пирӯзии ниҳоӣ ҷиддӣ ҳастанд ва ба лутфи Худованд пирӯзии ниҳоӣ дар ояндаи начандон дур амалӣ хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад