Байден: Ҳамаи кишварҳои арабӣ омодаанд Исроилро эътироф кунанд

Байден иддао кардааст, ки кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, омодаанд, дар созиши оянда Исроилро комилан эътироф кунанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, гуфт: Ман бо Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Урдун, Миср ва Қатар ҳамкорӣ доштам. Онҳо омодаанд Исроилро эътироф кунанд.

Ба гузориши Bloomberg, ӯ идома дод: Пас аз ҷанги Ғазза тарҳе вуҷуд дорад ва бояд иқдоме барои ҳалли ду давлат вуҷуд дошта бошад. Лозим нест ин иқдомот ҳамин имрӯз сурат гирад. Он бояд такмил ёбад ва ман фикр мекунам, ки мо метавонем ин корро кунем.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Байден бо фишори дукаратаи амрикоиҳо ва мусулмонону арабҳо рӯбарӯ шудааст, ки мехоҳанд ҳукумати вай барои ҷилавгирӣ аз амалиёти низомии Исроил дар Ғазза чораҳои бештар андешад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад