Ирсоли кумакҳои инсондӯстонаи Русия ба Ғазза

Дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия хабар дод, ки ҳайати ин вазорат ба мардум Навори Ғазза кумак хоҳад кард; Ил-76 ба фурудгоҳи Ариш парвоз кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, дар эъломияи вазорат омадааст: “Ҳавопаймои изтирории Ил-76-и Русия ба фурудгоҳи Ал-Ариш парвоз кард. Дар ин ҳавопаймо кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла ғалла, орд, шакар ва дигар маҳсулоти зудвайроншаванда, инчунин маводи беҳдоштӣ бо вазни умумии зиёда аз 29 тонна буд”.

Гуфта мешавад, кумакҳои башардӯстонаи Русия ба Миср интиқол ёфта, ба намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Миср интиқол дода мешавад, ки онро ба навори Ғазза интиқол медиҳанд.

Дар ин гузориш омадааст: “Аксари хайрияҳо бо ибтикори ҳукумати Ҷумҳурии Карачай-Черкесияи Русия ҷамъоварӣ шудаанд”.

Дар маҷмӯъ, аз оғози рисолати башардӯстона 20 парвози Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия беш аз 480 тонна маводи ғизоӣ, доруворӣ, сару либос ва дигар маводи заруриро интиқол додаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад