Нигаронии нави муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус Сити Ҳолл ҳарчи бештар ҳадафи бегонаситезӣ қарор мегиранд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус Сити Ҳолл ҳарчи бештар ҳадафи бегонаситезӣ қарор мегиранд.

Дар шаҳри Благовешенски вилояти Амур, Шарқи Дури Русия, як қаҳвахонае, ки ба муҳоҷирон тааллуқ дошт, оташ зада шудааст.

Се шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Калуга аз тарафи як гуруҳ дар кӯча латукӯб шуда, як нафари онҳо дар бемористон бистарӣ гаштааст.

Аз чанд шаҳри Русия шикоят мерасад, ки муштариён аз хидмати таксиронҳои тоҷик даст мекашанд. Онҳо пас аз қабул шудани фармоиши худ талаб мекунанд, агар ронанда тоҷик ё аз Тоҷикистон аст, супориш бекор карда шавад.

Як сокини ноҳияи Восеъ гуфт, нисфирӯзии 23-уми март ду бародар ва писарашро дар Маскав боздошт карданд ва то кунун ҳеч хабаре аз сарнавишташон нест.

Вай гуфт:

“Онҳо ба таъмири хонаҳо машғул буданд ва писарам ягона ноновар аст. Фақат фаҳмидем, ки онҳоро бо чанд тоҷики дигар қапидаанд. Намедонем куҷо бурданд ва бо онҳо чӣ шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки пас аз даъвати Сафорати Тоҷикистон дар Русия аксари муҳоҷирон аз манзилҳои худ берун намераванд.

Канали телеграмии “База” хабар дод, ки баъд аз воқеаи Крокус дар ниҳодҳои умури дохилии Русия гуруҳҳои махсуси тафтиши иловагии муҳоҷирон таъсис ёфтаанд. Ин дастаҳо хобгоҳҳои умумӣ, ширкатҳо, масирҳои гуногунро ҳадафи тафтиш қарор дода, ҳамроҳ бо кормандони пулиси роҳ аснод ва ҳувияти муҳоҷиронро месанҷанд. Муҳоҷирони тоҷик эҳсоси инро доранд, ки онҳо ҳадафи асосии ин санҷишҳо қарор хоҳанд гирифт.

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Пенза ба Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз ҳамватанони ӯ нақшаи бозгашт ба Тоҷикистонро доранд. Дар ҳамин ҳол садҳо ҳазор тоҷике дар Русия бо аҳли хонаводаашон зиндагӣ мекунанд, ки шаҳрвандии ин кишварро гирифта ва сарнавишти худро ба он пайвастаанд.

Мавридҳои тоҷикситезӣ дар Русия дар ҳоле густариш меёбанд, ки чандин чеҳраи маъруфи ин кишвар нисбати тоҷикон суханони нек гуфта, ҷомеаи Русияро аз лағжидан ба умқи нажодпарастӣ ва ақидаву аъмоли шадиди ростгароӣ ҳушдор додаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тайи баёнияе ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро, ки шоми ҷумъа дар вилояти Маскав рух дод, маҳкум кард.

Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии кишвар омадааст: “Мо Амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити дар шаҳри Москваи Русияро қотеона маҳкум мекунем. Бо изҳори таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин ба зарардидагон шифои комил хоҳонем”.

Пеш аз баргузории консерт дар “Крокус Сити Холл” дар минтақаи Красногорск вилояти Маскав, ки дар наздикии пойтахти Русия аст, тирпарронӣ ва сӯхтор рух дод.

Ба иттилои ФСБ-и Русия, тибқи маълумоти пешакӣ 40 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бархе гузоришот аз афзоиши қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ ба беш аз 62 нафар хабар медиҳад.

Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалкова ҳодисаи дар “Крокус Сити Холл”-ро як амали террористӣ номида, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад