Гузоришгари вижаи Созмони Милал: шавоҳиди зиёде дар бораи «наслкушии» Исроил дар Ғазза вуҷуд дорад

Як гузоришгари ҳуқуқи башарии Созмони Милал мегӯяд, ки шавоҳиди зиёде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ задааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, як гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши таҳқиқии худ мегӯяд, ки Исроил дар Ғазза муртакиби наслукушӣ шудааст.

Бар асоси гузориши “BBC”, Франческа Албанез, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, дар сарзаминҳои ишғолӣ рӯзи сешанбе ин гузориши худро ба аъзои шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева ироа кардааст.

Иттиҳоми наслкушӣ алайҳи Исроил дар ҳоле мунташир шудааст, ки фишорҳои байналмилалӣ алайҳи Телавив барои таваққуфи ҷанг дар Ғазза ва лузуми ҳифозат аз ғайринизомиён шадидан афзоиш ёфтааст.

Франческа Албанез, дар гузориши худ ингуна натиҷагирӣ кардааст, ки “шавоҳиди мантиқии зиёде вуҷуд дорад, ки собит мекунад, ки ҷурми наслкушӣ алайҳи гурӯҳе аз мардум дар Ғазза рух дода аст”.

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ ба се унсури марбут ба таорифи ҳуқуқии наслкушӣ ишора мекунад, ки дар Ғазза аз сӯи артиши Исроил бароварда шудааст.

Куштори аъзои як гурӯҳи хосс аз мардум.

Эҷоди осебҳои ҷиддии ҷисмӣ варуҳӣ ба гурӯҳе аз мардум.

Таҳмили амдии шароити хосси зиндагӣ ба гунае, ки ба таври куллӣ ё ҷузъӣ тахриби физикии зиндагии гурӯҳе аз мардумро ба думбол дошта бошад.

Шумори талафоти ҳамалоти режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Ғазза акнун аз марзи 32 ҳазор нафар убур кардааст ва бомбаборони манотиқ бо ҷамъияти мутарокими ғайри низомӣ ва аъмоли маҳдудият, ки Ғаззаро дар остонаи қаҳтии воқеӣ қарор додааст шавоҳиде ҳастанд, ки гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз он ба унвони талош барои нобуди гурӯҳе ном бурдааст.

Базел ал-Суронӣ, аз маркази ҳуқуқи башари Фаластин, аз ин гузориш истиқбол карда ва мегӯяд, ки қавонини байналмилалӣ тавассути ҳамаи тарафҳо дар ин даргирӣ нақз шудааст, аммо ӯ истидлол кард, ки наслкушӣ ҷинояти бузурге аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ наметавонад онро нодида бигирад.

Вай таъкид карда, ки «иҷоза додан ба наслкушӣ натанҳо бар Фаластиниён, балки бар ҳамаи инсонҳо дар саросари ҷаҳон таъсир мегузорад».

Ӯ афзуд: агар алон Исроил бидуни масъулияти пазирӣ муртакиби наслкушӣ мешавад фардо намедонем, ки кадом кишвар бо иттико ба наслкушии Исроил дар Ғазза муртакиби наслкушӣ шавад ва масъулияти онро ҳам қабул накунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад