Мақоми рус кишварҳои ИДМ-ро авлавияти асосии сиёсати хориҷии Русия номид

Ҳама навъҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ қобили амаланд, аммо иқтидори онҳо ба пуррагӣ амалӣ нагардидааст, мегӯд сухангӯи раисҷумҳури Русия.

Ҳама навъҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ қобили амаланд, аммо иқтидори онҳо ба пуррагӣ амалӣ нагардидааст, мегӯд сухангӯи раисҷумҳури Русия.

Ба гузориши манбаъ:

Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков кишварҳои ИДМ-ро авлавияти асосии сиёсати хориҷии Федератсияи Русия номида.

Ӯ қайд кард, ки Русия муносибатҳои дуҷонибаи қариб бо ҳамаи онҳо ба ҷуз Гурҷистон ва Молдова дорад.

Вай дар мусоҳиба бо сомонаи “Аргументы и факты” гуфт:

“Кишварҳои ИДМ авлавияти асосии сиёсати хориҷии мо мебошанд, ки қариб бо ҳамаи онҳо муносибатҳои дуҷонибаи хеле пешрафта дорем. Мутаассифона, ин ба Гурҷистон ва Молдова дахл надорад”.

Песков афзуд:

“Ва агар мо дар бораи боқимондаҳо сӯҳбат кунем, мо ба истиқлолияти онҳо бо эҳтироми мутлақ муносибат мекунем. Ва ҳамзамон, мо таърихи муштараки худ, вобастагии иқтисодии худро, ки дар даврони шӯравӣ инкишоф ёфта буд, ёдовар мешавем”.

Вай ҳамзамон гуфт, ки ҳама навъҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ қобили амаланд, иқтидори онҳо пурра амалӣ нагардидааст, хусусияти шарикии муносибатҳо ба мо имкон медиҳад, ки мушкилоти ба миёномадаро созанда бартараф кунем.

Песков қайд кард, ки ҳоло кишварҳои ИДМ “марҳилаи рушди худро доранд, аммо ӯҳдадории онҳо ба равандҳои муштараки ҳамгироӣ боқӣ мемонад”.

Вай гуфт:

“Мо бо Беларус ҳамгироии пешрафта дорем, ин наздиктарин шарик ва иттифоқчии мост. Мо воқеан бо кишварҳои узви ИИАО як фазои ягонаи иқтисодӣ дорем. Шаклҳои дигари ҳамкорӣ бо сиёсат, амният ва ғайра вуҷуд доранд”.

Ба гуфтаи номбурда, дар ҷое, албатта, мушкилот ба миён меоянд – вақте сухан дар бораи чунин ҳамкории наздик меравад, онро бидуни мушкилот анҷом додан мумкин нест. Аммо хусусияти шарикии муносибатҳо ба мо имкон медиҳад, ки ба таври конструктивӣ ҳамаи инро паси сар кунем.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Русия дар созмони Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  раёсатро бар уҳда гирифт ва дар ин муддат мехоҳад нуфузи ин созмонро пурзур намояд.

Аз рӯзи 1 январ Русия раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар уҳда гирифт.

Маскав яке аз вазифаҳои асосии худ дар соли ояндаро таҳкими нуфузи созмон ва робита бо иттиҳодияҳои минтақавӣ, инчунин муборизаи муштарак ба чолишҳои беруна медонад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 Қирғизистон дар ИДМ раёсат мекард. Ба гуфтаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ин кишвар дар тӯли як сол фаъолона кор кард ва Маскав ният дорад дар ҳамоҳангии зич бо раёсати пешин амал кунад.

Дар нақши худ, Русия ба чанд бахш таъкид мекунад. Ба гуфтаи Путин, дар соҳаи иқтисод корҳои гузариши фаъолтар ба пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила идома хоҳанд ёфт, чун он имкон медиҳад соҳибихтиёрии иқтисодӣ ва молиявии давлатҳо боэътимодтар таъмин карда шавад.

Илова бар ин, раисиҷумҳури Русия ҳамкориҳои муштаракро дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир ва фасод муҳим арзёбӣ кард.

Таваҷҷуҳи раёсати Русия ҳамчунин ба густариши равобити фарҳангӣ ва башардӯстона, ҳамкорӣ дар бахшҳои тандурустӣ, илм, маориф ва варзиш хоҳад буд.

Русия дар ин давра дар бораи “таъмини ҳамоҳангсозии равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ” зикр кард. Сухан дар бораи ҳамкории мутақобила бо СПАД ва СҲШ дар бахши амният ва бо ИИАО дар бахши иқтисодӣ низ таъкид кардааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад