Ҳамкории Русия бо Тоҷикистон дар бораи таҳқиқоти ҳамла ба “Крокус”

Идораҳои истихборотии Русия дар робита ба таҳқиқи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл аз ҳамкорони тоҷикистонии худ кумак мегиранд.

Идораҳои истихборотии Русия дар робита ба таҳқиқи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл аз ҳамкорони тоҷикистонии худ кумак мегиранд.

Ба гузориши манбаъ:

Маскав дар робита ба боздошти шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар анҷоми ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл муттаҳам мешаванд, бо хадамоти махсуси Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ҳамкории зич дорад.

Дар ин бора РИА “Новости” бо такя ба як манбаъ дар вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад.

Дар оҷонс гуфтанд:

“Мо бо тамоми хадамотҳои шарикӣ, аз ҷумла бо хадамоти тоҷик ҳамкории зич дорем. Мо кумак мегирем ва дастгириро ҳис мекунем. Ба муфаттишон кумак расонида мешавад”.

Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холлро то 22 май боздошт кард.

Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешаванд. Онҳо ба содир кардани ҳамлаи террористӣ, ки дар ҳайати гурӯҳи муташаккил боиси марги одамон шудааст, муттаҳам карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.

Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯҳ кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.

Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.

Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 137 нафар расидааст, ки се нафари онҳо кӯдакон мебошанд. 180 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо боздошт шуданд.

Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳамро дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл боздошт кард. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба ҳабси пешакӣ барои ду моҳ равон шудаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тайи баёнияе ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро, ки шоми ҷумъа дар вилояти Маскав рух дод, маҳкум кард.

Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии кишвар омадааст: “Мо Амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити дар шаҳри Москваи Русияро қотеона маҳкум мекунем. Бо изҳори таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин ба зарардидагон шифои комил хоҳонем”.

Пеш аз баргузории консерт дар “Крокус Сити Холл” дар минтақаи Красногорск вилояти Маскав, ки дар наздикии пойтахти Русия аст, тирпарронӣ ва сӯхтор рух дод.

Ба иттилои ФСБ-и Русия, тибқи маълумоти пешакӣ 40 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бархе гузоришот аз афзоиши қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ ба беш аз 62 нафар хабар медиҳад.

Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалкова ҳодисаи дар “Крокус Сити Холл”-ро як амали террористӣ номида, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад