Лавров: Амрико дар Афғонистон бо терроризм мубориза накард

Вазири хориҷаи Русия изҳор дошт 20 сол ҳузур дар Афғонистон нишон дод, ки амрикоиҳо бо терроризм мубориза накарданд, балки ба густариши терроризм доман заданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия изҳор дошт 20 сол ҳузури эътилоф ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон нишон дод онҳо дар ин кишвар бо терроризм мубориза накарданд, балки ба густариши он доман заданд.

Лавров дар гуфтугӯ бо “ТАСС” гуфт: 20 сол ҳузури онҳо дар Афғонистон нишон дод, ки амрикоиҳо бо ҳеҷ навъи терроризм мубориза накарданд. Онҳо сохторҳову созмонҳоеро дар онҷо эҷод карданд, ки баъдан ба Ал-қоида табдил шуданд.

Вай афзуд: Онҳо сипас шурӯъ ба истифода аз ин сохторҳову созмонҳо барои муҷозоту таҳрики режимҳои номатлуби худ дар Ховари Миёна ва соири манотиқ карданд.

Вазири хориҷаи Русия пеш аз ин низ дар бораи талоши Амрико барои густариши терроризм дар Афғонистон гуфта буд: Ба таври қатъ мушаххас аст, ки Иёлоти Муттаҳида фаъолона аз террористҳои ДИИШ, Ал-қоида ва дигар сохторҳои террористии вобаста ба онҳо ва бозмонда дар Афғонистон, ҳимоят мекунад то авзоъ дар ин кишвар ором нагирад.

Вай ҳамчунин таъкид карда буд авлавияти аслии мақомоти амрикоӣ дар ин хусус тазъифи субот дар минтақа мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад