Сиёсати хориҷии Русия бо ҳамалоти террористӣ тағир намекунад

Сафири Русия дар Амрико гуфта, ки ҳамалоти террористӣ ва ҷанги гибридии Ғарб, масир ва рӯйкарди Русияро тағир намедиҳад ва тамоми таҷҳизоти ирсолии Ғарб ба Украина мунҳадим хоҳад шуд.

Ба гузориши сафири Русия дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико “Анатолий Антонов” дар вокуниш ба ҳодисаи террористии ҷумъа шаб дар толори кансерти «Крокус Сити Холл» дар наздикии Маскав тасреҳ кард, ки ҳамалоти террористӣ ва ҷангҳои таркибии Ғарб наметавонад Русияро ба тағири рӯйкард ва тағири сиёсати хориҷӣ водор кунад.

Вай дар мусоҳиба бо хабаргузории русии «ТАСС» дар вокуниш ба ҳамлаи толори кансерти «Крокус Сити Холл», ки ба қурбонӣ шудани 133 нафар ва захмӣ шудани беш аз 150 нафари дигар мунҷар шуд, тасреҳ кард «мехоҳам бигӯям, ки ҳеҷ тағире дар сиёсати хориҷӣ ва масир ва рӯйкарди раисҷумҳури Русия (Владимир Путин) бахусус пас аз интихоботи риёсатҷумҳурӣ сурат нахоҳад гирифт. Ҳеҷ чиз тағир нахоҳад кард».

Владимир Путин рӯзи гузашта дар як суханронии миллӣ тасреҳ кард, ки иттилоот нишон медиҳад, ки террористҳо қасд доштанд пас аз ҳамлаи террористӣ ба Украина фирор кунанд ва Киев каридореро барои убури онҳо фароҳам карда буд, ки албатта раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский, ҳаргуна нақши Украина дар ин иқдоми террористиро рад мекунад.

Анатолий Антонов тасреҳ кард «чунин ҳамалоте хатти машйи мо ва рӯйкард ва масири моро тағир нахоҳад дод. Мо ба кори худ идома медиҳем».

Ин дипломати рус зимни интиқод аз сиёсатҳои Ғарб гуфт, ки «ин ғарб аст, ки хатти ҷанги таркибӣ бо Русияро баргузидааст.

Вай идома дод «тамоми он чи, ки онҳо дар ихтиёри Киев мегузоранд ва барои ин кишвар ирсол мекунанд, мунҳадим хоҳад шуд».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад