Маҳкумияти ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Холл аз суи Вазорати корҳои хориҷии кишвар

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таслияти самимиро ба наздикони ҳалокшудагон баён дошта, барои маҷруҳон шифои оҷил хостааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тайи баёнияе ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро, ки шоми ҷумъа дар вилояти Маскав рух дод, маҳкум кард.

Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии кишвар омадааст: “Мо Амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити дар шаҳри Москваи Русияро қотеона маҳкум мекунем. Бо изҳори таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин ба зарардидагон шифои комил хоҳонем”.

Пеш аз баргузории консерт дар “Крокус Сити Холл” дар минтақаи Красногорск вилояти Маскав, ки дар наздикии пойтахти Русия аст, тирпарронӣ ва сӯхтор рух дод.

Ба иттилои ФСБ-и Русия, тибқи маълумоти пешакӣ 40 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бархе гузоришот аз афзоиши қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ ба беш аз 62 нафар хабар медиҳад.

Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалкова ҳодисаи дар “Крокус Сити Холл”-ро як амали террористӣ номида, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад