Рӯзи якшанбе мотами оммавӣ дар Русия

Раисҷумҳури Русия дар вокуниш ба ҳамлаи террористии хунин дар шаҳри Маскав, бо эъломи як рӯз мотами оммавӣ, таъкид кард, ки омилони ин ҳамла муҷозот хоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо судури баёнияе гуфт: «фардо якшанбе 24 мартро мотами оммавӣ эълом мекунам. Даҳҳо инсони сулҳҷу ва бегуноҳ қурбонии ҳамлаи террористӣ дар Крокус шуданд.»

Раисҷумҳури Русия бо эъломи рӯзи якшанбе ба унвони мотами оммавӣ дар ин кишвар дар пайи ҳодисаи террористӣ дар «Крокус»-и Маскав, ба фирори террористҳо ба самти марзи Украина ишора кард ва гуфт: Киев, панҷарае барои террористҳо гушӯда буд.

Путин афзуд: «Ҳар чаҳор омили ҳамалоти террористӣ пайдо ва боздошт шуданд, онҳо қасди пинҳон шудан доштанд ва ба самти Украина ҳаракат мекарданд. Тамоми бонёни ин ҳамлаи террористиро низ боздошт ва муҷозот хоҳем кард.»

Вай тасреҳ кард, ки ҷинояткорон бо хунсардӣ ба куштан рафтанд, ҳамонтавр, ки замоне нозиҳо амал карданд, ба русҳо тирандозӣ карданд.

Гуфтнӣ аст, ки пойгоҳи хабарии Спутник пештар дар бораи вазъияти толори Крокус навишт: толори Крокус тахриб шуд ва комилан сӯхт. Ончи аз сақф боқӣ монда дар хатари резиш аст. Имдодгарон ба поксозии овор ва ҷустуҷӯи афрод идома медиҳанд; Кор ҳадди ақал барое чанд рӯз идома хоҳад дошт.

Ба навиштаи Спутник, 719 нафар дар хомӯш кардани оташ дар Крокус ширкат доштанд.

Гузоришҳо ҳоки аз он аст, ки ҳоли 16 маҷрӯҳ аз ҷумла 1 кӯдак фавқалъода вахим аст.

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Русия эълом кард, ки вазъияти 44 нафари дигар аз ҷумла 2 кӯдак вахим аст. Дар ҳоли ҳозир 107 нафар дар бемористонҳо бистарӣ ҳастанд.

Маргарита Симонян, сардабири гурӯҳи расонаии “Русия Сегодня” (хабаргузории Спутник зер маҷмӯаи ин гурӯҳи расонаӣ мебошад) гузориш дод, ки теъдоди қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ ба 143 нафар расидааст.

Дар ҳамлаи террористии ҷумъа шаб дар наздикии Маскав, ки ДИИШ масъулияти онро бар уҳда гирифтааст, токунун 143 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар ҳам маҷрӯҳ шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад