Ихроҷи 12 муҳоҷир аз ҷумла 4 шаҳрванди тоҷик аз Калугаи Русия

Раёсати приставҳои додгоҳии вилояти Калугаи Русия хабар дод, ки аз ин вилоят 11 шаҳрванди кишварҳои СНГ, аз ҷумла 4 тоҷик, ва як зан аз кишвари африқоии Нигерияро ихроҷ кардаанд.

Раёсати приставҳои додгоҳии вилояти Калугаи Русия хабар дод, ки аз ин вилоят 11 шаҳрванди кишварҳои СНГ, аз ҷумла 4 тоҷик, ва як зан аз кишвари африқоии Нигерияро ихроҷ кардаанд.

Ба гузориши манбаъ:

Гуфта мешавад, ахиран ба приставҳои Калуша 12 қарори додгоҳ дар бораи аз ин вилоят ва аз Русия берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ расид. Қаламрави Калуга ва Русияро бояд 5 шаҳрванди Ӯзбекистон, 4 шаҳрванди Тоҷикистон, якнафарӣ аз  Қазоқистону Озарбойҷон ва як зан аз Нигерия тарк мекарданд.

Дар иттилоияи нашршуда гуфта мешавад:

“Ин шахсон дар қаламрави вилоят ғайриқонунӣ ба сар мебурданд ё кор мекарданд. То замони ихроҷашон онҳоро дар боздоштгоҳи махсус нигоҳ дошта буданд. Приставҳо баъди таҳияи ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозим ин 12 муҳоҷири ғайриқонуниро то хатти марз дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав бурда, расонданд. Онҳоро барои 5 соли дигар аз ҳаққи вуруд ба Русия ҳам маҳрум кардаанд”.

Дар Русия губернаторҳоро президент таъйин мекунад. Мутаассифона, солҳои охир президенти Русия Владимир Путин дар чандин вилоят, аз ҷумла дар Калуга, Тула ва Калининград, ва ҳамин тавр, дар мансабҳои баланди ҳукуматӣ, аз ҷумла дар роҳбарии Кумитаи тафтишоти Русия шахсони мавқеашон ошкоро зидди муҳоҷиронро губернатор ё вазир ваё раҳбари идора таъйин кардааст.

Соли 2020 Путин Владислав Шапшаро, ки бо мавқеъ ва сиёсати ошкоро зидди муҳоҷиронаш ном баровардааст, волии Калуга таъйин кард. Дар давраи раҳбарии Шапша Калуга қариб ҳар ҳафта бо хабарҳои марбут ба мавҷҳои навбанави таъқибу ихроҷи муҳоҷирон дар сархатти хабарҳо қарор мегирад. Инак чанд сол боз дар вилояти Калуга муҳоҷиронро ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду реза дастгир ва ихроҷ мекунанд.

Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё насупурдани пули барқу телефон хеле зиёд шуда, шумори танҳо шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард, вале боз ҳам ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз Русия берун мекунанд.

Барои кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояшон пули аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷири онҳост, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирон чанд миллиард доллар пул мефиристанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Хуруҷи тоҷикистониён аз кишвар барои дарёфти пул дар соли 2023 ба хориҷ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст, мегӯяд вазири меҳнат.

Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, дар як соли ахир 16% коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт.

Ба гуфтаи вай дар соли 2023 652 ҳазору 14 нафар ба муҳоҷират рафтаанд. Ин нишондод дар соли 2022 ба 775 ҳазоур 578 нафар баробар буд, ки мизони коҳиш ба 123 ҳазору 564 тан расидааст.  Идомаи матлаб дар …

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад