Як мусофир дар фурудгоҳи Маскав аз бомб дар сумкааш хабар дод

Дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав яке аз мусофирони зан изҳор дошт, ки дар сумкаи ӯ бомба мавҷуд аст ва дар пайи ин ҳодиса кормандони фурудгоҳ пулисро даъват кардаанд, то чораҳои зарурӣ андешад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки Русия имрӯзро ба далели ҳамлаи террористӣ дар Маскав “мотами оммавӣ” эълон кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, шабакаи телеграмии 112 бо такя ба манобеъи огоҳ аз ин қазия хабар дод, ки як мусофири зан иддао кардааст, ки дар ҷузвдони ӯ бомба мавҷуд аст.

Фурудгоҳи Шереметьевои Маскав эълон кард, ки барои андешидани чораҳои зарурӣ ба пулис муроҷиат кардаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин зан мусофири парвози Маскав ба Ереван будааст.

Расонаҳои Русия рӯзи якшанбе гузориш доданд, ки парвози ҳавопаймои Маскав ба Ереван ба далели иддаои ин мусофир ба таъхир афтодааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад