Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба ҳамлаи террористӣ ба Русия

Ҳамлаи террористӣ Крокус Сити Холл вокуниш ва бозтобҳои ҷаҳонӣ доштааст.

Ҳамлаи террористӣ Крокус Сити Холл вокуниш ва бозтобҳои ҷаҳонӣ доштааст.

Кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳамлаи террористии маргбор дар Маскавро маҳкум ва бо мардум ва давлати Русия ибрози ҳамдардӣ карданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон

Ҷумҳурии Исломии Эронв ва мақомоташон дар сатҳҳои мухталиф ба ин амалиёти террористӣ вокуниш нишон дода ва онро маҳкум карданд.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷаи ҶИЭ навишт: “иқдоми террористии ахир дар шаҳри Маскавро шадидан маҳкум карда, зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои ҷонбохтагон, ба ҳамкорам Сергей Лавров, давлату миллати Русия, ин ҳодисаи талхро таслият мегӯям.” Амирабдуллоҳиён илова кард: “Муборизаи муштарак ва самарбахш бо терроризм, ниёзманди иқдоми ҷиддӣ ва бидуни табъизи ҷомеаи байналмилалӣ аст.”

Чин

Ши Ҷинпинг, президенти Чин дар паёми таслиятӣ ба Владимир Путин, президенти Русия, амалиёти террористӣ дар толори консери Крокус дар наздикии Маскавро ба шиддат маҳкум кард ва аз талошҳои мақомоти рус барои ҳифзи амнияти миллӣ ҳимоят кард. Дар баёнияи Ши Чинпинг омадааст: “Чин мухолифи тамоми шаклҳои терроризм аст ва ба шиддат ин ҳамлаи террористиро маҳкум мекунад.” Ҷинпинг илова кард, ки аз ин ҳамла ҳайратзада шудааст ва “аз тарафи давлату миллати Чин, барои марги афрод, аз самими дил таслият мегӯяд ва бо қурбониён ва хонаводаҳояш ибрози ҳамдардии содиқона иброз мекунам.”

Шӯрои Аврупо

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Х ҳамлаи террористиро маҳкум кард.

Вай дар паёми худ гуфт: “ман ин ҳамлаи террористиро маҳкум мекунм. Марги афроди бегуноҳ дар ҳар ҷое як трагедияи инсонӣ аст. Ба Қурбониён ва хонаводаҳояшон таслият мегӯям.”

Венесуэла

Айвон Гил, вазири умури хориҷаи Венесуэла низ дар ин бора гуфт: мо ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳрвандони Маскав дар толори шаҳри Крокус Сити Холлро шадидан маҳкум мекунем. Мо ба хонаводаи қурбониёни ин ҳодиса таслият мегӯем ва дар ин ғам бо давлати Русия шарик ҳастем.

Малайзия

Вазорати умури хориҷаи Малайзия низ бо судури баёнияе гуфт: бори дигар бар мавзеи худ дар радди терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар ҳамаи шаклҳо ва намудҳои он таъкид мекунем.

Дар баёнияи ин вазоратхона омадааст: Малайзия ҳамчунон бар зарурати талошҳои ҳамоҳанг байналмилалӣ барои аз байн бурдани офати терроризм ба шакле ҷомеъ ва муассир таъкид мекунад.

Испания

Давлати Испания низ бо эълони инки аз ин ҳамла «шокка» шудааст афзуд: «ҳар навъ хушунатро маҳкум мекунем.»

Вазорати умури хориҷаи Испания дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: мо дар ин ғам бо қурбониён, хонаводаҳои онҳо ва мардуми Русия шарик ҳастем.

Туркия

Вазорати умури хориҷаи Туркия «ин ҳамлаи шанеи террористӣ ба ғайринизомиёни бегуноҳ»-ро маҳкум кард ва ба мардум ва давлати Русия таслият гуфт.

Сурия

Вазорати умури хориҷаи Сурия низ «ба шиддат ин ҳамлаи террористии буздилонаро маҳкум кард». Сурия ҳамчунин бар лузуми афзоиши талошҳои ҷаҳонӣ барои мувоҷеҳа бо чунин қатли омҳо ва муҳокимаи омилони онҳо таъкид кард.

Малайзия

Вазорати умури хориҷаи Малайзия низ бо судури баёнияе гуфт: бори дигар бар мавзеи худ дар радди терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар ҳамаи шаклҳо ва намудҳои он таъкид мекунем.

Шри-Ланка

Ба нақл аз хабаргузории Алҷазираи Қатар, Вазорати умури хориҷаи Шри-Ланка дар баёнияе ҳамлаи террористӣ дар Русия, ки ҷони шаҳрвандони ин кишварро гирифт, маҳкум кард. Ин вазоратхона гуфт, ки чунин иқдомоти хушунатомез алайҳи шаҳрвандони нафратангез ҳастанд ва дар ҷомеаи мутамаддин ҷойгоҳе надоранд.

Дар ин баёния омадааст: давлат ва мардуми Шриланка аз самими қалб ба хонаводаи қурбониён, мардум ва давлати Русия таслият мегӯянд.

Норвегия

Вазорати умури хориҷаи Норвегия низ ин «ҳамлаи ҳавлноки террористӣ»-ро маҳкум кард. Ин вазоратхона дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: “мо бо қурбониён ва хонаводаҳои онҳо ҳамдард ҳастем.”

Шветсия

Вазорати умури хориҷаи Шветсия низ дар шабакаи иҷтимоии Х гуфт, ки «ҳаргуна ҳамла ба ғайринизомиён»-ро маҳкум мекунад.

Дания

Давлати Дания дар шабакаи иҷтимоии Х ин «ҳамлаи ҳавлнок»-ро маҳкум кард ва таслият гуфт.

Дар паёми давлати Дания дар ин шабака омадааст: Дания ҳамлаи ҳавлнок ба Маскавро маҳкум мекунад ва ба қурбониён ва азизони онҳо таслият мегӯяд.

Полша

Владислав Кушиняк Комяш, вазири дифои миллии Полша низ дар ин бора гуфт, ки Варшава ба шакли мудовим вазъиятро зери назар дорад.

Вай афзуд: ман бо ситоди умумии артиши Полша, тамоми хадамот ва муттаҳидонамон дар тамос ҳастам. Мо дар ҳоли таҷзия ва таҳлили ин вазъият аз назари таъсири эҳтимолии он бар амнияти Полша ҳастем.

Имороти Муттаҳидаи Араб

Вазорати умури хориҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам гуфт: Иморот маҳкумияти шадиди худро нисбат ба ин иқдомоти ҷиноӣ ва радди доимӣ ҳар навъ хушунат ва терроризмро, ки ҳадафи он бесуботии амният ва бо қавонини байналмилалии носозгор аст, иброз мекунад.

Арабистони Саудӣ

Вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ низ гуфт: Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишвар ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия паёми таслият ва ибрози ҳамдардӣ ирсол кардааст.

Муҳаммад ибни Салмон ин амали ҷинояткоронаро ба шиддат маҳкум кард ва ба раисҷумҳурӣ, хонаводаҳои қурбониён ва мардуми федератсияи Русия самимона таслият гуфт ва нисбат ба беҳбудии ҳарчи зудтари маҷруҳон ибрози умедворӣ кард.

Миср

Вазорати умури хориҷаи Миср низ дар бора гуфт: Миср ин ҳодисаи мусаллаҳонаро ба шиддати маҳкум мекунад.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Миср дар ин бора омадааст: давлат ва мардуми Миср дар ин фоҷеаи дарднок ба давлат ва мардуми Русия ва хонаводаи қурбониён самимона таслият гуфта ва ибрози ҳамдардӣ мекунанд ва умедвор ҳастанд ҳамаи маҷрӯҳон ба зудӣ беҳбуд пайдо кунанд.

Ба гузориши Ирно, тирандозӣ ва оташсӯзӣ қабл аз иҷроии консерт дар толори шаҳри Крокус Сити Холл дар Красногорск дар наздикии Маскав, шомгоҳи ҷумъа, 22-юми март хабарсоз шуд. Оташсӯзии ин маҳал бомдоди ҷумъа маҳор шуд, аммо ҳамчунон амалиёти оворбардорӣ дар маҳалли ин толор идома дорад. Бинобарин гузориш, авомили ҳамлаи террористӣ, аз маводи оташзо барои оташ задани толори консерт истифода карданд.

Маргарита Симунён, сардабири шабакаи хабарии телевизиюнии RT эълон кард, ки шумораи куштагони ҳамлаи террористӣ дар Маскав ба 143 нафар расидааст.

Бинобар эълони сервиси амнияти федерали Русия, токунун 11 нафар аз ҷумла чаҳор омили террористӣ, ки ба толори шаҳри Крокуси Маскав ҳамла карданд, боздошт шудаанд. Дар ин миён, худрави ҳомили террористҳо дар 100 километрии марзи Украина ва дар ҳоле, ки бо тарафи муртабит дар он кишвар дар тамос буд, мутаваққиф шуд. Бинобар иттилооти такмилӣ, чаҳор террорист дар ин амалиёт дастгир шуданд ва дар ҳоли интиқол ба Маскав ҳастанд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористӣ ба Маскав, ки даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштаро ба ӯҳда гирифтааст ва тасвири торшудае аз террористҳоро нашр кардааст, аммо давлати Русия баёния ин гурӯҳи террористӣ ҷаълию сохтагӣ медонад ва ба назар мерасад бар ин бовар аст, ки кори ДИИШ нест. Агар ДИИШ ин ҳамлаи террористиро анҷом надода бошад, кори кадом давлат ё ниҳод ё гӯруҳи дигаре аст?!

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад