Коҳиши 16 дарсадии муҳоҷирати корӣ тоҷикистониён

Хуруҷи тоҷикистониён аз кишвар барои дарёфти пул дар соли 2023 ба хориҷ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст, мегӯяд вазири меҳнат.

Хуруҷи тоҷикистониён аз кишвар барои дарёфти пул дар соли 2023 ба хориҷ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст, мегӯяд вазири меҳнат.

Ба гузориши манбаъ:

Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, дар як соли ахир 16% коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт.

Ба гуфтаи вай дар соли 2023 652 ҳазору 14 нафар ба муҳоҷират рафтаанд. Ин нишондод дар соли 2022 ба 775 ҳазоур 578 нафар баробар буд, ки мизони коҳиш ба 123 ҳазору 564 тан расидааст.

Ҳасанзода афзуд:

“Аз ин шумора мардҳо 554 ҳазору 804 нафар, ё 15% ва занҳо 97 ҳазору 210 тан, ё 20% кам шудааст”.

Вазир гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан барои дарёфти пул ба Русия мераванд, ки беш аз 627 ҳазор ба ин кишвар рост меояд.

Ҳамзамон 18,4 ҳазор муҳоҷирон ба Қазоқистон ва боқимонда ба дигар кишварҳо рост меоянд.

Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин муддат 590,7 ҳазор (2022-551,7 ҳазор) ё 7% зиёд буда, аз ин теъдод шумораи мардҳо 468,5 ҳазор нафар, ё 4,2% ва занҳо 122,2 ҳазор нафар, ё 19,1 зиёд гардидааст.

Ин ниҳод қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 6,8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон санади манъи вуруд ба Русияро дарёфт кардаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Мавзӯи муҳоҷирони корӣ баҳсбарангез аст: бархе мегӯянд, хориҷиҳо ҷойи кори русиягиҳоро мегиранду қисми дигар бовар доранд, ки бе онҳо кор мушкил хоҳад буд.

Соҳаи муҳоҷират дар Русия хеле печида аст, зеро маълумоти дақиқ дар бораи чӣ қадар бояд шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба кор ҷалб шаванд, вуҷуд надорад.

Ин нуктаро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон муовини раиси комиссияи равобити байнимиллӣ ва байнидинӣ ва муҳоҷирати Палатаи ҷамъиятии Русия, узви Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳои назди президент Маргарита Лянге баён дошт.

Коршинос ба маълумоти Вазорати меҳнат истинод кард, ки тибқи он Русия танҳо ба 140 ҳазор мутахассиси соҳибихтисос ниёз дорад.

Вай афзуд:  идомаи матлаб дар …. 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад