Табрикоти Ҳ. Амирабдуллоҳён ба С. Муҳриддин

Вазири хориҷаи Эрон Ҳусайн Аамирабдуллоҳён дар паёми табрикӣ таъкид кардааст, ки оини бостонӣ ва суннатҳои зебои Наврӯз, намоди пайвандҳои амиқи инсонию фарҳангӣ миёни миллатҳо аст.

Вазири хориҷаи Эрон Ҳусайн Аамирабдуллоҳён дар паёми табрикӣ таъкид кардааст, ки оини бостонӣ ва суннатҳои зебои Наврӯз, намоди пайвандҳои амиқи инсонию фарҳангӣ миёни миллатҳо аст.

Ба гузориши манбаъ:

Ҳусайн Амирабдуллоҳён, вазири умури хориҷаи Эрон дар нахустин рӯз аз иди Саиди Наврӯз бо ирсоли паёми табрики иди куҳани наврӯзро ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин табрик гуфт.

Вай дар паёмаш барои кишварҳо ва мардумони ҳавзаи Наврӯз соли саршор аз саодату беҳрузӣ орзӯ кардааст.

Ҳамчунин вазири хориҷаи Эрон чунин паёмҳои табрикотӣ ба унвони ҳамтоёни худ дар кишварҳои ҳавзаи наврӯзи шомили Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон, Туркманистон, Туркия, Ироқ, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ҳинд ирсол кардааст.

Дар паёми Аамирабдуллоҳён омадааст:

“Иди наврӯзро ки мироси фарҳангӣ ва тамаддуни муштараки ҳазор солаи ниёкони бофарҳангу тамаддуни сози мо дар ҳавзаи тамаддунии муштараки миллатҳои минтақа аст, ба ҷаноби олӣ, давлату миллати он кишвари дӯсту ҳамсояи табрик ва шодбош мегӯям”.

Аамирабдуллоҳёни афзудааст, ки оини бостонӣ ва суннатҳои зебои Наврӯз, намоди пайвандҳои амиқи инсонӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ миёни миллатҳои минтақа ва сулҳу дӯстию хешовандии ҳазорон сола миён онон аст.

Вай тасреҳ кард, ки давлату мардуми Эрон тавсеа ва густариши равобит бо кишварҳои ҳавзаи тамаддунии наврӯзро дар чорчӯби сиёсати ҳамсоягӣ бо қувват ва дар ростои таъмиқи пайвандҳои дӯстӣ, равобит ва ҳамкории мубтанӣ бар манофеи муштарак бо ҷиддият дунбол мекунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин паёми иброз умедворӣ кардааст, ки ин масир бо иродаи мустаҳкам раҳбарони олӣ ва миллатҳои мо, заминаи таҳаққуқи беш аз пеши тавсеа, пешрафту рифоҳ ва амнияти муштараки минтақаро фароҳам созад.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада  аст:

Раисҷумҳури Эрон бо ирсоли паёме фаро расидани Наврӯзро ба ҳамтои тоҷики худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳурии Эрон бо ирсоли паёме ба кишвардориТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани Наврӯз, ибрози умедворӣ кард ки равобити ду кишвар беҳтару густардатар мешавад.

Ӯ дар паёми худ гуфт: “Фаро расидани растохези табиат, гоҳи рӯйиши замин ва оғози соли навро ба миллати дӯст ва мутамаддини Тоҷикистони табрик ва шодбош мегӯям”.

Вай афзуд, ки паёми Наврӯзӣ, паёми сулҳу ҳамзистии мусолиматомез ва намоди пайванду оштӣ аст.

Раисӣ қайд кардааст: “Умедворам бо омадани эътидоли баҳорӣ ва шукуфо шудани табиату дигаргунии замин, хасоиси неку писандида дар дилу ҷони ҳамаи инсонҳо шукуфо гашта ва палидиву нопокиҳо аз рафтору кирдори башар рахт барбандад ва таҳаввули амиқ дар аҳволи одамиён падидор гардад то шоҳиди рушду камоли ҷомеъа башарӣ бошем”.

Раисҷумҳури Эрон дар паёмаш таъкид кардааст, ки имсоли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, ин муносибати фархундаро дар ҳоле ҷашн мегиранд, ки мардуми мазлуму муқтадири Ғазза ҳамчунон бо ҳамалоти Исроил рӯ ба рӯ ҳастанд.

Вай илова кард, ки Ғазза дар муҳосира комил буда ва аз дастрасӣ ба имконоти ибтидои беҳдоштӣ ва маишӣ низ маҳрум шудаанд, дар маърази хатари гуруснагӣ ва қаҳти қарор гирифтаанд.

Президенти ҶИЭ афзуд: “Лизои вазифаи инсонии мост, ки бо истифода аз тавонмандиҳоямон, гомҳои амалии ҷаддӣ барои таваққуфи ҳамалоти Исроил ва ирсоли кумакҳои башардӯстона барои мардуми Ғазза бардорем”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад