Чашми дӯхтаи Вашингтон ба музокироти Доҳа

Давлати Байден аз як сӯ ба назар мерасад, ки аз як сӯ фишор ба саҳюнистҳоро афзоиш дода ва аз сӯи дигар чашм ба музокироти Доҳа дӯхтааст.

Давлати Ҷо Байден дар ҳафтаҳои ахир, фишор бар Исроилро афзоиш дода ва дар айни ҳол исрор дорад, ки нерӯҳои Ҳамос бояд фавран асиронеро, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои 7-и октябр ба Исроил дастгир шудаанд, озод кунанд. Аз ин рӯ ба музокироит Доҳа чашм дӯхтааст,

Антони Блинкин, вазири умури хориҷаи Амрико, ки дар даври сафарҳои худ ба Ховари Миёна ба сар мебарад, мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешнависи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ро мунташир карда, ки дар он хостори «оташбаси фаврии муртабит бо озодии гаравгонҳо» дар Ғазза шудааст.

Амрико ба унвони ҳомии калидии сиёсӣ ва низомии Исроил борҳо раъйҳои қаблии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди поён додан ба ҷанги тақрибан шашмоҳа дар Ғаззаро вето карда ва ахиран дар феврал ба истифода аз иборати “фарӣ” дар пешнависи ироашуда тавассути Алҷазоир эътироз кардааст.

Бо ин ҳол, давлати Ҷо Байден дар ҳафтаҳои ахир, фишор бар Исроилро афзоиш дода ва дар айни ҳол исрор дорад, ки нерӯҳои Ҳамос бояд фавран асиронеро, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои 7-и октябр ба сарзаминҳои ишғолӣ дастгир шудаанд, озод кунанд.

Блинкин дар Арабистони Саудӣ дар ин бора гуфт: дар воқеъ, мо қатъномаеро ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳвил додем, ки хостори як оташбаси фаврии муртабит бо озодии гаравгонҳо аст, мо бисёр умедворем, ки кишварҳо аз он ҳимоят кунанд.

Ӯ рӯзи чаҳоршанбе ба расонаи саудии Ал-Ҳадас гуфт: «фикр мекунам ин паём ва сигнали қавӣ бошад. Албатта мо дар канори Исроил ва ҳаққи он барои дифоъ аз худ истодаем. Аммо дар айни ҳол, зарурӣ аст, ки ғайринизомиёнеро, ки дар маърази осеб ҳастанд ва ба шакли ваҳшатноке ранҷ мебаранд, дар авлавият қарор диҳем.

Дар нусхае аз пешнависи қатъномаи ҷадид, ки ба дасти Ал-Ҷазира расидааст, омадааст: «Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои ҳифозат аз ғайринизомиён дар ҳамаи тарафҳо, имкони ирсоли кумакҳои башардӯстонаи зарурӣ, коҳиши дарду ранҷи башардӯстона, зарурати оташбаси фаврӣ ва пойдорро эълон мекунад. Ин поён бетардид аз талошҳои дипломатики байналмилалӣ барои таъмини чунин оташбасе дар иртибот бо озодии ҳамаи гаравгонҳои боқимонда ҳимоят мекунад.»

Ҷимз Без, сардабири дипломатики Алҷазира, мегӯяд: дар ҳоле, ки ин таҳаввул бисёр муҳим ба назар мерасад, “забони дақиқ”-и қатънома бисёр муҳим аст. Ончи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико воқеан мехоҳад мубҳам аст. Ин қатъан қавитарин адабиётеро доро аст, ки токунун вуҷуд дошта, аммо оё ин ҳамон чизе аст, ки бақияи аъзои Шӯрои амният аз назари дархост оташбаси фаврӣ мехоҳанд? Ё ин фақат як қатънома аст, ки дар он Шӯрои амният мегӯяд барқарории оташбаси фаврӣ бисёр муҳим аст.»

Ҳанӯз ҳеҷ раъйгирие барои ин матн барномарезӣ нашудааст. Дар моҳи феврал, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико танҳо кишваре буд, ки ба пешнависи қатънома барои барқарории оташбас дар Ғазза раъйи манфӣ дод. Он раъй севумин ветои он буд дар ҳоле, ки Бритониё ба ҳамон қатънома раъйи мумтанеъ дод. Барои тасвиби қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал, ҳадди ақал ба 9 раъйи мувофиқ ва адами ветои ҳеҷ як аз панҷ узви доимӣ: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия ё Чин ниёз аст.

Линдо Томас-Гиринфилд, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар он давраи замонӣ дар тавзеҳи раъйи Амрико гуфт, ки кишвараш ин қатъномаро ба далели нигаронӣ аз ба хатар андохтани музокирот байни Иёлоти Муттаҳида, Миср, Исроил ва Қатар, ки ба думболи миёнҷигарӣ дар таваққуфи ҷанг ва озодии гаравгонҳо ҳастанд, вето мекунад.

Гуфтугӯҳо барои тавофуқи оташбас дар Қатар ин ҳафта пас аз талошҳои номувафақ барои ҳусули тавофуқ пеш аз оғози моҳи мубораки Рамазон идома дошт. Мақомоти қатарӣ гуфтанд, ки пас аз гуфтугӯ бо раиси иттилооти Исроил дар Доха “муҳтотона хушбин” ҳастанд, агарчи Моҷид Ал-Насорӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Қатар рӯзи сешанбе гуфт, ки амалиёти заминии Исроил дар Рафаҳ дар ҷануби Ғазза ҳаргуна гуфтугӯро ба ақиб меандозад.

Сардабири дипломатики Ал-Ҷазира мегӯяд: ин танҳо пешнависи қатъномае нест, ки феълан бар рӯи мизҳои кишварҳои мухталиф дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пароканда ҳастанд. Нукта муҳим ин аст, ки дар дигар қатъномаҳое, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вето карда буд ҳам тарафайн хостори оташбас буданд. Дар ин қатънома низ гуфта шудааст, ки вуҷуди оташбас як масъалаи зарурӣ аст, аммо воқеан тақозое барои барқарории он сурат нагирифтааст.

Вай афзуд: гумони ман ин аст, ки ончи, ки Иёлоти Муттаҳида дар талош аст, анҷом диҳад ин аст, ки ин қатъномаро ҳамзамон бо идомаи музокирот дар Доха омода карда ва бар рӯи миз нигоҳ дорад. Ида ин аст, ки шумо дар Доха ба навъе тавофуқ барои оташбас ва озодии асирон бирасид ва сипас мо ин қатъномаро дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб мерасонем.

Антуни Блинкин, вазири хориҷаи Амрико, ки имрӯз вориди Ҷидда шудааст, бо Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд, вазири хориҷаи Арабистон ва Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. Блинкин ҳамчунин бар “аҳамияти ҳамоҳангиҳои наздик бо шарикони минтақаӣ ва байналмилалӣ барои ҳалли даргириҳо дар Ғазза ва омода шудан барои марҳалаи пасоҷанг” таъкид кард.

Вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияе изҳор дошт, ки Блинкин бо вазири хориҷаи Арабистон дар бораи “ниёзи мубрам ба муҳофизат аз тамоми ғайринизомён дар Ғазза ва афзоиши фаврии кумакҳои инсонӣ” гуфтугӯ кард.

Сафар ба Арабистон аввалин бахш аз сафарҳои Блинкин ба Ховари Миёна аст ва Ӯ қарор аст рӯзи панҷшанбе озими Миср шавад. Блинкин ҳамчунин барои шашумин бор аз замони оғози ҷанги Ғазза вориди Фаластини ишғолӣ хоҳад шуд. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки Блинкин дар он сафар бар “зарурати итминон аз шикасти Ҳамос аз ҷумла дар Рафаҳ, ҳамзамон бо муҳофизат аз ҷамъияти ғайринизомиён” таъкид хоҳад кард.

Бар асоси эълони Вазорати хориҷаи Миср, вай қарор аст бо вазирони хориҷаи Миср, Қатар ва Урдун дар Қоҳира ва ҳамчунин вазири ҳамкориҳои байналмилалии Иморот ва дабири кулли Кумитаи иҷроии созмони озодибахш Фаластин дар Қоҳира дидор кунад. интизор меравад Блинкин рӯз ҷумъа дар сарзаминҳои бошад.

Блинкин ҳамчунин барои шашумин бор аз замони оғози ҷанги Ғазза вориди Фаластини ишғолӣ хоҳад шуд. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки Блинкин дар он сафар бар “зарурати итминон аз шикасти Ҳамос аз ҷумла дар Рафаҳ, ҳамзамон бо муҳофизат аз ҷамъияти ғайринизомиён” таъкид хоҳад кард.

Давлати Амрико аз замони оғози ҷанг дар Ғазза аслитарин ҳимоятгари режими кӯдаккуши Исроил буда ва ба шаклҳои мухталиф аз ҷумла ветои қатъномаҳои оташбас ва ирсоли таслиҳот ба оташи ҷанг дамидааст.

Чандин гузориши расонаҳои ғарбӣ дар рӯзҳои гузашта ҳикоят аз он дорад, ки давлати Ҷо Байден ба Исроил барои анҷоми амалиёт дар Рафаҳ чароғи сабз нишон додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад