Паёми табрики наврӯзии президенти ҶИЭ ба Раҳмон

Раисҷумҳури Эрон бо ирсоли паёме фаро расидани Наврӯзро ба ҳамтои тоҷики худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт.

Раисҷумҳури Эрон бо ирсоли паёме фаро расидани Наврӯзро ба ҳамтои тоҷики худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳурии Эрон бо ирсоли паёме ба кишвардориТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани Наврӯз, ибрози умедворӣ кард ки равобити ду кишвар беҳтару густардатар мешавад.
Ӯ дар паёми худ гуфт: “Фаро расидани растохези табиат, гоҳи рӯйиши замин ва оғози соли навро ба миллати дӯст ва мутамаддини Тоҷикистони табрик ва шодбош мегӯям”.
Вай афзуд, ки паёми Наврӯзӣ, паёми сулҳу ҳамзистии мусолиматомез ва намоди пайванду оштӣ аст.
Раисӣ қайд кардааст: “Умедворам бо омадани эътидоли баҳорӣ ва шукуфо шудани табиату дигаргунии замин, хасоиси неку писандида дар дилу ҷони ҳамаи инсонҳо шукуфо гашта ва палидиву нопокиҳо аз рафтору кирдори башар рахт барбандад ва таҳаввули амиқ дар аҳволи одамиён падидор гардад то шоҳиди рушду камоли ҷомеъа башарӣ бошем”.
Раисҷумҳури Эрон дар паёмаш таъкид кардааст, ки имсоли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, ин муносибати фархундаро дар ҳоле ҷашн мегиранд, ки мардуми мазлуму муқтадири Ғазза ҳамчунон бо ҳамалоти Исроил рӯ ба рӯ ҳастанд.
Вай илова кард, ки Ғазза дар муҳосира комил буда ва аз дастрасӣ ба имконоти ибтидои беҳдоштӣ ва маишӣ низ маҳрум шудаанд, дар маърази хатари гуруснагӣ ва қаҳти қарор гирифтаанд.
Президенти ҶИЭ афзуд: “Лизои вазифаи инсонии мост, ки бо истифода аз тавонмандиҳоямон, гомҳои амалии ҷаддӣ барои таваққуфи ҳамалоти Исроил ва ирсоли кумакҳои башардӯстона барои мардуми Ғазза бардорем”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад