Истирдоди Сӯҳроб Зафар раиси “Гурӯҳи 24“ ба Тоҷикистон

Манобеи наздик ба мақомоти Тоҷикистон рӯзи 20 марти соли 2024  ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” тасдиқ карданд, ки раиси ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24“ Сӯҳроб Зафарро алакай ба Тоҷикистон овардаанд.

Манобеи наздик ба мақомоти Тоҷикистон рӯзи 20 марти соли 2024  ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” тасдиқ карданд, ки раиси ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24“ Сӯҳроб Зафарро алакай ба Тоҷикистон овардаанд.

ба гузориши манбаъ:

Яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдоди” дар фурудгоҳи Душанбе гуфт, ӯ ва ба эҳтимоли ғолиб як ё ду нафар аз ёрони наздикашро ҳанӯз рӯзи ҷумъаи гузашта, 15 марти соли 2024 бо парвози ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Истанбул ба Душанбе оварданд.

Ҳамсуҳбати “Бомдоди”нақл кард:

“Он рӯз тарафҳои шом буд, ки ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз Истанбул расид. Баробари дар фурудгоҳ нишастанаш як микроавтобуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо афсарони мусаллаҳ ба назди зинаҳои ҳавопаймо рафта истод. Аввал Сӯҳроб Зафар ва ҳамроҳонашро фароварданд, баъд ба мусофирони дигар иҷозати фаромадан доданд. Ростӣ, намедонам, ки як нафари дигар буд ҳамроҳаш ё ду нафар. Вале танҳо набуд Сӯҳроб Зафар”.

Ин ва боз як манбаи дигари наздик ба мақомоти амниятӣ ба “Бомдоди” гуфтанд, ки он рӯз ҳатто раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал Саймумин Ятимов барои гирифтану бурдани Сӯроб Зафар шахсан ба фурудгоҳ омада буд.

Ҳамсуҳбати дуюми “Бомдоди”гуфт:

“Азбаски ин амалиёт бевосита амалиёти Кумитаи амният буд ва ҳам азбаски овардани раҳбари “Гуруҳи 24” мисли овардани Шарофиддин Гадоев дар соли 2019 ва овардани “Дилшоди Красавчик” дар моҳи октябри соли 2023 як амалиёти хеле муваффақ барои мақомоти Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, , Ятимов шахсан худаш омад ва гирифта бурд онҳоро”.

Тасди аҳонро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ мекунад, хабар додааст, ки рӯзи ҷумъаи гузашта,15 марти соли 2024 ҳавопаймои тамғаи “Боинг 738” аз ширкати “Сомон Эйр” парвозашро дар хатсайри SZ104 (Истанбул – Душанбе) сурат дода, соати 17:27 ба вақти Душанбе дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон фуруд омадааст.

Насимҷон Шарипов рӯзи 23 феврали соли 2024 ва Сӯҳроб Зафар рӯзи 10 марти соли ҷорӣ ҳарду дар шаҳри Истанбули Туркия ғайб заданд. Ҳамсафонашон аз аввал ҳадс мезаданд, ки ба эҳтимоли ғолиб, онҳоро рабудаанд ва ба Тоҷикистон бурданианд.

Онҳо мегӯянд, азбаски кӯшишҳои бо роҳҳои қонунӣ ноил шудан ба истирдоди раҳбарони “Гуруҳи 24” аз Туркия ноком монд, мақомот аз чунин шеваи муомилаҳои ғайриқонунӣ кор гирифтаанд. Қарори маълум, тайи наздики 10 соле, ки ин ду раҳбари “Гуруҳи 24” дар Туркия қарор доштанд, онҳоро чанд дафъа бо тақозои мақомоти Тоҷикистон дастгир карданд, вале додгоҳи Туркия парвандаҳои Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шариповро сиёсӣ шумурда, истирдодашон накард.

қи ин хабар тавассути манобеи дигар хеле мушкил аст. Мақомоти Туркияву Тоҷикистон то ҳол қазияи дар Истанбул нопадид шудани Сӯҳроб Зафар ва дастикам яке дигар аз роҳбарони “Гуруҳи 24” Насимҷон Шариповро ягон шарҳ надодаанд.

Аммо пойгоҳи Flightradar, ки парвозҳои анҷомшуда дар саросари ҷ

Аммо вазъ вақте тағйир ёфт, ки дар соли 2023 Тоҷикистон чанд тан аз тарафдорони рӯҳонии фирории турк Фатҳулло Гулен, аз ҷумла мудири собиқи литсейи Ҳоҷӣ Камолро ба Туркия супурд. Ба ақидаи нозирони умур, ин алакай бояд барои Сӯҳроб Зафар ва ёрони дар Туркия будааш як бонги изтироб мешуд ва бояд ҳамагӣ ҳавлона тарки Туркия мекарданд, чунки мақомоти Туркия дар посух ба “лутф”-и Душанбе метавонистанд бо сари онҳо бозӣ кунанд.

Дар “Гуруҳи 24” мегӯянд, ки Сӯҳроб Зафар инро мефаҳмид ва вақтҳои охир барои берун шудан аз Туркия талошҳое ҳам кард, вале муваффақ нашуд, то билохира гирдаш карданд. Яке аз дӯстони Сӯҳроб Зафар гуфт, ки ӯ бо ҷамъе аз ёронаш ҳатто чанд маротиба талош карда буд, ки пои пиёда аз марзи Юнон гузарад ва ба Аврупо роҳ биёбад, вале аз марз гузашта натавонистанд.

Дар ҳамин ҳол,  Шабнам Худойдодова, ҳомии ҳуқуқи инсон дар гирифтор шудани Сӯҳроб Зафар ва ёронаш ба чунин сурати ҳол Идораи комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагонро гунаҳкор мешуморад.

Шабнам Худойдодова навиштааст:

“Бояд ёдовар шуд, ки асосгузори “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов 5 марти соли 2015 дар Туркия кушта шуд. Баъди қатли Қувватов аҳли хонаводаи ӯро ба як кишвари амн кӯчонданд. Ба ин кор Идораи комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон машғул буд. Ин идора медонист, ки ҳаёти дигар фаъолони ин гуруҳ дар қаламрави Туркия низ зери хатар қарор дорад, вале ба кӯчондани Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов машғул нашуд. Ба фикри ман, хунукназарӣ ва беаҳамиятии масъулони Идораи комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон яке аз сабабҳои ғайб задани онҳо гардид”.

Cӯҳроб Зафар (Табаров Сӯҳроб Зафархонович), соли таваллудаш 1978, писарандари Оиша Мирзоева, хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, мулаққаб ба Ғаффор-Седой аст. Cӯҳроб Зафар то замони боздошт ва ба ҳабси абад маҳкум шудани Ғаффор Мирзоев таҳти фармони вай дар Горди президентӣ хидмат мекард.

Cӯҳроб Зафар аз аввалин нафароне буд, ки соли 2012 баъди тарки Тоҷикистон кардану “Гуруҳи 24”–ро таъсис додани Умаралӣ Қувватов ба ӯ пайваст.  Шаби 5 марти соли 2015, ки Қувватов дар Истанбул  кушта шуд,  Сӯҳроб Зафар низ дар хонаи Сулаймон Қаюмов меҳмон буд ва ӯ ҳам заҳролуд шуда буд. Cӯҳроб Зафар моҳи августи соли 2016 ба раҳбарии “Гуруҳи 24” расид, вале ба фарқ аз ҳамсафони дигараш, ки аксаран ба Аврупо паноҳанда шуданд, дар Туркия монд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад