Иттиҳоди Аврупо хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза шуд

Сарони Иттиҳоди Аврупо дар охирин ҷаласаи худ хостори оташбаси фаврӣ шуданд, ки ба оташбаси доимӣ дар Ғазза ва озодии асирон мунҷар шавад.

Сарони Иттиҳоди Аврупо дар охирин ҷаласаи худ хостори оташбаси фаврӣ шуданд, ки ба оташбаси доимӣ дар Ғазза ва озодии асирон мунҷар шавад.

Сарон кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи худ дар Брюссел хостори барқарории оташбаси фаврии инсондӯстона, ки ба як оташбаси пойдор анҷомад, шуданд.

Тибқи гузориши шабакаи Ал-Ҷазира, Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти инсонӣ дар Ғазза тасреҳ кард “мо аз талафоти бесобиқаи ғайринизомиён ва вазъияти буҳронии инсонӣ дар Навори Ғазза ваҳшат кардаем.”

Иттиҳоди Аврупо дар ҳафтаҳои ахир, ки эҳтимоли ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ қувват гирифтааст, ибрози нигарониҳо аз вазъияти инсонии бисёр вахим дар Ғаззаро ташдид кардааст, аммо иқдоми малмусе барои водор кардани Телавив ба таваққуфи ҷанг анҷом надодааст.

Дар ҷаласаи рӯзи гузаштаи Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дар бораи вазъияти мардуми Ғазза ва қаҳтӣ ибрози нигаронӣ шуд ва эълон шуд, ки “хатари қарибулвуқуи қаҳтӣ дар Навори Ғазза вуҷуд дорад ва бинобарин ниёз ба расидани имдодрасонии комил ва сареъ ва эмин ба Ғазза аст.”

Ин иттиҳодия ҳамчунин бар лузуми озодии асирони исроилӣ таъкид кард ва гуфт, ки оташбаси фаврӣ дар ниҳоят бояд ба оташбаси доимӣ ва озодии асирон мунҷар шавад.

Режими саҳюнистӣ ба рағми дархостҳои байналмилалӣ таъкид кардааст, ки ба ҳамла дар Рафаҳ, ки беш аз як миллион овораи фаластинӣ дар онҷо зиндагӣ мекунанд, идома медиҳад.

Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи худ таъкид кард, ки “мо аз Исроил мехоҳем, ки амалиёти заминӣ дар Рафаҳро анҷом надиҳад, зеро ин масъала, вазъиятро вахимтар мекунад.”

Сарони Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин хостори “иқдомоти фаврӣ барои ҷилавгирӣ аз оворагии фаластиниҳо” ва тазмини ҷони мардуми Ғазза шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад