Нигаронии Свердлов аз гум шудани ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон 

Намояндагони "Гурӯҳи 24" рӯзи 12-уми март гуфтанд, ки барои пайдо кардани Сӯҳроб Зафар, раҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ба мақомоти Туркия ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар муроҷиат кардаанд.

Намояндагони “Гурӯҳи 24” рӯзи 12-уми март гуфтанд, ки барои пайдо кардани Сӯҳроб Зафар, раҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ба мақомоти Туркия ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар муроҷиат кардаанд.

Суҳроб Зафар рӯзи 10-уми март дар Туркия нопадид шуд. Аз ин пеш, дар моҳи феврал, Насимҷон Шарифов, узви дигари “Гурӯҳи 24” дар Туркия ғайб зад.

Ҷонибдорони “Гурӯҳи 24” мегӯянд, эҳтимол дар кадом муомилаи пинҳонии миёни мақомоти тоҷику турк ин ду нафар “рабуда шуда бошанд”.

Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи “Гурӯҳи 24”, рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт: “Барои пайдо кардани эшон талошҳо кардем, то ин дам натиҷа надод. Ба созмонҳои ҳуқуқи башар, Созмони Милал, Хонаи Озодӣ муроҷиат кардем. Бар илова, ба сафоратҳои Туркия дар кишварҳои гуногун дархост фиристодем, то кумак кунанд. Ҳамчунин як намояндаи худро ба Додситонии шаҳри Истанбул фиристодем.”

Мақомоти Тоҷикистон ва Туркия дар ҳарду маврид иттилое надоданд.

Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқи инсон, рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нопадид шудани ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон “ҷиноят ва мояи нигаронии амиқ аст”.

Свердлов гуфт:

“Мақомоти Туркия ва Тоҷикистон бояд ҳарчӣ зудтар ҷойи нигаҳдории Сӯҳроб Зафарро эълон кунанд. Аз қазо ман бо ӯ дар тамос будам ва дар бораи бенишон шудани Насимҷон Шарифов суҳбат доштам. Ӯ низ аз рӯзи 24-уми феврал бенишон аст ва касе намедонад, ки дар куҷост. Насимҷон ҳам дар Истанбул зиндагӣ мекард” .

Ин ҳомии ҳуқуқи инсон афзуд, ҳангоми суҳбат бо ӯ фаъолони тоҷик гуфтаанд, ки “аз намояндагони хадамоти махсуси Тоҷикистон таҳдидҳои зиёде мегиранд”.

“Мақомоти Туркия ҳам ба онҳо борҳо иттилоъ додаанд, ки зери хатар ҳастанд. Ҳоло ду фаъоли созмон нопадид шудаанд ва ин як аломати фавқулода нигаронкунанда аз саркӯби фаромиллии мухолифон аз тарафи Тоҷикистон ва эҳтимолан даст доштани Туркия дар ин саркӯб аст. Аз ин рӯ, мо аз Душанбе ва Анкара даъват мекунем, бе ягон таъхир ҷойи нигаҳдории ин одамонро эълон кунанд.”

Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузашта дар як гузорише гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти қудрат мухолифонро дар хориҷа ҳам ором намегузорад ва ҳадаф гирифта, саркӯб мекунад.

Пештар дар хабарҳо омада  буд:

Масъулони “Гурӯҳи 24”, ҷунбиши мухолифи фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, гуфтанд, ки раҳбари он Сӯҳроб Зафар ду рӯз боз бедарак аст. Вай дар Туркия қарор дошт.

Дар як моҳи охир ин намояндаи дувуми “Гурӯҳи 24” аст, ки дар Туркия нопадид мешавад. Дар моҳи феврали имсол намояндаи “Гурӯҳи 24” Насимҷон Шарифови 39-сола дар Истанбул бедарак шуд. То ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест.

“Гурӯҳи 24” рӯзи 11-уми март дар изҳороте навишт, “Сӯҳроб Зафар аз субҳи даҳуми март дар тамос нест. Телефонаш низ хомӯш аст. Дар куҷо буданаш маълум нест.”

Идомаи  матлаб дар: …  

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд:

Ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” шоми 23 феврали соли 2024 бо нашри як изҳороти фаврӣ хабар дода, ки намояндаи “Гурӯҳи 24 “ дар Туркия – Насимҷон Шарипов субҳи 23 феврал дар шаҳри Истанбул бедарак гаштааст.

Ба гуфтаи ҳамсафонаш, Насимҷон Шарипов аз субҳи 23 феврал дар тамос нест ва гӯшиаш низ хомӯш буда, ҳеҷ хабаре аз ӯ пайдо накардаанд ва дар куҷо буданашро низ касе намедонад. Идомаи матлаб дар …

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад