Оғози санҷиши довталабони тоҷикистонии таҳсил дар Русия

Дар пойтахти Тоҷикистон санҷишҳои марҳилаи интихобӣ барои довталабони дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия оғоз шуд, ки одатан талабгорони зиёд доранд.

Дар пойтахти Тоҷикистон санҷишҳои марҳилаи интихобӣ барои довталабони дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия оғоз шуд, ки одатан талабгорони зиёд доранд.

Ба гузориши манбаъ:

Санҷишҳои интихобӣ барои довталабоне, ки тибқи квотаи ҳукумати Русия барои таҳсил довталабанд, дар Душанбе оғоз шуд, иттилоъ дод намояндагии “Россотрудничество” дар ҷумҳурӣ.

Аз ин ниҳод иттилоъ додаанд:

“Рӯзҳои 11-15 март дар шаҳри Душанбе барои довталабоне, ки дар доираи квотаи ҳукуматии Русия хоҳишманди таҳсил дар магистратура, резидентура ва аспирантура мебошанд, имтиҳонҳои интихобӣ ҷараён хоҳанд дошт”.

Нахуст мактаббачагоне, ки мехоҳанд ба бакалавриат дар соли таҳсили 2024-2025 дохил шаванд, аз санҷиш мегузаранд.

Намояндагии “Россотрудничество” мегӯяд, дар маъракаи ҷорӣ барои гирифтани квота ҳудуди 5 ҳазор нафар муроҷиат кардаанд, ки 1 ҳазор нафари онҳо барои суҳбат интихоб хоҳанд шуд.

Барои Тоҷикистон яке аз баландтарин шумори квотаҳо – 1 ҳазор ҷой дар донишгоҳҳои Русия ҷудо шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки феълан беш аз 28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Ҳудуди 7 ҳазор нафари дигар дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои донишгоҳҳои русиягӣ – Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишкадаи энергетикии Маскав ва МИСИС дар Душанбе таҳсил мекунанд.

Мақомдорони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, низ таъкид мекунанд, ки ҳамасола шаҳрвандони ҷавони ҷумҳурӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия мераванд.

Масъулин аз ин раванд истиқбол карда, муҳим хондаанд, ки бисёре аз хатмкунандаҳо ҳамчун мутахассис ба Ватан баргарданду барои рушди кишвар мусоидат намоянд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Муовини раиси Россотрудничество ба нақши ҳалкунандаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қабули тасмим дар бораи афзоиши курсиҳо ишора кард.

Барои онҳое, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, миқдори квотаҳо зиёд карда шуд.

Дар ин бора муовини раиси Россотрудничество Павел Шевтсов зимни ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии “Маорифи Русияву Беларус” хабар дод.

Вай гуфт:

“Теъдоди квотаҳо барои соли хониши 2023-2024 ба 1000 адад расонида шуд”.

Шевтсов ҳамчунин нақши раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин масъала зикр кард.

Қарор дар бораи ҷудо кардани курсиҳои иловагӣ мувофиқи хоҳиши роҳбари ҷумҳурӣ қабул шудааст, қайд намуд ӯ.

Илова бар ин, муовини раиси Россотрудничество таъкид кард, ки ин иқдом низ пас аз машваратҳо бо раҳбарияти Вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳамчунин бо ҳамкорони рус ва мустақим бо сафири кишвар дар ҷумҳурӣ амалӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 20 ва 21 май дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-Ярмаркаи XI байналмилалии “Маорифи Русияву Беларус. Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Довталабон, донишҷӯён, омӯзгорон ва волидон метавонанд дар бораи самтҳои муосири таҳсил дар 39 донишгоҳи Русия ва 10 донишгоҳи Беларус маълумот гиранд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад