Афзоиши квотаҳои донишгоҳҳои Русия барои довталабони тоҷик

Муовини раиси Россотрудничество ба нақши ҳалкунандаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қабули тасмим дар бораи афзоиши курсиҳо ишора кард. 

Муовини раиси Россотрудничество ба нақши ҳалкунандаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қабули тасмим дар бораи афзоиши курсиҳо ишора кард.

Ба гузориши манбаъ:

Барои онҳое, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, миқдори квотаҳо зиёд карда шуд.

Дар ин бора муовини раиси Россотрудничество Павел Шевтсов зимни ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии “Маорифи Русияву Беларус” хабар дод.

Вай гуфт:

“Теъдоди квотаҳо барои соли хониши 2023-2024 ба 1000 адад расонида шуд”.

Шевтсов ҳамчунин нақши раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин масъала зикр кард.

Қарор дар бораи ҷудо кардани курсиҳои иловагӣ мувофиқи хоҳиши роҳбари ҷумҳурӣ қабул шудааст, қайд намуд ӯ.

Илова бар ин, муовини раиси Россотрудничество таъкид кард, ки ин иқдом низ пас аз машваратҳо бо раҳбарияти Вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳамчунин бо ҳамкорони рус ва мустақим бо сафири кишвар дар ҷумҳурӣ амалӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 20 ва 21 май дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-Ярмаркаи XI байналмилалии “Маорифи Русияву Беларус. Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Довталабон, донишҷӯён, омӯзгорон ва волидон метавонанд дар бораи самтҳои муосири таҳсил дар 39 донишгоҳи Русия ва 10 донишгоҳи Беларус маълумот гиранд.

Гуфта мешавад, рӯзи 23 май ин ярмарка дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Михаил Галозин”, муовини вазири хориҷаи Русия дар севумин конфронси Осиёи Марказӣ клуби байналмилалӣ гуфтугӯи “Валдай” (Valdai) гуфт: ин кишвар дар соли таҳсилии 2023-2024 теъдоди саҳмия ва квотаи донишҷӯёни кишварҳои ин минтақаро афзоиш хоҳад дод.

Михаил Галозин гуфт: дар соли таҳсилии 2023-2024 мо саҳмияи омӯзиши шаҳрвандони Қазоқистон ба 200 макон, Қирғизистон 200 макон, Узбакистон 50 макон ва Тоҷикистон 152 маконро ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш медиҳем.

Ба гуфта вай, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 185 ҳазор донишҷӯ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия таҳсил мекунанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 68 ҳазори донишҷӯён бо будҷаи ин кишвар таҳсил мекунанд.

Муовини вазири хориҷаи Русия афзуд: қарор аст дар ояндаи наздик шӯъбаҳое аз донишгоҳҳои пешрави Русия дар теъдоде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ шавад.

Вай таъкид кард: дар Қирғизистон барномарезӣ шудааст, ки шӯъбаҳое аз донишгоҳҳои пешрави Русия монанди донишгоҳи давлатии “Ломоносов”, донишгоҳи Федерали Қазон ва мадрасаи олии иқтисод ва дар Узбакистон донишгоҳи Русия барои улуми инсонӣ, донишгоҳи давлатии Маскав “Геодезия и картография” ва донишгоҳи шимол ва Қафқози Федерал ифтитоҳ шаванд.

Мақоми русӣ идома дод: лоиҳаи эҷоди донишгоҳи муштараки Русия ва Туркманистон дар Ишқобод дар марҳалаи ҳамоҳангӣ аст.

Михаил Галозин хулоса кард: ҳамаи инҳо ба 25 шӯъбаи донишгоҳи мо, ки дар ҳоли ҳозир дар Осиёи Марказӣ фаъолият доранд, афзуд мешаванд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад