Оғози моҳи шарифи Рамазон ҳамзамон бо гуруснагӣ дар Ғазза

Дафтари матбуоти давлати Ғазза ҳамзамон бо оғози моҳи шарифи Рамазон дар Фаластин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то дер нашуда барои ҷилавгирӣ аз раванди гуруснагӣ дар Ғазза ва интиқоли садҳо ҳазор тонна аз кумакҳои анборшуда дар он сӯи марзҳо талош ва ин кумакҳои инсониро фавран вориди Ғазза кунанд то фаластиниён дар моҳи шарифи Рамазон аз мушкилоти гуруснагӣ дар амон бимонанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дафтари матбуоти давлати Ғазза бо судури баёнияе ҳамзамон бо оғози моҳи шарифи Рамазон дар сояи истимрори ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза вокуниш нишон доду тасреҳ кард: Миллати Фаластин дар ҳоле вориди моҳи мубораки Рамазон мешавад, ки наслкушӣ ва ҷанг барои гурусна нигаҳ доштану куштор ва овора кардани мардуми Ғазза ва анҷоми ҷиноёти зиддибашарӣ аз сӯи низомиёни исроилӣ бо ҳимояти Амрико ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунон идома дорад.

Ин баёния бо ишора ба инки моҳи шарифи Рамазон дар Ғазза дар шароите оғоз шуда, ки ишғолгарони исроилӣ беш аз 500 масҷидро дар Ғазза ҳадаф қарор додаанд тасреҳ кард: 220 маврид аз ин масоҷид ба сурати комил тахриб шуда ва 290 масҷид низ ба сурати ҷузъӣ осеб дида ва дар айни ҳол ғайри қобили истифода барои барпоии намоз аст.

Давлати Ғазза дар баёнияи худ. Амрико, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ишғолгарони саҳюнистро масъули комили наслкушӣ дар Ғазза донист ва гуфт: Ин ҷинояти байналмилалӣ лаккаи нанге бар пешонии башарият хоҳад буд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ масъули гурусна нигаҳдоштани миллати Фаластин ва ҷиноятҳову наслкушии сурат гирифта алайҳи ғайринизомиён ва занон аст ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем то ба таҷовузгарон барои таваққуфи ин наслкушӣ ва поксозии нажодии зидди миллати Фаластин, фишор биоваранд.

Давлати Ғазза ҳамчунин дар баёнияи худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то дер нашуда барои ҷилавгирӣ аз раванди гуруснагӣ дар Ғазза ва интиқоли садҳо ҳазор тан аз кумакҳои анборшуда дар он сӯи марзҳо талош ва ин кумакҳои инсониро фавран вориди Ғазза кунанд то фаластиниён дар моҳи шарифи Рамазон аз мушкилоти гуруснагӣ дар амон бимонанд.

Моҳи Рамазони имсол дар ҳоле оғоз мешавад, ки ҷанги Исроил дар Навори Ғазза аз 7 октябр дар буҳбуҳаи талошҳои кишварҳои арабӣ ва байналмилалӣ барои барқарории оташбас дар асраъи вақт идома дорад. Дар натиҷаиҷангу маҳдудиятҳои режими саҳюнистӣ сокинони Ғазза ба вижаи манотиқи шимолии он, ба далели камбуди шадиди маводи ғизоӣ об, дору ва сӯхт дар остонаи қаҳтӣ қарор гирифтаанд ва ҳудудани ду миллион фаластинӣ аз наворе, ки 17-сол аст дар муҳосираи ин режимаст овора шудаанд.

Дар ҳамин ҳол бо ба натиҷа нарасидани талошҳо барои эъломи оташбас дар Ғазза пеш аз моҳи муборак, ҷунбиши Ҳамос эълом кард, ки Бенямин Нетаняҳу, нахусти вазири режими саҳюнистӣ хостори оташбас нест ва монеи он мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон аз имрӯз душанбе, 11 март барои фаластиниҳо оғоз шуда, аммо бархилофи солҳои гузашта, тазъиноти маъмулӣ насб нашуда ва лаҳни талхи мушобеҳӣ дар шаҳрҳои саросари каронаи бохтарии ишғолӣ ва Ғазза вуҷуд дорад.

Оғози моҳи Рамазон дар Ғазза бидуни ифтор ва саҳарӣ

Хабаргузории Самои Фаластин низ дар ин бора гузориш дод: Ашраф Ал-қудра, сухангӯи Вазорати беҳдошт дар Ғазза эълом карда, ки кадри пизишкӣ ба таври шабонарӯзӣ дар шимоли Ғазза машғули фаъолият ҳастанд ва чизе барои тағзия надоранд.

Вай таъкид кард: кадри дармон дар натиҷаи набуди ваъдаҳои ғизоӣ бисёр заифу лоғар шудаанд.

Ал-қудра идома дод, ки беш аз 2000 персонели беҳдоштӣ дар шимоли Ғазза моҳи шарифи Рамазонро бидуни саҳарӣ ва ифтор оғоз мекунанд ва аз ниҳодҳои байналмилалӣ ва имдодӣ хост то ғизоҳои омодаро фароҳам кунанд то тимҳои пизишкӣ битавонанд кори худро анҷом диҳанд.

Тадовуми ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи Навори Ғазза ҳамзамон бо моҳи шарифи Рамазон

Хабарнигори шабакаи Ал-маёдини ҳам гузориш дод, ки ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз, 11 март хонаҳои маскуниро дар маркази навори Ғазза ҳадаф қарор доданд.

Рамазон

Латукӯби намозгузорон дар Масҷидулақсо дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазони

Ҳамзамон бо оғози моҳи шарифи Рамазон дар Фаластин, аҳолии Қудси Шариф низ ин рӯзро бо ҳузур дар масоҷид ба вижа Масҷидулақсо оғоз карданд, аммо таҷаммуи намозгузорон дар ин макон бо мамониати неруҳои ишғолгар ва латукӯби онҳо ҳамроҳ буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад