Дархости сафири Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон

Сафири Амрико дар Душанбе бо як паёми шодбошии Рӯзи матбуот аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки аз хабарнигорон пуштибонӣ кунад ва ба ҳаққи онҳо барои озодии баён эҳтиром гузорад.

Сафири Амрико дар Душанбе бо як паёми шодбошии Рӯзи матбуот аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки аз хабарнигорон пуштибонӣ кунад ва ба ҳаққи онҳо барои озодии баён эҳтиром гузорад.

Мануэл Микаллер ин суханҳоро рӯзи 11-уми марти имсол баён дошт. Дар замоне ки дар Тоҷикистон “Рӯзи матбуот” таҷлил ва аз кори рӯзноманигорон қадрдонӣ мешавад.

Ин рӯз дар шароите таҷлил мегардад, ки дар ду соли охир ҳашт рӯзноманингор ва блогери тоҷик дастгир ва аз 7 то 21 сол ба зиндон маҳкум шудаанд. Инчунин, баъзе аз расонаҳои мустақил аз кор монда, чанд хабарнигор барои фаъолият парвона ё иҷозанома надоранд.

Сафири Амрико гуфтааст:

“Иёлоти Муттаҳида рушди касбии журналистонро дар Тоҷикистон фаъолона дастгирӣ мекунад. Мо ин корро тавассути барномаҳои мубодила, дарсҳои забони англисӣ, сафарҳои иттилоотӣ ва дастгирии техникии расонаҳо анҷом медиҳем”.

Мануэл Микаллер афзудааст, расонаҳои озоду мустақил ба ҷомеа имкон медиҳанд, ки дар бораи ончи дар гирду атрофашон мегузарад, иттилоъ ёбанд, назару мавқеъҳои гуногунро фаҳманд ва хулосаи оқилона бароранд.

Вай илова кардааст:

“Матбуоти мустақил як унсури асосии бунёди демократия дар Тоҷикистон ва дар саросари ҷаҳон аст”.

Созмону кишварҳои ғарбӣ солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён, бастану аз саҳна рондани расонаҳои мустақил ва саркӯби хабарнигорон танқид мекунанд.

Freedom House ё Хонаи Озодӣ рӯзи якуми марти имсол дар гузорише гуфт, “чунин бархӯрд бо матбуот боис ба он шудааст, ки мардуми одӣ ҳам дар Тоҷикистон акнун барои пешгирӣ аз таъқиб талош мекунанд дар баёни андеша эҳтиёткор бошанд.”

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Як гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид СММ аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки бархӯрдаш бо ҷомеи шаҳрвандиро дигар намуда, ба ҷои душман донистани ҳомиёни ҳуқуқ бо онҳо ҳамкорӣ кунанд.

Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки моҳи ноябри соли гузашта мақомоти тоҷик аз қатъи фаъолияти 700 созмони ҷамъиятӣ дар давоми 18 моҳ хабар дода буданд.

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи инсон гуфтааст, “барҳам додани созмонҳои ҷамъиятие, ки аз ҳуқуқи башар ҳимоят мекарданд, далели бад шудани фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст.”

Тоҷикистон ҳанӯз ба ин даъвати гузоришгари вижаи СММ вокуниш накардааст, вале дар гузашта гуфта буданд, ки созмонҳои ҷамъиятиро бо далели риоя накардани қонун бастаанд.

Гузоришгари СММ гуфтааст: идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад