Афзоиши бурсияҳои таълимии донишгоҳҳои Русия барои кишварҳои дӯст

Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Валерий Фалков, 2 март аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе боздид намуда, дар баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ иштирок кард.

Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Валерий Фалков, 2 март аз филиали Донишгоҳи давлатии Масква ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе боздид намуда, дар баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ иштирок кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Зимни мулоқот лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ, инчунин якчанд масъалаҳои марбут ба густариши номгӯи барномаҳои таълимӣ, ки дар филиалҳои Душанбегии донишгоҳҳои Русия амалӣ карда мешаванд, ҳамоҳангсозии маъракаҳои қабул ва дигар мавзуъҳои марбут ба донишгоҳҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Валерий Фалков иброз дошт, ки ҷониби Русия як барномаи бузурги давлатиро ҷиҳати пешниҳоди бурсҳои таълимӣ ва роҳандозии тарҳҳои муштарак барои давлатҳое, ки онҳоро таърихи муштараки шӯравӣ ва узвият дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ муттаҳид мекунад, таҳия менамояд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Русия беш аз 900 бурсияи таҳсили ба шаҳрвандони тоҷик ихтисос дод.

Дар ҳаждаҳумин комисяи байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе ишора шуд, ки дар соли таҳсилии 2023-2024 теъдоди 902 бурсияи таҳсили ба шаҳрвандони тоҷик барои таҳсил дар муассисаҳои омузиши олиии Русия ихтисос ёфта аст.

Ҳамонтавре, ки Вазорати улум ва омузиши олии Русия гузориш дод тарафи тоҷик ва рус дар ин иҷлос иқдомоти итминонбахш аз пазириши шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои омузиши олии Русия дар соли таҳсилии 2023-2024 дар бурсияҳои таъиншуда тавассути Русияро мусбат арзёби карданд.

Гуфта шуд, ки дар соли ҷорӣ давлати Русия 750 бурсия барои мутақозиёни Тоҷикистон ихтисос дод, ки нисбат ба соли таҳсилии гузашта 105 бурсия афзоиш ёфта аст.

Дар ин нишаст ба масоили муҳоҷират низ таваҷуҳ шуд ва Алексей Оверчук, муъовини нахуствазири Русия изоҳр кард, барномарези шуда аст то сомонае роҳандози шавад, ки ба афрод имконият медиҳад дар бораи маҳдудиятҳои вуруди шаҳрвандон бархати иттилоъоти қобили эътимод ба даст оваранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад