Посухи Ал-Азҳар ба шубҳаи шайхи иморотӣ дар бораи тарки намоз

Маркази фатвои Ал-Азҳар дар вокуниш ба шубҳаи шайхи иморотӣ дар бораи адами зикри муҷозот барои тарккунандаи намоз дар Қуръони Карим навишт: Тарки намоз бар ду навъ аст: Касе, ки дониста намоз нахонад; ва касе, ки аз рӯи сустӣ ва танбалӣ ин фаризаро баҷо наорад; ҳар кадом ҳукми худро барои муҷозот дар пешгоҳи Худованд дорад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Васим Юсуф, руҳонии иморотӣ дар наворе, ки дар интернет нашр кард, муддаӣ шуд, ки ҳаргиз дар Қуръон муҷозоте барои мусулмоне, ки намозро тарк мекунад, пайдо намекунед чун намоз муҳаббат ва ишқ меораду Худованд ҳеч бандаеро ба ишқ ва дустдоштани худ маҷбур намекунад.

Вай афзуд: “Худованди Мутаол дар бораи муҷозоти намоз барои мусулмонон сухане ба миён наёварда балки дар бораи инкоркунандагони намоз сухан гуфтааст.”

Маркази фатвои донишгоҳи Миср, Ал-Азҳар дар вокуниш ба шубҳаи ин шайхи иморотӣ навишт: Тарки намоз бар ду навъ аст: Касе, ки дониста намоз нахонад; ва касе, ки аз рӯи сустӣ ва танбалӣ ин фаризаро баҷо наорад; ҳар кадом ҳукми худро барои муҷозот дар пешгоҳи Худованд дорад.

Дар идома баён шудааст: Касе, ки дониста намоз нахонад, инкоркунандаи ин фаризаи динӣ аст ва қатъан ба ҳукми илоҳӣ муҷозот хоҳад шуд. Аммо агар касе аз рӯи сусутӣ ва танбалӣ намозро тарк кард гуноҳи кабира анҷом дода, аммо кофир ва муртад нест.

Маркази фатвои Ал-Азҳар дар идома баён мекунад: Тарки намоз сабаби каффора нест, аммо агар ба далели хобмондан, фаромӯшӣ ё танбалӣ хонда нашавад бояд қазои он дар ҳар замоне, ки фард тавонист баҷо оварда шавад; зеро ки қазои фарзҳои тарк шуда дар ҳар замоне, ки бошад ҷоиз аст ва шарт аст, ки намозгузор агар ҳар 5 намозаш қазо шуд ҳар якро ба тартиб қазо кунад ва агар теъдоди намозҳои қазо шуда бештар буд тартиб надошта ва фақат бояд онҳоро баҷо орад.

Дар ҳамин росто, шайх Абдулғании Ҳиндӣ, олими Ал-Азҳар ва узви Маҷлиси аълои умури исломии Миср низ дар посух ба шубҳаи шайхи иморотӣ гуфт: Азоби тарккунандаи намоз дар китоб ва суннати ворид шудааст ва Паёмбар (с) дар бораи он суҳбат кардааст. Худованд дар сураи мубораки Моъун мефармояд:

فَوَيْلٌ لِلْمُصَلِّينَ ﴿۴﴾ الَّذِينَ هُمْ عَنْ صَلَاتِهِمْ سَاهُونَ ﴿۵﴾ الَّذِينَ هُمْ يُرَاءُونَ ﴿۶﴾ وَيَمْنَعُونَ الْمَاعُونَ ﴿۷﴾

Тарҷума: “Пас, вой бар намозгузорон; Ҳамонҳое, ки онҳо аз намозашон ғофиланд; Касоне, ки худ риёкорӣ мекунанд; Ва ниёзҳо[-и дигарон]-ро манъ мекунанд”. (Сураи Моъун, ояти 4 то 7)

Ин олими Ал-Азҳари Миср бо таъкид бар ин ки сухани воизи иморотӣ нодуруст ва иштибоҳ аст, афзуд: Ҳар кас намозро аз рӯи ғафлат тарк кунад, аз ӯ хоста мешавад то тавба кунад ва бозгардад, аммо касе, ки дар намози худ танбалӣ мекунад бояд рӯи намозаш исрор дошта бошад ва ҳар кадом ҳам азоб ва муҷозоти махсуси худро дорад. Ҳатто дар бораи ба таъхир андохтани намоз ҳам муҷозоте вуҷуд дорад ва аз боби авлавият, барои тарки намоз низ муҷозоте таъйин шудааст.

Қобили зикр аст, ки илова бар матолибе, ки уламои азизи Ал-Азҳар дар посух ба шубҳаи шайхи иморотӣ баён кардаанд, дар сураи Муддассир мехонем, ки вақти биҳиштиён аз дӯзахиён мепурсанд: Чӣ шуморо ба дӯзах ворид кард?! Дузахиён яке аз далелҳои дӯзахӣ шуданашонро намозгузор набудан медонанд.

Қуръони Карим дар ин бора мефармояд:

مَا سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ﴿42﴾  قَالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ﴿43﴾

Тарҷума: “Чӣ чиз шуморо ба дӯзах даровард?” (дар ҷавоб) Гӯянд: «Аз намозгузорон набудем”.

Ҷавобе, ки дӯзахиён медиҳанд нишон медиҳад намозе, ки гоҳу бегоҳ хонда шавад, инсонро аз ҷумлаи намозгузорон қарор намедиҳад тавре, ки мегӯянд: Аз намозгузорон набудем; яъне намози мо идомадор набуд. Қуръони Карим мефармояд, намозе, ки сустӣ ва танбанлӣ дар он бошад, инсонро ба шафоъати шофиъон дихил намекунад. Чи расад ба онки шахс комил намозро тарк кунад; бале дуруст аст бо як маротиба тарк кардани намоз касеро ба дӯзах намедароранд, исрор ба тарки намоз аст, ки сабаби дӯзахӣ шудани инсон мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад