Тавофуқи Тоҷикистон ва Эрон барои истеҳсоли муштараки дору

Вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Эрон дар ҳошияи баргузории нахустин Нишасти байналмилалии ҳимояти ҳамагонии саломати хонавода, ки дар Теҳрон баргузор мешавад, дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурстии кишвар ва Баҳроми Айнуллоҳӣ, вазири тандурустии Эрон дар ҳошияи баргузории нахустин Нишасти байналмилалии ҳимояти ҳамагонии саломати хонавода дар пойтахти Эрон дидору гуфтугӯ карданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин гуфтугӯ бо ташаккур аз Вазорати тандурустии Эрон барои баргузории Нишасти байналмилалии ҳимояти ҳамагонии саломати хонавода гуфт: Умедворем бо барномарезиҳое, ки сурат мегирад, ҳамкориҳои густардае бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи тандурустӣ дошта бошем.

Вазири тандурстии кишвар бо муваффақ хондани санъати дорусозии Эрон, хостори истеҳсоли маҳсулоти доруии муштарак бо Эрон шуд.

Вай афзуд, дар соҳаи маориф ҳам метавонем аз ҳузури устодону мутахассисони эронӣ баҳра барем.

Вазири тандурустии Эрон ҳам бо баёни ин ки фасли ҷадиде аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон оғоз шудааст, бар ташкили коргуруҳе муштарак байни ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва густариши ҳамкориҳо аз тариқи ин коргуруҳ таъкид кард.

Айнуллоҳӣ афзуд: Барномаҳои муштараке бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар соҳаҳои тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкӣ тадвин шудааст, ки аз муҳимтарини онҳо метавон ба табодули устоду донишҷӯ, баргузории ҳамоишҳои илмии муштарак ва иҷрои барномаҳои таҳқиқотӣ ва пажӯҳишӣ ишора кард.

Айнуллоҳӣ ҳамчунин ба тавонмандиҳои ҳавзаи дору ва таҷҳизоти пизишкии кишвараш ишора карду гуфт: Омодаем доруҳо ва таҷҳизоти пизишкии худро ба Тоҷикистон содир кунем ва тавлидоти муштараки дорусозӣ бо кишвари Тоҷикистон дошта бошем.

Вазири тандурустии Эрон дар идомаи ин дидор ба иқдомоти соҳаи тандурустии кишвараш дар заминаи пешгирӣ аз бемориҳо ишора карду гуфт: Яке аз муҳимтарин барномаҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ иҷро шудааст барномаи “саломати хонавода” аст, ки омодаем таҷрибаҳои худ дар ин заминаро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳем.

Вай дар бораи дармони бемории саратон ҳам гуфт, метавонем дар ин замина бо Тоҷикистон ҳамкориҳои таҳқиқотӣ ва дармонӣ дошта бошем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад