Қатъномаи Амрико барои оташбаси 6 ҳафтаӣ дар Навори Ғазза

Амрико бо тағйири мавзеи худ дар бораи пешнависи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз оташбаси фаврии 6 ҳафтаӣ дар Ғазза ба ҳамроҳи озодии тамоми усаро ҳимоят кардааст.

Ба гузориши Алҷазира, манобеи дипломатик ба шабакаи телевизионии Алҷазира гуфтанд, ки Амрико пешнависи қатъномаеро дар Шӯрои Амният тавзеъ кардааст, ки аз оташбаси 6 ҳафтаӣ дар Навори Ғазза ҳимоят мекунад.

Ин манобеъ афзуданд, ки пешнависи қатъномаи Амрико озодии тамоми зиндониёни боздошт шуда дар Ғаззаро пас аз мувофиқати ҳамаи тарафҳо хостор шудааст.

Вироиши севуми матни ин пешнавис, ки аввалин бор тавассути Иёлоти Муттаҳида 2 ҳафта пеш пешниҳод шуд, акнун баёнгари изҳороти сареҳи Камила Ҳерис, муовини Ҷо Байден дар бораи «оташбаси муваққати» Ғазза аст.

Ба нақл аз хабаргузории Рейтер, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ҳаргуна ҳимояти Шӯрои Амният аз оташбас бо озодии усарои саҳюнист дар Ғазза муртабит бошад.

Вашингтон ҳамчунин бо вожаи оташбас мухолиф буд ва се қатъномаи Шӯрои Амниятро, ки дар ду тои он, оташбаси фаврӣ дархост шуда буд, вето кард ва ахиран ҳам ин иқдомашро ингуна тавҷеҳ кард, ки чунин қатъномае, иқдомот ва талошҳои Миср, Амрико ва Қатарро дар миёнҷигарии вақфаи ҷанги Ғазза ва озодии усаро ба хатар меандозад.

Интишори ин хабар, ки ҳанӯз ба сурати расмӣ таъйид нашуда дар ҳоле аст, ки Амрико дар нишасти рӯзи сешанбе 20 феврал 2024 пешнависи қатъномаи пешниҳодии Алҷазоирро вето кард, ки хостори оташбаси фаврии башардӯстона буд, ки бояд тавассути ҳамаи тарафҳо риоят шавад.

Ин қатънома 13 раъй мусбати Шӯрои 15 узви амниятро касб кард, аммо Амрико бо мухолифати бо он, мӯҷиби тасвиб нашудани он ё ҳамон ветои қатънома шуд. Англис дигар узви Шӯрои Амният низ ба он раъйи мумтанеъ дод.

Ин севумин боре буд, ки қатъномаи пешниҳодӣ барои барқарории оташбас дар Ғазза аз сӯи Амрико вето мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад