Истикбори ҷаҳонӣ бо ҷумҳурият ва исломияти низоми Эрон мухолифанд

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари Инқилоби Исломии Эрон субҳи имрӯз дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми вилояти Озарбойҷони шарқӣ, «нигоҳ ба худ» барои «тақвияти нуқоти қувват, комёбӣ ва рафъи нуқоти заъф» ва нигоҳи ҳӯшмандона ва таслимнопазир ба душманро ду вазифаи муҳим ва асосӣ баршумурд ва бо таъкид бар аҳамияти ваҳдати миллӣ ва интихоботи 11 исфандмоҳи 1402 ҳиҷрӣ-шамсӣ ба унвони роҳҳали мушкилот ва ислоҳи умур, ҳамаро ба ширкати пуршӯр дар ин рӯйдоди муҳими миллӣ фаро хонд ва нукоти муҳимеро дар боби чигунагии интихоби номзади солеҳтар, истеҳкому саломати интихобот ва парҳез аз бадахлоқиҳои интихоботӣ баён кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба дархости яке аз раисҷумҳурҳои қаблии Амрико аз мардуми Эрон барои ширкат накардан дар яке аз интихоботи гузашта гуфт: Он раисҷумҳур надониста ба Эрон кумак кард, зеро мардум аз сари мухолифат бо ӯ, бештар ва пуршӯртар аз ҳамеша дар интихобот ширкат карданд. Ба ҳамин иллат амрикоиҳо дигар ингуна сухан намегӯянд, аммо бо шеваҳои мухталиф ба дунболи дур ва маъюс кардани мардум аз интихобот ҳастанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҷабҳаи истикборро бешак мухолифи интихоботи Эрон дониста ва гуфт: Интихобот мазҳари ҷумҳурияти низом аст ва ба ҳамин иллат мустакбирон ва Амрико ҳам бо ҷумҳурият ва ҳам бо исломияти низом мухолифанд ва бо интихобот ва ҳузури пуршӯри мардум пои сандуқҳои раъй мухолиф ҳастанд.

Ишон бо ишора ба дархости яке аз раисҷумҳурҳои қаблии Амрико аз мардуми Эрон барои ширкат накардан дар яке аз интихоботи гузашта гуфт: Он раисҷумҳур надониста ба Эрон кумак кард, зеро мардум аз сари мухолифат бо ӯ, бештар ва пуршӯртар аз ҳамеша дар интихобот ширкат карданд. Ба ҳамин иллат амрикоиҳо дигар ингуна сухан намегӯянд, аммо бо шеваҳои мухталиф ба дунболи дур ва маъюс кардани мардум аз интихобот ҳастанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ интихоботро рукни аслии низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва роҳи ислоҳи кишвар хонда ва гуфт: Ҳама бояд дар интихобот ширкат кунем. Касоне, ҳам ки ба дунболи тармим ва ҳали мушкилот ҳастанд, роҳи дурусти он интихобот аст ва бояд ба интихобот рӯ кунанд.

Ишон интихоби шоистатаринро зарурӣ дониста ва афзуд: Ҳамаи афроде, ки аз назорати “Шӯрои нигаҳбон” гузаштаанд , солеҳанд, аммо ба ҳукми ақл бояд аз байни онҳо, афроди солеҳтарро интихоб кард ва барои шинохти солеҳтар, мардум, то ҷое ки тавони баррасӣ доранд, таҳқиқ кунанд ва агар наметавонанд ба назари афроди боваринок, диққат ва амал кунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ вазифаи суханварон ва афроди мақбулро ташвиқи мардум ба ҳузур дар интихобот хонда ва таъкид кард: Афроде, ҳам ки вориди майдони интихобот шудаанд, аз бадахлоқӣ, баддаҳанӣ ва тавҳину туҳмат ба дигарон дар таблиғот ва фазои маҷозӣ ва ҳамчунин аз сиёҳнамоӣ ва баёни матолиби дурӯғу хилофи воқеъ барои ҷалби назари мардум парҳез кунанд, зеро ин корҳо сабаби аз даст додани баракат ва инояти илоҳӣ аст.

Ишон бо таъкид бар риояти сиҳҳат, саломат ва истеҳкоми интихобот ба унвони мутолибаи ҳамешагӣ аз масъулон афзуд: Албатта дар тӯли ин чанд даҳа, ҳаргиз тахаллуфи интихоботӣ ба маънои мавриди иддаои душман мушоҳида нашуда ва ин ҳарфи онон беасос аст. Дар мавориде ҳам ки бархе иддаоҳое матраҳ карданд, пас аз таҳқиқу баррасии бархе тахаллуфот мушаххас шуд, аммо ҳеч гоҳ ин тахаллуфот тағйире дар натоиҷи куллӣ ба вуҷуд наёварда буд ва интихобот дар кишвар ҳамеша саҳеҳ, солим ва матин баргузор шудааст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ иттиҳоди миллати Эронро рамзи пирӯзӣ ва истимрори Инқилоби Исломӣ хонда ва таъкид кард: Дар оянда низ бояд ҳамчун яди воҳидаи ин масирро идома диҳем ва ихтилофҳои салиқаӣ ва сиёсӣ набояд дар ваҳдати миллии Эрон дар муқобили душманон таъсиргузор бошад.

Ишон бо ташаккури самимона аз мардуми саросари кишвар ба хотири роҳпаймоии пуршӯри 22 баҳман ба муносибати солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар соли 1979, гуфт: Миллат дар ҳамаи шаҳрҳои бузургу кучак ва рустоҳо, ҳиммату сарзиндагӣ ва сарафрозии инқилобии худро нишон дод ва касонеро, ки хоҳони дилмурдагии мардуми Эрон ва фаромӯш шудани 22 баҳман ҳастанд, ғофилгир кард .

Ӯ бо тақдир аз барқароркунандагони фидокории амнияти роҳпаймоии саросарӣ, роҳпаймоии пурмаънои миллатро боиси афзоиши ангеза ва рӯҳияи масъулон дониста ва афзуд: Ин ҳузури миллӣ хуни тозае дар рагҳои ҷомеа, миллат ва масъулон медамад .

Оятуллоҳ Хоманаӣ қиёми 29 баҳмани 1356 ҳиҷрӣ-шамсии мардуми Табрезро ҳодисаи таърихсоз хонда ва гуфт: Он ҳодиса нагузошт, ки қиёми 19 дайи мардуми Қум бенатиҷа бимонад ва бо густариши рӯҳияи қиёму шӯри инқилобӣ ба саросари кишвар, заминасози пирӯзии инқилоб дар 22 баҳмани 1357 ва варақ хӯрдани таърихи Эрон шуд .

Ишон шинохти ба мавқеи вазифа ва қиёму иқдоми ба ҳангом дар адои он вазифаро ду вижагии барҷастаи ҳодисаи 29 баҳмани Табрез баршумурд ва гуфт: Таввобин ба мавқеъ эҳсоси вазифа ва амал накарданд ва дар Ошуро ғоиб буданд; ба ҳамин иллат бо вуҷуди қиёми дерҳангому шаҳодати ҳамагӣ, таъсире дар таърих нагузоштанд.

Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон мардуми Озарбойҷонро мазҳари ғайрат ва ишқу шӯру имон дар таърих ва дар даврони муосир ва даҳаҳои ахир донист ва афзуд: Бояд аз вижагиҳои ҳодисаи 29 баҳмани Табрез дарс бигирем.

Ишон бо ишора ба рушд ва қавитар шудани инқилоб дар умри пурбаракати 45-солаи худ дар тӯфони ҳаводису татеаҳо ва фитнаҳо, афзуд: «Инқилоб ба маънои миллату низом» бо убур аз гарданаҳои сахт, мустаҳкамтар, муқтадиртар ва дорои нигоҳу таъсири нофизтар шудаанд ва мо имрӯз бояд бо дарки ба мавқеи вазоифи аслӣ, ба ҳангом ба онҳо амал кунем.

Оятуллоҳ Хоманаӣ «нигоҳ ба худ ва нигоҳ ба душман»-ро ду вазифаи асосии ҳамагонӣ баршумурд ва гуфт: Бояд аз худ ва душман арзёбии саҳеҳ дошта бошем ва ғафлат аз ин вазифа балои бузурге аст.

Ишон ҳадаф аз шинохти худро «қадрдонӣ, ҳифзу тақвияти нуқоти қувват ва тармиму рафъи нуқоти заъф» донист ва дар табйини нуқоти қуввати инқилоб ва миллат гуфт: Решакании низоми истибдодии золими ҳақкуши беимони комилан фосиду салтанатӣ, муҳимтарин дастоварди инқилоб аст; низоме, ки барои мардум ҳеҷ ҳақу эҳтиром ва нақше қоил набуд ва дар бисёре аз маворид амалан бо фармону хости амрикоиҳо ва сафорати Англис ҳукмронӣ мекард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: Акнун дуруст дар нуқтаи муқобили он низоми мунҳат, мардум молики кишвар ва низом ҳастанд ва бо интихоби мустақим ё ғайри мустақим масъулони аслии кишвар ҷиҳати ҳаракати мамлакатро таъйин мекунанд.

Ишон эҷоди худбоварии миллӣ ва эҳсоси тавоноӣ дар арсаҳои мухталифи илму фанноварӣ, дифоӣ, пизишкӣ ва дигар заминаҳоро дигар дастоварди муҳими инқилоб баршумурд ва афзуд: Ин эътимод ба нафс, бархилофи даврони тоғут дар арсаи байналмилалӣ ва мувоҷеҳа бо қудратҳо низ машҳуд аст.

Густариши фикру арзишҳои инқилоб ба вижа дар минтақа, тавфиқи нисбӣ дар ҷилавгирӣ аз густариши фарҳанги ғарбӣ ба унвони фарҳанги ғолиб, ташкили гурӯҳҳои худҷӯши мардумӣ дар ҳамаи заминаҳо ва густариши хадамот ба ҳамаи манотиқи кишвару парвариши донишмандони ҷаҳонӣ дар риштаҳои мухталиф аз дигар муваффақиятҳое буд, ки ишон дар арзёбии ҳаракати инқилоб ба онҳо ишора кард.

Ишон дар ҳамин замина афзуд: Бархе ба ҳақ нигарони афзоиши ба хориҷ рафтани бархе мутахассисон ҳастанд, аммо рӯи дигари ин масъала қудрати Эрон дар судури афроди мутахассис ва асаргузор аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини бахши дигаре аз абъоди вазифаи нигоҳ ба худ яъне шинохти нуқоти заъфу талош барои бартараф кардани онҳо гуфт: Дар канори нуқоти қувват нуқоти заъфе ҳам дорем, ки кам ҳам нестанд аз ҷумла ин ки мо дар сохти як иқтисодии қавии миллӣ ақиб ҳастем ва бо вуҷуди корҳои хуби анҷом шуда, аммо дар адолати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва қазоӣ, ки аз бартарин шиорҳо ва бузургтарин аҳдофи инқилоб буда то нуқтаи матлуб фосилаи зиёде дорем.

Ақиб будан дар решакании осебҳои иҷтимоӣ ҳамчун талоқ ва эътиёду мушкилоти ахлоқӣ ва ҳамчунин фосила доштан бо сабки зиндагии исломӣ аз ҷумла дурӣ аз исроф ва ашрофигарӣ аз дигар нуқоти заъфе буд, ки ишон кору талош барои рафъи онҳоро вазифаи ҳама донист.

Ишон дар табйини вазоифи ҳамагонӣ барои тақвияти нуқоти қувват ва рафъи нуқоти заъф, вазифаи давлату маҷлис ва дигар марокизи расмиро азми росих, кори мудовим, саломат дар амал, садоқат бо мардум ва тарҷеҳи манофеи миллӣ бар суди шахсӣ хонд ва афзуд: Имрӯз, биҳамдиллоҳ масъулони аршади кишвар аз ин имтиёзот бархурдоранд, аммо ин хусусиёти мусбат бояд дар ҳамаи сутуҳи масъулони ҳокимиятӣ густариш пайдо кунад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ вазифаи нухбагонро ҳам эҳсоси масъулият барои шиносоии халаъҳоува манофизи хатар ва кумаки фикрӣ ба масъулон барои бастани онҳо баршумурданд ва дар табйини вазоифи зиёди ҷавонон гуфт: Имрӯз, ҷавонони зубдаи зиёде дар баданаи давлат машғул ба кор шудаанд, ҷавонон, ки пешрони ҷомеа ҳастанд, бояд омодагӣ ва салоҳиятҳои лозимро барои ҳузур дар майдонҳои гуногуни фардо ва анҷоми масъулиятҳои сангин дар худ эҷод кунанд.

Ишон вазифаи умуми мардумро ҳифзи иттиҳоди миллӣ ва ҳимоят аз масъулон ва хидматгузорон ва корҳои хуб хонд ва гуфт: Ҳама тавваҷуҳ дошта бошанд, ки анҷом додани ин вазоифу масъулиятҳо, амали ҷиҳодӣ дар муқобили душман аст, зеро онҳо намехоҳанд ин вазоиф амалӣ шавад ва ба ҳамин иллат бо ҳар кори хубе, ки дар Ҷумҳурии Исломӣ анҷом шавад, мухолиф ҳастанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ пас аз табйини абъоди вазифаи асосии нигоҳ ба худ, дар баёни вазифаи муҳими дувум яъне «нигоҳ ба душман», гуфт: Бояд аз душман ва макру ҳила ва абзорҳои он ғафлат накунем ва зимни ин ки душманро заъифу нотавон фарз намекунем аз ӯ ва таҳдиду фишор ва арбадакашиҳояш натарсем.

Ишон иллати найрангҳо ва фишорҳои асабии бадхоҳони Эронро нуқоти қувват ва пешрафтҳои Инқилоби Исломӣ донист ва афзуд: Набояд дар муқобили душман таслим шуд, чунки сиёсати онҳо таҳқиру таслим кардани тарафи муқобил аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад