Ҳамлаи ҳавоии режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба шаҳри “Рафаҳ”

Шабакаи хабарии "Ал-Ҷазира" бомдоди имрӯз якшанбе гузориш дод, ки ҷангандаҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ, урдугоҳи "Ябина" дар шаҳри Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Навори Ғаззаро бомбаборон карданд.

Ба гузориши манобеи маҳаллӣ, ҷангандаҳои режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ, бомдоди имрӯз якшанбе бо ҳамлаи дубораи ҳавоӣ шаҳри “Рафаҳ” воқеъ дар ҷануби Навори Ғаззаро бомбаборон карданд.

Шабакаи хабарии “Ал-Ҷазира” дар хабари фаврӣ дар ин бора гузориш дод, ки ҷангандаҳои режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ, урдугоҳи “Ябина” дар шаҳри Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Навори Ғаззаро бомбаборон карданд.

Хабарнигори шабакаи “Ал-Маёдин” низ гузориш дод, ки дар бомбаборони урдугоҳи оворагон дар шимоли шаҳри Рафаҳ, 6 нафар аз ҷумла ду кӯдак ва як зан ба шаҳодат расиданд.

Пештар рӯзномаи “Haaretz” ба нақл аз манобеи мутталеъ навишт, ки изҳороти мақомоти Телавив дар бораи эҳтимоли ҳамла ба шаҳри Рафаҳ мумкин аст Ҳамосро барои дастёбӣ ба тавофуқи озодии усарои режими саҳюнистӣ таҳти фишор қарор диҳад.

Бо ин ҳол шабакаи “CNN” гузориш дода буд, ки тасовири моҳвораӣ нишон медиҳад, ки Миср дарҳоли сохти як мантиқаи ҳоили деворкашӣ шуда дар марзи Ғазза аст.

Ин сохтусоз дар ҳоле анҷом мешавад, ки бими он меравад, ки вазъияти инсонии ваҳшатнок дар Ғазза бо ҳамлаи заминии ишғолгарон ба шаҳри Рафаҳ дар ҷанубитарин бахши Навори Ғазза, ки маҳалли истиқомати беш аз як миллион овораи фаластинии гурехта аз ҷанг аст, вахимтар шавад.

Бомдоди имрӯз якшанбе ҳамчунини “Самеҳ Шукрӣ” вазири умури хориҷаи Миср гуфт, ки Қоҳира оворашудани фаластиниҳо аз Навори Ғаззаро ғайри қобили қабул медонад, аммо кишвараш бо онҳо рафтори инсонӣ хоҳад дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад