Боздошти 2 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Лаҳистон

Хадамоти марзбонии Лаҳистон (Полша) рӯзи 15 феврали соли 2024 хабар дод, ки дар марзи ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо бо Беларус дар як ҳафтаи охир ду шаҳрванди 23- ва 33-солаи Тоҷикистон бо ду мошини гаронбаҳои тамғаҳои Land Rover – Range Rover Sport ва BMW XM, ки арзиши умумиашон беш аз якуним миллион злотий, ё ҳудуди 384 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ба даст афтодаанд. Маълум шуд, ки ҳарду ҷипро аз Олмон дуздидаанд.

Хадамоти марзбонии Лаҳистон (Полша) рӯзи 15 феврали соли 2024 хабар дод, ки дар марзи ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо бо Беларус дар як ҳафтаи охир ду шаҳрванди 23- ва 33-солаи Тоҷикистон бо ду мошини гаронбаҳои тамғаҳои Land Rover – Range Rover Sport ва BMW XM, ки арзиши умумиашон беш аз якуним миллион злотий, ё ҳудуди 384 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ба даст афтодаанд. Маълум шуд, ки ҳарду ҷипро аз Олмон дуздидаанд.

Бино ба гузориши ахири марзбонони Лаҳистон, дар рӯзҳои истироҳати гузашта (10-11 феврал)  марзбонони воҳиди сарҳадии Буг як мошини ҷипи гаронбаҳои дуздиро ошкор карданд, ки нархаш 700 ҳазор злотий, ё тақрибан 172 ҳазор доллар баровард шудааст.

Дар хабар гуфта мешавад:

“Марзбонони Лаҳистон дар гузаргоҳи автомобилии Тереспол шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро, ки бо мошини тамғаи Land Rover – Range Rover Sport, сохти соли 2024, қасди убури марзи Лаҳистон бо Беларусро дошт, манъ карданд. Рафтори асабонии ронандаи мошини гаронбаҳо таваҷҷуҳи марзбонҳоро ҷалб кард. Маълум шуд, ки ин мошини тақрибан нав аз ҷониби мақомоти Олмон ҳамчун мошини гумшуда дар ҷустуҷӯ қарор дода шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса маводи аввалия тартиб дода шуда, ронанда ва мошинро ба кормандони пулиси Тереспол супурданд”.

Ин Land Rover алакай дуюмин мошини гаронбаҳоест, ки рӯзҳои охир дар марзи Полша бо Беларус ба даст меафтанд. Ҳафтаи гузашта марзбонони ҳмин воҳиди сарҳадии Буг як мошини ҷипи тамғаи BMW XM, арзишаш 850 000 злотий, ё тақрибан 212 ҳазор долларро мусодира карданд.

Пойгоҳи хабарии “Автобизнес” бо такя ба марзбонони Полша хабар дод, ки ин ҷипи BMW XM низ аз Олмон дуздида шуда, ронандааш 33 сол дошта, ӯ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Марзбонони Полша гуфтаанд, ки ин ду мошини аз шаҳрвандони Тоҷикистон гирифташуда гаронбаҳотарин мошинҳоеянд, ки имсол дар марзи ин кишвар бо Беларус ба даст афтоданд.

Соли 2023 марзбонони воҳиди сарҳадии Буг 192 мошини дуздӣ бо арзиши умумии 19 миллион злотий, ё наздики 5 миллион долларро мусодира карда буданд.

Шаҳрвандони дастгиршудаи Тоҷикистон барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд. Маълум нест, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дидаю дониста ҷипҳои дар Олмон дуздидашударо  бо худ мебурданд ваё худ қурбони фиреби мошиндуздон шудаанд?

Қаблан Хадамоти марзбонии Литва (VSAT) хабар дод, ки дар рӯзи иди Соли нав, яъне 31 декабри соли 2023, як шаҳрванди  40-солаи Тоҷикистон дар марзи Литва бо Беларус бо мошини ҷипи рангаш сафеди тамғаи гаронбаҳои “Mercedes-Benz GLE”, ки тоза як ҳафта қабл аз сӯи пулиси Олмон ҳамчун мошини дуздидашуда ба рӯйхатти сиёҳ илова гардида буд, ба даст афтодааст.

Бино ба гузориши марзбонони литвонӣ, рӯзи 31 декабр онҳо дар гузаргоҳи Райгардас санадҳои шаҳрванди Тоҷикикистонро, ки мехост бо мошини ҷипи рангаш сафеди сохти соли 2022 ва бо рақамҳои Олмон аз Литва ба Беларус биравад, тафтиш кардаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Литва ҳаққи иқомат доштааст, вале тафтиши маълумот дар бораи мошини ҷипи ӯ нишон дод, ки ин мошин аз 23 декабри соли 2023 аз ҷониби пулиси Олмон таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми хариду фурӯши молҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада тафтишот оғоз кардаанд. Қонунҳои Литва барои чунин аъмол ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт ё то 6 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Дар солҳои охир матбуоти Ғарб, бештар расонаҳои Олмон, дар бораи аз Аврупо ба Тоҷикистон интиқол ёфтани даҳҳо мошини дуздӣ гузоришҳо нашр мекарданд. Вале чанд вақт боз ягон хабари наве дар бораи ба Тоҷикистон бурдани мошинҳои дуздӣ ба даст нарасида буд.

Пештар дар  хабарҳо омада буд:

Масъулони Хадамоти марзбонии Полша (Лаҳистон) рӯзи 25-уми август хабар доданд, ки 59 нафарро ҳангоми ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади Беларус дастгир кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Полша, аксар афроди боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ироқ ҳастанд. Дар умум дар як рӯз марзбонони Лаҳистон аз 100 мавриди кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ кардаанд.

Украинаву Беларус бо Полша – кишвари узви Иттиҳоди Аврупо – марзи муштарак доранд. Дар давоми ду-се соли охир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ин қаламравро бо ҳадафи роҳ ёфтан ба Аврупо ва гирифтани паноҳандагӣ истифода кардаанд.

Идомаи матлаб дар: …  

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад