Нигаронии муҳоҷирон аз паёми раҳбари ҷамъияти тоҷикони Самара

Сунатулло Назриев, раҳбари Ҷамъияти тоҷикони Самара аз номи мақомоти вилояти Самараи Русия ба тоҷикони муқими ин минтақа, онҳое, ки шаҳрвандӣ доранд, мегӯяд, бояд то 25-уми феврал ба комиссариатҳои ҳарбӣ рафта, "барои пайвастан ба амалиёти махсуси ҳарбӣ" қарордод банданд.

Сунатулло Назриев, раҳбари Ҷамъияти тоҷикони Самара аз номи мақомоти вилояти Самараи Русия ба тоҷикони муқими ин минтақа, онҳое, ки шаҳрвандӣ доранд, мегӯяд, бояд то 25-уми феврал ба комиссариатҳои ҳарбӣ рафта, “барои пайвастан ба амалиёти махсуси ҳарбӣ” қарордод банданд.

Аммо дар паёмаш на танҳо ба тоҷиконе муроҷиат мекунад, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, балки умуман ба муҳоҷирон паём медиҳад ва аз номи мақомоти рус ба онҳо шаҳрвандии осони ҳамаи аҳли оила ё депортатсияи якумрӣ бо ҳама аҳли оила ваъда мекунад.

Ин паёми савтӣ ҳафтаи гузашта дар гурӯҳи вотсапии муҳоҷирон дар Самара нашр шуд ва баъдан муҳоҷирон онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд.

Дар посух ба нигаронии муҳоҷирони тоҷик Сунатулло Назриев мегӯяд, бо дархости мақомоти рус сухани онҳоро ба муҳоҷирон расондааст, вале ӯро нодуруст фаҳмидаанд. Ӯ мегӯяд, манзураш танҳо тоҷиконе ҳастанд, ки шаҳрвандии Русияро доранд.

Холназар Давлаталиев, муҳоҷири 34-солаи тоҷик, ки дар Самара сабти иқомати доимӣ дорад, мегӯяд, ҳоло гуфугузор аз ин аст, ки манзури раҳбари “ҷамъияти тоҷикон” аз расонидани паёми мақомоти маҳаллӣ чӣ буд.

Вай гуфт:

“Албатта, нигаронӣ дорам, чун намехоҳам, ман ва ё дигар бародарони тоҷикро ба ин ҷанг баранд ва қурбонӣ кунанд. Ба фикрам, ин як намуд фишор овардан ба тоҷикон аст, то бисёртар барои ба хизмату ҷанг розӣ шаванд”.

Раиси ҷамъияти тоҷикон дар паёми садоӣ ба таъкид мегӯяд, дар як ҷаласае дар Самара мақомоти вилоят аз ӯ хостанд, ба тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, бирасонад, ки афроди аз 25 то 60-сола бояд барои бастани қарордод ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд. Дар акси ҳол, рейди шадиде дар вилоят шурӯъ мешавад ва афроди саркаш эҳтимол аз кишвар хориҷ шаванд.

Назриев таъкид мекунад:

“Онҳо гуфтанд, мо афсона нагуфта истодаем ва шумо ҳам ба мо афсона нагӯед. Гуфтанд, ҳозир қарори махсус аст. Ин гапи ман нест, ҳарфи ҳукуматдорони вилояти Самараро ба шумо расонида истодаем”.

Холназар ва дигар муҳоҷирони тоҷикро бештар ин гуфта нигарон кардааст, ки раиси ҷамъият мегӯяд, тоҷикон дар Самара танҳо ду роҳ доранд. Раиси ҷамъияти тоҷикони Самара аз номи мақомоти вилоят дар он сабти садо мегӯяд, “гуфтанд, ба онҳо фаҳмонед, ки ду вариант аст, ё омада контракт мекунанду Украина мераванд ё ин, ки агар накард, дар рейд меафтад ва бо оилааш ихроҷ мешавад.”

Сунатулло Назриев, раиси “Ҷамъияти тоҷикон дар Самара” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзӣ 12-уми феврал гуфт, дар як ҷаласаи мақомоти ин вилоят дар бораи “ВСО” ё “амалиёти махсуси ҳарбӣ” (Русия аз ҷанг дар Украина чунин ном мебарад), суҳбат шуд. Ӯ гуфт, мақомот раҳбарони ҷамъиятҳоро аз эҳтимоли оғози як рейд ё тафтиши фарогире дар сохтмону мағозаҳо огоҳ карданд.

Муроҷиати савтиро ӯ баъди ширкат дар ин ҷаласа сабт карда, ба гурӯҳҳои вотсапии тоҷикони вилоят ирсол кардааст. Ӯ ба таъкид мегӯяд, муҳоҷирон ӯро нодуруст фаҳмидаанд ва ҳадафаш даъват ба ҷанги Украина набуд.

Ин муроҷиат, ба гуфтаи ӯ, танҳо ба тоҷикистониёне рабт дошт, ки шаҳрвандии Русияро доранд ва бо талаби мақомоти Русия бояд худро дар қайди ҳарбӣ гузоранд. Ӯ гуфт, ин паёмаш даъват нест, балки муҳоҷиронро огоҳ кард.

Бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, муроҷиати раиси ҷамъияти тоҷикон, чун даъват ба ҷанг садо дода, дар он на фақат ба шаҳрвандони Русия, балки умуман ба муҳоҷирони тоҷик муроҷиат шудааст. Сунатулло Назриев, тасдиқ мекунад, ки дар ҷаласа гуфтанд, муҳоҷирони меҳнатие ҳам, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, аммо бо иҷозатнома дар Русия кору фаъолият доранд, метавонанд, бо қарордод ба артиши Русия қабул шаванд, аммо ба гуфтаи ӯ, таъкид шудааст, ки ин кор ихтиёрӣ сурат мегирад ва дар он сурат ҳамаи аҳли оилаи муҳоҷир зуд шаҳрвандии Русияро мегиранд. Дар ин муҳтаво таҳдиди мақомоти вилоят ба ихроҷи якумрии шахс бо тамоми аҳли оилааш, ки Назриев паҳн мекунад, фарқи байни шаҳрвандони Русия ва умуман муҳоҷиронро мегӯяд.

Даъвати мақомоти Самара аз муҳоҷирони тоҷик барои пайвастан ба артиш ва ҳушдор аз ташкили як рейди густарда дар ҳолест, ки дар ин ва дигар минтақаҳои Русия моҳҳост рейду тафтишҳо алайҳи муҳоҷирон идома дорад. Мақомоти Русия дар ин рейдҳо муҳоҷиронеро, ки шаҳрвандии Русияро доранд, муайян ва ба қайди ҳарбӣ мегиранд.

Таҳлилгарон ва худи муҳоҷирон инро як роҳи ҷалби онҳо ба ҷанги Украина медонанд. Дар пайи чунин рейдҳо ба даҳҳо муҳоҷири тоҷики дорои шаҳрвандии Русия даъватномаи ҳарбӣ пешниҳод шудаву садҳо каси дигарро хориҷ карданд.

Сунатулло Назриев, раиси ҷамъияти тоҷикон, ки пайёми садоияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурбаҳс шудааст, мегӯяд, дар ин минтақаи Русия беш аз 40 ҳазор тоҷикон кору зиндагӣ доранд ва дар як соли ахир 7 ҳазор нафар соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шудаанд. Қаблан ин омор ба якуним ду ҳазор баробар будааст.

Ширкат дар “ҷангҳои бегона” барои Тоҷикистониён пайомадҳои ҷиноятӣ дорад ва аз сӯйи дигар тибқи қонунҳои Русия тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии ин кишварро доранд бояд ба артиш сафарбар шаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад