Бархӯрди таҳқиромез бо муҳоҷирони корӣ дар Русия

Саҳнаи нави бархӯрди таҳқиромез бо муҳоҷирони корӣ дар Русия бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро хашм кардааст.

Саҳнаи нави бархӯрди таҳқиромез бо муҳоҷирони корӣ дар Русия бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро хашм кардааст.

Нерӯҳои амниятии Русия рӯзи 17-уми январи имсол дар Екатеринбург ҳангоми амалиёт муҳоҷиронро маҷбур кардаанд, ки нишаста роҳ бираванд.

Ба иттилои саҳифаи “Руссккая обшина Екатеринбурга” дар Телеграм, маъмурони пулис ба маҳалли сохтмоне даромада, ҳуҷҷати 150 муҳоҷирро тафтиш карданд.

Манбаъ навишт:

“8 нафар ба гумони нақзи қонуни муҳоҷират боздошт шудаанд “.

Кормандони қудратӣ баъзе аз муҳоҷирони дигарро маҷбур кардаанд, ки ба зону зананд ва дар як саф роҳ бираванд.

Маълум нест, муҳоҷирон аз кадом кишвар ҳастанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, таҳқири коргарони хориҷӣ ба тарзи маъмулии рафтори ходимони ҳифзи ҳуқуқ дар Русия табдил шудааст, чун медонанд, ки барои чунин корашон ҳеч гоҳ ҷазо намебинанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Раисҷумҳури Русия зимни ишора ба ниёзи кишвараш ба муҳоҷирони корӣ ба зарурати эҷоди шароити инсонӣ барои онҳо ва хонаводҳҳояшон таъкид кард.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мавриди муҳоҷирони корӣ гуфт: муҳоҷирон бояд ба қонунҳои Русия ва сунани мардуми ин кишвар эҳтиром бигузоранд ва мақомоти марбута бар риояти ин заруратҳо назорат кунанд.

Раисҷумҳури Русия, дар айни ҳол, бар зарурати эҷоди шароити инсонӣ барои муҳоҷирон изҳори назар кард; зеро бинобар суханони вай Русия ба онҳо ниёз дорад.

Ба гуфтаи вай, Русия набояд фарзандон ва ҳамсарони муҳоҷиронро аз назари иҷтимоӣ раҳо кунад, зеро ин масъала паёмади хубе нахоҳад дошт.

Вай дар ин росто, хостори расидагӣ ба мушкилоти ин даста аз муҳоҷирони корӣ шуд.

Гуфтанӣ аст, ки Русия ҳадафи аслии муҳоҷирати кории бахши умдае шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад