Ал-Ҳавсӣ: Амрико барои куштани занону кӯдакони Ғазза, 25 ҳазор тонна бомба ба Исроил дод

  Раҳбари маънавии инқилоби Яман бо баёни ин ки кишварҳои ғарбӣ бо кушандатарин ва пешрафтатарин васоили қатлу куштор аз Исроил ҳимоят мекунанд, гуфт: Амрикоиҳо 25 ҳазор тонна бомба дар ихтиёри саҳюнистҳо қарор додаанд то занону кӯдакони Ғаззаро бикушанд.

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳавсӣ раҳбари маънавии инқилоби Яман ва ҷунбиши Ансоруллоҳ, имрӯз панҷшанбе, дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа суханронӣ кард.  Ӯ гуфт, ки ҳимоятҳои ин кишвар аз мардуми Ғазза ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Ал-Ҳавсӣ бо ишора ба ин ки режими саҳюнистӣ дар нуздаҳумин ҳафтаи паёпай, ҳамчунон дар ҳоли идома ваҳшигарӣ ва ҷиноят дар Ғазза аст, гуфт: Душман дар ҳоли анҷоми анвои ҷиноёт аст ва кишварҳои шарур низ бо кушандатарин ва пешрафтатарин васоили қатл ва куштор аз он ҳимоят мекунанд.

Вай бо баёни ин ки Амрико, Англис ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ, бомбаҳои вайронгар ва мушак ба Исроил додаанд, баён кард: Аз ин бомбаҳо барои муқобила бо артишҳое истифода мешавад, ки таҷҳизоти низомии зиёде дошта бошанд, вале бар рӯйи сари занон ва кӯдакони Ғазза рехта мешавад.

Раҳбари инқилоби мардумии Яман ҳамчунин гуфт: Агар ҳимояти Амрико набуд, Исроил ин ҳаҷм аз ҷиноятро дар Ғазза анҷом намедод. Амрико масъули аслии нобудӣ ва ҷиноят дар Ғазза аст.

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба интиқоли беш аз 25 ҳазор тонна бомба аз Амрико ба Исроил барои куштор занон ва кӯдакон дар Ғазза, баён кард: Амрико дар ҷосусӣ ва додани иттилоот ба Исроил, бевосита даст дорад. Амрико ҳатто ба бархе аз кишварҳои минтақа фишор меорад то мавқеи манфӣ нисбат ба мардуми Ғазза дошта бошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад