Афзоиши содироти барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар

Оҷонсии омор мегӯяд, соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 110 миллион доллар барқ содир кардааст. Содироти барқ назар ба соли 2022, 4 дарсад зиёд шудааст.

Оҷонсии омор мегӯяд, соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 110 миллион доллар барқ содир кардааст. Содироти барқ назар ба соли 2022, 4 дарсад зиёд шудааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбари Оҷонсии омор 14-уми феврал баъди пойфишории хабарнигорон маблағи фурӯши барқ ба хориҷаро эълон кард. Нурмаҳмадзода афзуд, соли гузашта барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, Узбекистон ва Қазоқистон содир шудааст.

Рӯзи 13-уми феврал ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки соли 2023 аз Тоҷикистон ба хориҷ 2,6 миллиард киловат соат барқ фурӯхта шудааст. Аз ин 1,6 миллиард ба Афғонистон ва боқимонда ба Узбекистон ва Қазоқистон содир шудааст.

Роҳбари Оҷонсии омор афзуд, ба ҷуз содирот, соли гузашта Тоҷикистон аз берун 18,6 миллион киловат соат барқ ворид кардааст. Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, барқ аз Узбекистон ва Қирғизистон ворид шудааст.

Интиқоли барқ ба хориҷ дар шароите, ки мардуми Тоҷикистон бо маҳдудият барқ мегиранд, интиқодҳоро ба миён овардааст. Феълан сокинони деҳоти Тоҷикистон шабонарӯз фақат 8 соат барқ мегиранд. Аммо мақомот гуфтаанд, нерӯи барқ ба хориҷа асосан дар фасли тобистон ва дар вақти зиёд будани об фурӯхта мешавад. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбари Оҷонсии омор ҳам гуфт, барқ асосан дар мавсими тобистон содир мешавад. Аммо шубҳаву гумонҳо ба ин ҳарфҳои мақомот зиёд аст.

Сокинон дар деҳоти Тоҷикистон аз тирамоҳи соли гузашта шикоят доранд, ки барқро бо маҳдудият дастрас мекунанд. Мақомот эълон карданд, ки бо сабаби кам будани об дар обанборҳо барқи кам истеҳсол мешавад ва маҳдудият ҷорӣ кардаанд, вале сокинон ба ин бовар надоранд ва мегӯянд, ҳаққи барқи онҳо ба кишварҳои беруна фурӯхта мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Сокинони навоҳии Суғд мегӯянд, бо наздик шудани фасли зимистон дар деҳотҷойҳо ҳарорати ҳаво сард шудааст, вале мушкили барқрасонӣ аз сар гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи сокинон ду моҳ ба ин тараф дар деҳоти Суғд ҳам шаб ва ҳам рӯз барқ қатъ мешавад.

Ромизи Фаррухзод, сокини ҷамоати Ашт дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳдудияти барқ дар деҳаҳо то ҳанӯз идома ёфта, рӯзона 9 соат ва шабона то 7 соат барқи манзили онҳо хомӯш қатъ мешавад.

Сокини ноҳияи Ашт изҳор намуд:  идомаи матлаб дар …

Ҳамчунин пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мушкили соҳаро ба ҷой доштани талафоти нерӯ, камбуди идорӣ, фасоди молӣ ва афзоиши талабот рабт дод.

Соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад.

Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, афзуд, тавлидоти барқ дар қиёс бо соли пешӣ наздики 800 млн.кВт соат зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар ин давра ба 2,5 млрд кВт соат расидааст, ки беш аз 118 млн кВт соат зиёд мебошад, иттилоъ доданд масъулини энергетика.

Ба суоли рӯзноманигорон, ки чаро бо вуҷуди афзоиши тавлидоти барқ мушкили камбуди барқ барои аҳолӣ бартараф намешавад, вазир изҳор дошт, ки ҳамзамон талабот низ дар ҷумҳурӣ ба барқ зиёд мегардад.

Вай аз рушди 8-дарсадии ҳарсолаи иқтисодиёт, бунёди иншооту биноҳои бузург дар ҷумҳуриро ҳамчун далели зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ зикр намуд.

Аз ҷумла зикр кард, ки талаботи шабонарузӣ дар сармои зимистони имсола 81 млн кВт соатро ташкил дод, ки ин ҳам нисбати нишондодҳои солҳои қаблӣ зиёд аст.

Далер Ҷумъа ҳамчуни ҷой доштани талафоти нерӯ, камбуди идорӣ, фасоди молӣ ва омили инсониро эътироф кард, ки боиси камбудиҳо дар соҳа мебошанд.

Вазири энергетика муҳим хонд, ки барои қонеъ намудани талабот бояд тавлидотро боз ҳам бештар карду дар ин самт нияти истифода аз нерӯи боду офтобро зикр намуд.

Ба иттилои Далер Ҷумъа Тоҷикистон азм дорад, то соли 2030 боз 800 мВт соат нерӯи барқро аз ҳисоби барқи офтобӣ ва бодӣ ба даст орад. Вай бартарии ин нерӯгоҳҳоро дар он хонд, ки бунёди онҳо вақти камро талаб мекунад.

Ҳамчунин масъулини энергетика таъмини пурраи кишвар бо барқ ва содироти онро бо фаъолсозии пурраи нерӯгоҳи “Роғун” рабт медиҳанд ва таъкид мекунанд, ки сохтмони ин иншоот бо ҷалби шарикони рушд суръат бахшида мешавад.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад