Сайидҳасан Насруллоҳ: душмани саҳюнистӣ давоми 130 рӯз ба ҳеҷ ҳадафаш нарасид!

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: душмани саҳюнист ҷуз интиқом гирифтани ваҳшиёна аз ғайринизомиён ва афроди бегуноҳ коре аз пеш набурдааст. Авзои сокинони Ғазза бояд виҷдони башарро ба ҳаракат дароварад.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: душмани саҳюнист ҷуз интиқом гирифтани ваҳшиёна аз ғайринизомиён ва афроди бегуноҳ коре аз пеш набурдааст. Авзои сокинони Ғазза бояд виҷдони башарро ба ҳаракат дароварад.

Ба нақл аз Ал-Аҳд, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар суханоне ба муносибати «рӯзи ҷонбоз» гуфт: имрӯз ба муносибати рӯзи ҷонбоз яъне рӯзи ҷонбозони муқовимат, ки бахши арзишманде аз фидокоронро ташкил медиҳанд, гиромӣ доштаем. Муносибати дувум ҳам ба Эрон муқовимат иртибот дорад, ки рӯзҳои зиёдеро дар зиндонҳо гузарондаанд. Бархе парвандаҳои асирони мо назди душман монанди асири Яҳё Скаф ҳоло ҳам ҳалнашуда боқӣ мондааст.

Посдорони Эрон такягоҳи ҳақиқии тамоми ҷунбишҳои муқовимат

Вай ҳамчунин бо ишора ба гиромидошти рӯзи посдор дар Эрон афзуд: ба бародаронамон дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Эрон рӯзашонро табрик мегӯем; касоне, ки ба ҳақ аз оғоз такягоҳи ҳақиқӣ ва ҳомиёни нерӯманди тамоми ҷунбишҳои муқовимат будаанд. Вазъияти кунунии меҳвари муқовимат ва қудрати он ба баракати инқилоби исломӣ муҳаққақ шудааст, ки дар чунин рӯзҳое ба пирӯзӣ расид.

130 рӯз аз шикасти душман мегузарад

Сайидҳасан Насруллоҳ баён кард: душмани саҳюнист ҷуз интиқом гирифтани ваҳшёна аз ғайринизомиён ва афроди бегуноҳ коре аз пеш набурдааст. Размандагони муқовимат дар Ғазза тайи 130 рӯзи набард ҳамосаи бузурге халқ карданд. Душмани саҳюнист дар таҳаққуқи аҳдофаш ноком мондааст.

Вай афзуд: ончи дар Ғазза рух медиҳад ва муҳосираи шадиди сокинонаш дар шароити сахт бояд, ки виҷдони башариро ба ҳаракат дароварад.

Насруллоҳ гуфт: 130 рӯз аз пойдории афсонаии муборизони муқовимат дар Ғазза, қаҳрамонҳои мӯъҷизавор ва сабри беҳамтои онон дар тайи таърих мегузарад ва аз сӯи дигар 130 рӯз низ аз шикасти Исроил ва нотавонии он дар таҳаққуқи ҳадафҳояш мегузарад. 129 рӯз низ аз ҳимоят, пуштибонӣ ва ҳамроҳии кишварҳои меҳвари муқовимат ва бисёре аз миллатҳои ҷаҳон мегузарад.

Вай идома дод: ба тамоми хонаводаҳои шаҳидон дар тамоми ҷабҳаҳои муқовимат, ки дар ин рӯзҳо ба шаҳодат расидаанд табрик ва таслият мегӯем ва аз Худованд барои маҷрӯҳон шифои оҷил талаб мекунем.

Воқеаҳои Ғазза бояд виҷдони ҷаҳониёнро ба ҳаракат дароварад

Насруллоҳ гуфт: иқдомоти мо дар ҷабҳаи Лубнон як масъулияти миллӣ ва дар ваҳлаи нахуст посухе ростин ба масъулияти имонӣ, ахлоқӣ ва динии мо аст. воқеаҳои Ғазза бояд виҷдони ҷаҳониёнро ба ларза дароварад ва онҳо бояд дар қиболи ин ҳамла ва фоҷеаи башарӣ эҳсоси масъулият кунанд.

Вай афзуд: шаклгирии режими ишғолгари Исроил решаи тамоми буҳронҳои минтақа аст ва таърихи Лубнон бар дурустии ин мавзуъ гувоҳ аст. Исроили қавӣ хатаре барои минтақа аст ва Исроили тарсӯ, ки бо боздорандагӣ мувоҷеҳ шудааст, хатари камтаре барои минтақа дорад.

Манофеи кишварҳои минтақа дар шикасти режими саҳюнистӣ аст

Насруллоҳ гуфт: дар бораи рухдодҳои Ғазза бояд гуфт, ки пеш аз манофеи миллии Фаластин, манофеи миллии кишварҳои минтақа дар шикасти режими саҳюнистӣ аст. Кушоиши ҷабҳаи Лубнон бо ишғолгарон дар дараҷаи нахуст манофеи миллии моро дар ҷилавгирӣ аз пирӯзии душмани саҳюнист ташкил дод.

Вай афзуд: ин, ки бархе мегӯянд манфиате дар иқдомоти мо дар ҷабҳаи Лубнон нест, худ як мушкил ва мавзӯи фоҷеаомез аст. Бархе тарафҳо, дастовардҳо ва пирӯзиҳо ҳар чӣ ҳам, ки бошад, аз пеши ҳукми худро содир кардаанд ва ончиро таҳаққуқ меёбад дастоварди хаёлӣ мехонанд.

Насруллоҳ гуфт: ин афрод дар нишастҳои дохилии худ ба таҳаққуқи дастовардҳо эътироф мекунанд, аммо ба сурати ошкор онро баён намекунанд. Бо вуҷуди таҳмили шикаст ба артиши режими ишғолгаре, ки «шикастнопазир» буд, бархе дар бораи манфиати муқовимат ба баҳс ва ҷадал мепардозанд. Мо бояд диққат кунем, ки ин кашмакаш ба даргириҳои мазҳабӣ наянҷомад; зеро ин мавзӯъ ба нафъи Исроил аст ва дар ҷиҳати манофеи миллӣ ва каромати миллии мо нест.

Вай афзуд: касоне, ки дар дараҷаи нахуст имрӯз борро дар ҷабҳаи Лубнон ба дӯш мекашанд ҳамватанони мо дар рустоҳои хатти пеши ҷанг ва сокинони ҷануб ҳастанд ва Лубнон низ бо онҳо эълони ҳамбастагӣ мекунад. Сокинони рустоҳои хатт пеши ҷанг касоне ҳастанд, ки меҷанганд ва фарзандони худро ба унвони шаҳид тақдим мекунанд. Бисёре аз шаҳидони мо аз сокинони рустоҳои хатти муқаддам ҳастанд. Аксарияти сокинони ҷануб ва рустоҳои хатти муқаддам бидуни дар назар гирифтани масоили мазҳабӣ, ирода ва тасмими худ дар ростои муқовиматро баён мекунанд ва ба сурати амалӣ онро пиёда мекунанд.

Хонаҳои вайроншуда дар ҷануб беҳтар аз қабл бозсозӣ хоҳанд шуд

Насруллоҳ гуфт: хонаҳои вайроншуда дар ҷануб беҳтар аз қабл бозсозӣ хоҳанд шуд. Пойфишории сокинони рустоҳои марзӣ дар ташйиъи шаҳидон дар ин рустоҳо ва дар баробари дидагон мавозеи ишғолии саҳюнистӣ ҳокӣ аз ирода ва интихоби гузинаи муқовимат аз сӯи онон аст. Ин муқовимат бо ин ҷонфишониҳо ва аҳолии ин минтақаҳо бо ин пойдорӣ касоне ҳастанд, ки аз Лубнон дифоъ мекунанд.

Режими ишғолгар ба далели вуҷуди муқовимат таваҷҷуҳи зиёде ба Лубнон дорад

Вай афзуд: ҷабҳаи Лубнон аз 129 рӯзи пеш гушӯда шуда ва ба шакли рӯзона хисоратҳои сангинеро ба душман ворид мекунад, аммо бо қоидаҳо ва ҳудуди мушаххасе меҷангад. Режими ишғолгар ба далели вуҷуди муқовимат таваҷҷуҳи зиёде ба Лубнон дорад ва ҷаҳон низ ҳайатҳоеро ба далели вуҷуди ҷабҳаи ҷануби Лубнон ба сӯи мо эъзом мекунад. Ин рухдод ҷойгоҳ ва вазни боздорандагиро ба исбот мерасонад ва собит мекунад, ки Лубнон дорои қудрати боздорандагӣ аст. Дидори ҳайатҳои ғарбӣ аз Лубнон танҳо як ҳадаф дорад ва он ҳам ҳимоят аз Исроил ва бозгардондани шаҳракнишинон ба шимол аст.

Насруллоҳ гуфт: ҳайатҳои ғарбӣ дар пешниҳодҳои худ ҳеҷ чизе дар мавриди рухдодҳои Ғазза ва ҷанг ва ҷиноят дар онро мавриди баҳс қарор намедиҳанд. Ҳайатҳои ғарбӣ хоҳони иҷрои иқдомоти дилхоҳи худ ҳастанд ва масъалаи сарзаминҳои ишғолӣ, тааррузҳои саҳюнистӣ ва масоили инчуниниро баён намекунанд ва рӯи амнияти Исроил тамаркуз доранд. Ин ҳайатҳо бо ба коргирии изҳороти исроилигуна талош доранд моро битарсонанд.

Вай афзуд: ҷабҳаи ҷануби Лубнон ҷабҳаи фишор, пуштибонӣ, мушорикат дар шикасти Исроил ва тазъифи он то ҳадде аст, ки бипазирад бояд ҳамла ба Ғаззаро мутаваққиф кунад. Ба онҳо мегӯем ҳарчи мехоҳед ба ҳарософиканӣ идома диҳед, зеро ин иқдомот ва ҳатто ба роҳ андохтани ҷанг алайҳи мо, ҳаргиз рӯи мо таъсир нахоҳад гузошт ва амалиёти моро мутаваққиф нахоҳад кард.

Насруллоҳ гуфт: Исроил буҳронзада аст ва дар ҷойгоҳе қарор надорад, ки шартҳоеро таҳмил кунад. Аз мавозеи эълонии расмии Лубнон мехоҳам, ки шартҳои бештареро ба қатъномаи 1701 изофа кунанд ва хоҳони иҷрои ин қатънома ба танҳоӣ набошанд. Лубнон дар мавзеи қудрат аст, ибтикори амалро ба даст дорад ва метавонад шартҳои худро таҳмил кунад.

Вай афзуд: фазои ҳарософикании азиме дар Лубнон ташкил шуда, ки сиёсатмадорон ва бархе шахсиятҳо дар он мушорикат мекунанд, то ҳадде, ки ба сатҳи инҳитоти ахлоқӣ ва поинтарин сатҳи мумкин расидааст. Бархе тарафҳо дар Лубнон аҳолии ҷанубро аз оғози ҷанг метарсонанд ва ин мавзӯъ ба манзилаи «асфал-ус-софилин» ва поинтарин сатҳи мумкин (аз ахлоқ) аст.

Насруллоҳ идома дод: бояд нисбат ба ҷанги равонии душман ва шоеаҳои расонаҳои иҷтимоӣ дар ростои ҳарософиканӣ дар миёни мардум ва таҳти таъсир қарор додани ирода ва мавзеи онони ҳушёр буд. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки бархе афрод дар расонаҳои иҷтимоӣ иттилооти ройгонеро дар ихтиёри душман қарор медиҳанд. Душман аз хеле вақт пеш аз ҷосусҳои худ бениёз шуда, зеро дастгоҳи шунуд (телефон) ҳамроҳи шумо аст, маҳалли ҳузуратонро мушаххас мекунад ва ҳама чизро мунтақил менамояд.

Мо дар ҷануб меҷангем, аммо чашмонамон ба Ғазза дӯхта шудааст

Вай афзуд: мо тамоми таҳаввулоти минтақаро думбол мекунем ва рӯй додани тамоми эҳтимолҳо мумкин аст. Мо дар ҷануб меҷангем, аммо чашмонамон ба Ғазза дӯхта шудааст. Ҳаргоҳ ҳамла ба Ғазза мутаваққиф шавад, ҷанг дар ҷануб низ мутаваққиф хоҳад шуд. Вазири ҷанги душман гуфта, ки кори худро дар ҷануб идома хоҳад дод ва такмил хоҳад кард; мо ба ӯ хушомад мегӯем ва кори худро дар ҷануб комил хоҳем кард.

Насруллоҳ гуфт: ҳаргоҳ душман ба иқдоме даст бизанад, мо низ дар чорчуби қоидаҳо ва муодилаҳо ба иқдом ва амал боз хоҳем гашт ва вокуниши мо муносиб ва ҳамвора коромад ва асаргузор хоҳад буд. Агар душман таҳдидҳои худ алайҳи моро амалӣ кунад бояд бидонад, ки садҳазор нафаре, ки шимолро тарк кардаанд, дигар ба он боз нахоҳанд гашт.

Дар набард бо душман мусаммамтар аз қабл ҳастем

Вай идома дод: ба ҳар кас, ки моро ба густариши ҷанг таҳдид мекунад мегӯям, ки ин мо ҳастем, ки иқдоми худро густариш хоҳем дод. Ҳаркас барои як лаҳза тасаввур мекунад, муқовимати Лубнон бо ин иқдомоти майдонӣ ва нерӯҳои қудратманд ҳатто барои як лаҳза эҳсоси тарс ва дастпочагӣ мекунад дар иштибоҳ аст. Муқовимат, имрӯз дар рӯёрӯӣ бо душман дар ҳар сатҳе, аз гузашта мутмаинтар ва мусаммамтар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад