Фиребкориҳои ғарб дар масъалаи Фаластин ва ҳушёрии муқовимати исломӣ

Муқовимат ҳаргиз аз шартҳои худ барои оташбас ақибнишинӣ нахоҳад кард ва дар ҳеҷ доме аз домҳои нишастҳои байналмилалӣ гирифтор нахоҳад шуд.

Як таҳлилгари барҷастаи Фаластин бо ишора ба инки тавофуқи ҳосил аз нишасти Париж дар бораи Ғазза доме аст, ки Амрико паҳн карда гуфт, 550 ҳазор низомии саҳюнист дар сайтара бар Ғазза шикаст хӯрданд ва муқовимат ҳаргиз аз шартҳои худ барои оташбас ақибнишинб нахоҳад кард.

Абдолборб Атвон, таҳлилгари барҷастаи фаластинӣ ва сардабири рӯзномаи фароминтақавии Раъйю-ул-явм дар ёддошти ҷадиди худ ба тарҳи матраҳшуда дар нишасти Париж, ки ахиран миёни ҳайатҳои қатарӣ ва мисрӣ ва саҳюнистӣ ва амрикоӣ дар бораи оташбас дар Навори Ғазза баргузор шуд, ишора карда ва навишт, то ин лаҳза раҳбари ҷунбиши Ҳамос дар Ғазза посухе ба проекти оташбаси ҳосил аз нишасти чаҳорҷонибаи руасои иттилоотии Қатар, Миср, режими саҳюнистӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Париж надодааст.

Тарҳи нишасти Париж бо ҳадафи наҷоти Исроил аст

Атвон афзуд, ба эҳтимоли зиёд ин тохир дар посухи муқовимат ба тарҳи мазкур, омидона буда ва агар қарор бошад муқовимат бо ин тарҳ мувофиқат кунад, ин мувофиқат машрут ба хуруҷи комили артиши ишғолгар аз Навори Ғазза ва таваққуфи доимии таҷовузҳои ин режим аст. Равшан аст, ки пешнависи проекти тавофуқи Париж дар ҷиҳати наҷоти режими ишғолгар ва эҳёи нуфузи аз даст рафтаи Амрико дар минтақа аст; баъд аз расидан ба ин натиҷа, ки нобудӣ ё шикасти Ҳамос ғайримумкин мебошад ва ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба инки ин ҷунбиш беш аз 80 дарсади таслиҳот, нируҳои дифоӣ ва тонелҳои худро баъд аз гузашти наздик ба 4 моҳ аз ҷанг ҳифз кардааст.

Бар асоси ин ёддошт, танҳо чизе, ки ин рӯзҳо Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ барои он барномарезӣ мекунад ин аст, ки бештарин теъдод аз асирони саҳюнистро озод кунад, то битавонад бидуни ҳеҷгуна фишори дохилӣ ва хориҷӣ, вақти худро сарфи такмили проекти оворагии мардуми Ғазза, сайтараи низомӣ бар ин минтақа, ғорати сарватҳои азими газӣ ва нафтии Ғазза ва анҷоми шаҳраксозиҳо дар ин минтақа кунад. Дар ин байн фиребкории Амрико барои иҷрои ин проекти саҳюнистӣ, бо матраҳ кардани иддаои ба расмият шинохтани кишвари мустақилли фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғаззаи халъи силоҳ шуда, ба авҷи худ расидааст.

Фиребкории ҷадиди Амрико бо иддаои ҳимоят аз ташкили кишвари мустақилли Фаластин

Абдолбори Атвон баён доштааст, ки Вазорати хориҷаи Амрико ахиран иттилооте фош кард мабнӣ бар инки Антони Блинкин, вазири хориҷаи ин кишвар дар ҳоли баррасии ба расмият шинохтани кишвари мустақилли фаластинӣ аст ва аз мушовирони худ хостааст, то намунаҳое аз кишварҳои халъи силоҳ шударо ҷиҳати улгугирӣ аз онҳо дар ташкили чунин кишваре барои Фаластин муаррифӣ кунанд. Як зарбулмасали роиҷ дар ин бора вуҷуд дорад, ки мегӯяд: «дурӯғро аз бузургии он метавонӣ бифаҳмӣ». Ин зарбулмасал дар бораи ҳамин иддаоҳои амрикоиҳо ва англисиҳо дар заминаи ҳимоят аз ташкили кишвари мустақилли фаластинӣ рост меояд.

Ин нависандаи фаластинӣ чунин идома дод, ки амрикоиҳо ва англисиҳо, ки дар канори ҳам дар ҷангҳои вайронгари Ховари Миёна ҳузур доштаанд, ин бор мехоҳанд доми ҷадидеро барои муқовимат ва миллати Фаластин паҳн кунанд, то бо дурӯғпардозии дубора ва таблиғи хаёлоти худ, пирӯзии бузургеро, ки фаластиниҳо дар 7-и октябри 2023, рӯзи анҷоми амалиёти Тӯфони Ақсо рақам заданд, нобуд карда ва ҳаҷми талафоти инсонӣ ва моддии режими саҳюнистиро коҳиш диҳанд. Дар ин байн чандин воқеият вуҷуд дорад, ки сиҳати гуфтаҳои моро собит мекунад:

– Нуктаи аввал ин аст, ки Маҷлиси намояндагони Амрико ахиран бо раъйи аксарият пешнависи мусаввабаи мамнуияти вуруди ҳамаи аъзои Созмони озодибахши Фаластин ва ҷунбишҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ ба Амрикоро тасвиб кард ва 422 нафар ба ин мусавваба раъйи мусбат доданд ва танҳо 2 раъйи манфӣ буд. Саволе, ки инҷо матраҳ мешавад он аст, ки Амрико чигуна аз барпоии кишвари мустақилли фаластинӣ ҳимоят мекунад, аммо дар айни ҳол аз вуруди ҳамаи аъзои Созмони озодибахши Фаластин ба Амрико, ки имзокунандагони тавофуқи «Осло» буданд ва режими саҳюнистиро ба расмият шинохта ва 80 дарсади заминҳои таърихии Фаластинро ба ин режим вогузар карданд ва 60 ҳазор нерӯро барои муҳофизат аз шаҳракнишинони саҳюнист ба кор гирифтаанд, ҷилавгирӣ мекунад?

– Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба унвони ҳомии қарордоди шуми Осло, ки 30 сол қабл дар боғи Кохи сафед имзо шуд, тайи 20 соли гузашта ҳамвора аз ҳаққи ветои худ дар Шӯрои амният истифода карда, то қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид барои эътои ҳаққи узвият ба Фаластин ба унвони як кишвар дар Созмони Милалро лағв кунад. Бинобарин ба назар мерасад агар Амрико бихоҳад кишвари Фаластинро ба расмият ҳам бишносад, онро дар архиви Созмони Милал нигаҳ хоҳад медорад ва дар ҳақиқат кишвари фаластинӣ барпо нахоҳад шуд.

– Давлати Амрико ҳамеша таъкид мекунад, ки ташкили ҳар кишвари фаластинӣ бояд бо тавофуқи ду тарафи исроилӣ-фаластини бошад ва албатта ин як кишвари ғайринизоми хоҳад буд, (кишвари халъи силоҳ шуда). Саволи мо ин аст, ки чигуна як кишвари фаластинӣ бидуни силоҳ ва қудрати низомӣ метавонад дар канори душман, ҳамзистӣ кунад; душмане, ки аз ҳеҷ ҷинояте алайҳи мардуми Фаластин дареғ намекунад ва бинобарин агар бихоҳад таҷовузҳои худро такрор кунад, фаластиниҳо дигар ҳеҷ силоҳе барои дифоъ аз худ нахоҳанд дошт.

– Ҳокими воқеии Амрико дар ин рӯзҳо Бенёмин Нетаняҳу аст, на Ҷо Байден. Ин масъаларо метавон ба роҳатӣ дар радди ҳамаи дархостҳои Амрико тавассути Исроил дар бораи ҷанги Ғазза мушоҳида кард. Амрико пештар мутааҳҳид ба иҷрои ҳамаи тавофуқҳо дар бораи оташбас дар Ғазза ва бозсозии ин минтақа аз ҷумла тавофуқи «Шарм-уш-ших» дар соли 2013 шуда буд, аммо ба ҳеҷ як аз тааҳҳудҳои худ пойбанд набуд ва ҳамчунон хонаҳо ва сохтмонҳои Ғазза, ки дар ҷангҳои қаблӣ вайрон шуда буданд, ба ҳамон шак боқӣ монданд.

 550 ҳазор низомии саҳюнист дар сайтара бар Ғазза ноком монданд

Абдолборӣ Атвон дар идомаи ёддошти худ таъкид кард, мо аз раҳбарони муқовимат дар Навори Ғазза, ки бузургтарин шикасти таърихиро ба режими ишғолгар аз 75 соли гузашта токунун ворид карданд мехоҳем, ки ҳамчунон ба ҳамаи шартҳои худ барои оташбас пойбанд бошанд ва ҳаргиз дар доме, ки созмонҳои иттилоотии амрикоӣ ва арабӣ паҳн кардаанд, наафтанд; зеро боризтарин аҳдофи тавофуқи ҳосил аз нишасти Париж, наҷоти Исроил аз шикаст ё коҳиши паёмадҳои он ва талош барои таҳмили шартҳои ин режим бар муқовимат аст. Ҳамчунин бояд ёдоварӣ кунем Амрико, ки ҳомии ин тавофуқ мебошад, ҳамон тарафе аст, ки ҳамроҳ бо муттаҳидони ғарбии худ натанҳо монеъ аз идомаи атҷоузҳои ишғолгарон алайҳи Ғазза нашуд, балки аз ин таҷовузҳо ҳимоят ҳам мекунад ва ҷанги гуруснагиро алайҳи беш аз 2 миллион нафар дар Ғазза ба роҳ андохта ва ҳатто монеъ расидани нон ва шири хушк барои кӯдакони Ғазза мешавад.

Дар идомаи ин ёддошт омадааст; пирӯзии муқовимат наздик аст ва 550 ҳазор низомии саҳюнист натавонистанд бар Навори Ғазза сайтара пайдо карда ва муқовиматро нобуд кунанд ва ҳамаи ин маворид сиҳати гуфтаҳои моро собит мекунад. Дар бораи мусаввабаи Маҷлиси намояндагони Амрико дар бораи мамнуияти вуруди аъзои Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ ба Амрико бояд таъкид кунем, ки Яҳё Синвор, раиси Ҳамос дар Навори Ғазза ва Зиёд Нухола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ ва ҳамаи генералҳо ва разамандагони муқовимат дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ҳеҷ аҳамияте ба ингуна иқдомоти Вашингтон намедиҳанд ва ҳаргиз ба фикри вуруд ба Амрико набудаанд; зеро онҳо орзӯ доранд, ки ба унвони шаҳид вориди биҳишти ҷовидон шаванд ва ин мусаввабаи Амрико барояшон хандаовар ва масхара аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад