Шароити фоҷиабори занони бордор ва навзодон дар Ғазза

Дарҳоле, ки ҳамаи мардуми Ғазза дар сояи идомаи таҷовузҳои ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ ва муҳосираи ваҳшатноке, ки алайҳи ин минтақа эъмол шуда, дар як шароити ғайри инсонии бесобиқае қарор доранд, дар ин миён занон беш аз ҳама дар маърази анвои осебҳо қарор доранд.

Дар ин замина созмонҳои ҳуқуқи башари Фаластин эълом карданд, ки бо нигаронии шадид авзои асафбори занон дар Навори Ғаззаро думбол мекунанд ва ҷанбаҳои бештаре аз ранҷи бузурге, ки мардуми мазлуми Ғазза ба вижа занони бордор ва касоне, ки бештар аз бақия ниёз ба муроқибатҳои беҳдоштӣ дорандро зери назар доранд.

Дар ҳоле, ки фоҷиаи инсонии ҳамаи ғайри низомиёнро таҳти таъсир қарор медиҳад, занони бордор ва навзодон аз осебпазиртарин гурӯҳҳо ҳастанд, ба вижа, ки системи беҳдоштӣ ва таҷҳизоти муроқибатҳои беҳдоштӣ дар Ғазза вуҷуди надорад. Ҳамалоти системотики ишғолгарони саҳюнистӣ ба муассисоти беҳдоштӣ ва ҳадаф қарор додани мустақим ва ғайримустақими бемористонҳо ва марокизи муроқибати аввалия, 83 бемористон ва маркази беҳдоштиро комилан аз кор андохта ва 150 муассисаи беҳдоштӣ ва 122 омбулонсро нобуд кардааст. Илова бар он токунун дасти кам 340 тан аз коркунони пизишкӣ ва 46 нафар аз тимҳои дифои маданӣ ба шаҳодат расидаанд.

Дар Ғазза, беш аз 60 ҳазор зани бордор ба далели набуди хадамоти беҳдоштӣ ва адами дастрасӣ ба хадамоти эмини зоимон дар хатар ҳастанд ва рӯзона беш аз 180 зани зоймон мекунанд, ки дасти кам 15 дарсади онҳо ниёзи мубрам ба муроқибатҳои беҳдоштии фаровон баъд аз зоймон дорад, дарҳоле, ки ҳеҷ имконе барои ироа хадамоти беҳдоштӣ ба ин занон дар сояи таҷовузоти душман ва муҳосираи сангин вуҷуд надорад.

Иттилооти ҷамоварӣ шуда нишон медиҳад, ки ҷони занони бордор ба далели нотавонӣ дар дастрасӣ ба марокизи беҳдоштӣ ва дармонӣ ва адами дарёфти муроқибатҳои лозим ба шиддат дар хатар буда ва чанд маркази беҳдоштие, ки токунун фаол мондаанд танҳо метавонанд ба заноне, ки шароити фавқи изтирорӣ доранд хадамот бидиҳанд, ки албатта ин хадамот ҳам бисёр маҳдуд аст. Аз сӯи дигар ҳатто омбулонс ҳам барои интиқоли занони бордор ба бемористонҳо ва марокизи беҳдоштӣ ва дармонӣ дар дастрас нест ва бисёре аз ин занон бо васоили ҳамчун ароба, ки тавассути чаҳорпоён ҳаракат мекунад ба марокизи беҳдоштӣ ва дармонӣ мунтақил мегарданд.

Бисёре аз занони маҷбӯранд бо пойи пиёда масофатҳои бисёр тӯлонӣ барои расидан ба бемористон ё марокизи беҳдоштиро тай кунанд ва бисёре низ маҷбӯр ба зоймон дар манозил ва чодарҳои оворагон мешаванд; Масъалае, ки модар ва ҷининро дар маърази хатароте аз ҷумла хунрезӣ, уфунат бо бемориҳои вирусӣ ва бактериёӣ қарор медиҳад. Ҳамчунин дар шароити ҷангӣ ва фишорҳое, ки модарон мутаҳаммил шудаанд бисёре аз онҳо ниёз ба сезориян доранд, аммо анҷоми ин амал бисёр хатарнок аст; Зеро таҷҳизоти лозим барои биҳушӣ вуҷуд надорад ва ҳатто пизишкон наметавонанд дастҳои худро зидди уфунӣ кунанд. Дар ин вазъият илова бар дарди ваҳшатноке, ки модарон дар амали сезориян бидуни беҳушӣ мутаҳаммил мешаванд, хатари бемориҳои уфунӣ низ барои онҳо вуҷуд дорад.

Баровардҳои сандуқи кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) нишон медиҳад, ки 20 ҳазор навзоди як рӯза то 6 моҳа дар Навори Ғазза ниёзи ҳатмӣ ба шири хушк доранд. Занон ва навзодон ва кӯдакони хурдсол бештарин осебро аз ҳамлаҳои ишғолгарони саҳюнистӣ дидаанд ва пушак ва шири хушк ё ёфт намешавад ё қимати он ба андозае зиёд аст, ки бисёре тавони хариди онро надоранд.

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад